Дар моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот», омадааст, ки машруботе, ки сертификати мутобиқат, маълумот дар бораи истеҳсолкунанда, борхат ва дар натиҷаи ташхис номутобиқ ба талаботи Ҳуҷҷатҳои Меъёрӣ Техникӣ  мебошад  нобуд карда мешаванд.
Бо ҳамин сабаб аз тарафи Раёсати СМС ва НС ВМКБ рейдҳои пай дар пай дарякҷоягӣ бо мақомотҳои дигар гузаронида шуда дар натиҷа 2244 шиша арақҳои пастсифат аз муомилот гирифта шуданд, ки  таърихи аз 15.12.2017  то 19.12.2017 сол дар ҳузури комиссияи ваколатдори вилоятӣ  2244 шиша арақҳои тамцаи гуногун ва дар партовгоҳ несту нобуд карда шуданд.

Ҷарайёни нобудсозӣ аз тарафи наворбардори телевизиони маҳалли сабт гардида, дар барномаҳои ахборотӣ манзури манзури тамошобинон бо шарҳи ҳолати воқеъи гардонда шуданд.