Вохӯри бо сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ

     Гурӯҳи кории МИМҲД-и шаҳру вилоят вобаста ба  фаҳмондадиҳии нуқтаҳои асосии Паёми  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-декабри соли 2019 дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ.

          Гурӯҳи кори бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Райҳонбегим., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва роҳбита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Акрамов Анвар, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ Донаёрова Сабоҳат  ва мудири бахни кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ Имомёрбеков Имомёрбек  оиди нуқтаҳои Паёми  Пешвои миллат инчунин  бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Ш. Шоҳтемур маҳаллаи Тем ва Ҷамоати шаҳраки И. Сомонӣ маҳаллаҳои Табобатхона ва Шарифобод низ суҳбат ороста,  доир ба нуқтаҳои асосиие, ки дар Паёми навбати аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат садо доданд, диқати зарури дода ҳозирин ва тамоми сокинони шаҳри Хоруғро дар ҳамал татбиқ намудани нуқтаҳои калидӣ даъват намуданд.

     Мавлобахшзода Райҳонбегим қайд намудданд, Паёми имсолаи Роҳбари мамлакат барои сокинони шаҳри Хоруғ ва вилояти  навидҳои зиёде овард.  Аз ҷумла азнавсозии роҳи автомобилгарди  Қалъаи –Хумб- Ванҷ, ки минтиқаи куҳсор ва душворгузар мебошад, имсол оғоз мегардад, ки барои таъмири он 220 миллиард доллар ҷудо гардидааст ва оғози кор дар НОБ-и Себзори ноҳияи Роштқалъа ва то соли 2022 ба истифода додани ин НОБ боз чандин сокинони мо соҳиби кори доимӣ мегардад, ки ин барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии хеш мусоидат менамояд.

     Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва роҳбита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Акрамов Анвар диққати ҳозиринро бар он равона сохтанд, ки дар Паёми имсола зикр карда шуд, барои пешрафти соҳаҳои  илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонида шудаанд.

   Мо шоҳиди ин гуфтаҳо ҳастем, ки дар шаҳри Хоруғ  сохтмон ва таъмири  чандин муассисаҳо, кӯдакистонҳо, дорухонаҳо нуқтаҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд.

        Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, ҳамеша дар зери таваҷҷӯҳи Роҳбари Олии мамлакат қарор дошта, тамоми имкониятҳо дар ин самт  рӯйи кор омадаанд. Ин имконият танҳо барои фарзандони мову Шумо барои таҳсили хуби якояки толибилмон ва дар оянда соҳиб маълумот гардидани онҳо мебошад.

        Инчунин, мудири  шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ Донаёрова Сабоҳат  зимни баромади худ диққати ҳозиринро ба он равона намудаанд, ки ободкори ва созандаги мароми яко яки мо аст. То ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ чандин иншоотҳои замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Имрӯзҳо шаҳри Хоруғ бо табиати нотакрори худ, диққати чандин ҳазор сайёҳони хориҷӣро ба худ ҷалб намудааст.   Мо бояд Паёмро сармашқи кори худ қарор дода барои пешрафту ободии ин сарзамин кушиш ба харҷ диҳем.

 

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор