Ҷумъаев Ҷумъа Шофақирович 1 октябри соли 1982 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хоруғро аз рўи ихтисоси менеҷмент ва маркетинг, соли 2006 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи шаҳри Душанбе бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2012 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия аз рўи ихтисоси менеҷер дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ба итмом расонидааст.
Солҳои 2004 - 2007 дар вазифаҳои мудири бахши махсуси дастгоҳи раиси ВМКБ, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ кор кардааст.
Аз моҳи сентябри соли 2007 то 2010 мудири шўъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва сармоягузории шаҳри Хоруғ ва аз соли 2010 то моҳи сентябри соли 2012 сармутахассиси Раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз соли 2012 то моҳи майи соли 2013 мудири шўъбаи саноат, энергетика ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва аз моҳи майи соли 2013 то инҷониб муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ кор карда истодааст.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва ҳамзамон, вакили Маљлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ даъвати панҷум (солҳои 2015 - 2020) мебошад.
Оиладор, соҳиби се фарзанд.