«Занон дар шоҳрохи Ваҳдат» таҳти чунин унвон чорабинии хотирмон дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ доир гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр ташкил гардида, дар он бонувонӣ фаъоли ҷомеа, бонувони ҷавон, олимон, кормандони идораву сохторхои гуногун иштирок доштанд.
Чорабинӣ бо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми тавъам гардида, оғози он аз намоиши гӯшаҳо бахшида ба ҳунар, ки аз ҷониби кӯдакистонҳои маркази вилоят ташкил гардид, шурӯ гардид. Дар оғози чорабинӣ, дар баробари ташкили гӯшаҳои ҳунармандӣ, инчунин рақсу сурудхонӣ манзури меҳмонон гардонида шуд.

Дар толори калони мащомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бошад, бо иштироки раиси шаҳри Хоруғ ва олимони ҷавону собиқадорони меҳнат, бобати Ваҳдати комили миллӣ ва нащши бонуи тоҷик дар таҳкими Ваҳдат ибрози андеша шуд.  ҳар як бонуи дар ин ҷамъомад сухангуфта, нахуст аз фазои ободу ваҳдатороии Ватан шукргузорӣ мекард. Талошҳову заҳматҳои Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ва хаммаслакони ӯ, ки дар роҳи устувории ин неъмати беназир ба харҷ дода шуда буданд, баррасӣ гардиданд.
Таърих гувоҳ аст, ки  фарҳангу ҳастии  миллати тоҷик ваҳдатороиву ваҳдатсароист.  Пиндору гуфтору кирдори нек, ки   сарманшаи низ онҳо Ваҳдат аст, хамщадами ҷовидонии миллати тоҷик дар тӯли асрҳо мебошад.   
Садсолаҳо паси сар мегарданд, вале Вахдати таърихии миллати тоҷик бо номи асосгузорӣ он, фарзандӣ сарзамини бузурги тоҷикон Эмомалӣ Рахмон то рафт бештар рабт гирифта умри ҷовидона дорад.
Ба ёди шоҳкорриҳои Пешвои миллат Эмолмалӣ Рахмон, ки дастони пурэҷоз ва тинати пурэчоди ӯ миллатро сарчамъ намуд, шоҳномаҳо эчод хоханд шуд, ки ҳар як назму насри онҳо тарбиятгари наслҳои минбаъдаи миллат хоҳанд буд, қайд намуданд иштирокдорони ин ҷамъомад.