ПАЁМИ ТАБРИКОТӢ.

                                           Паёми табрикотии раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ дар таҷлили ҷашни  байналмилаллии «Наврӯзи Аҷам»

 

         Ҳамдиёрони азиз имрӯзҳо мардуми фарҳангсолори  тоҷик дар остонаи иди бузургу бостонии миллиамон – Наврӯзи хуҷастапай, ки бо  таровату нафосат ва озодагиву фазилатҳои неки худ дар мулки ободи мо сайр дорад, бо роҳи болида ва шодиву нишоти наврӯзӣ қарор дорад.

       Наврӯзи Аҷам аз даврони бостон то ба имрӯз чун ҷашни соли нави миллӣ ва тантанаи ваҳдати инсону табиат дар дили мардум беҳтарин орзуҳои созандагиро бедор карда, бо қудуми худ ҳар сол ба хонадони мо хушҳоливу шодмонӣ ва файзу баракати тоза меорад.

         Воқеан суннату ситоиши парастиши баҳор, фазилати анҷуманороӣ ва гирди хони наврӯзӣ бо нияти хайр нишастан дар шоҳкории беназири  фарҳанги ниёгони мо «Авесто» аз мавзӯъҳои асосӣ мебошад.

         Ҷашни Наврӯз ҳар сол  бо як шукӯҳ ва  шаҳомати ба худ хос ба диёри азизамон ворид мегардад. Хушбахтона ин ҷашни бостонӣ бо ташаббусу пешниходи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо Ташкилоти илмию фарҳангии ЮНЕСКО мақоми байналхалқӣ гирифта, доираи таҷлили он боз ҳам васеътар гардид.

         Дар олам мисли Наврӯз кам ҷашнҳое вуҷуд доранд,ки  русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷики таҷлил намоянд.

         Боиси ифтихор аст, ки сокинони шаҳри Хоруғ низ ҳамасола ин ҷашни дилписанди солро бо шукӯҳу шодмонӣ, урфу одат ва анъанаҳои аҷдодии хос ба тоҷикони Бадахшон инчунин вусъат бахшидани корҳои  ободонию созандагӣ дар хонаву кошона ва маҳалу диёри худ бо манзили мусаффо истиқбол мегиранд.

         Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ дар арафаи ин ҷашн хеле бамаврид изҳор намудаанд «Наврӯзи куҳан имрӯз аз баракати истиқлолият, раванди демократикунонӣ,  афзудани худшиносии миллӣ  умри тоза ёфтааст  ва бо навою таронаи дилпазир, ҳампои рӯзгори нав дар Тоҷикистон зебоманзараи мо сайр дорад».

         Дар ҳошияи ин суханони Роҳбари давлат мардуми наҷибу бошарафи шаҳри Хоруғ ва кулли мардуми озоданажоди Тоҷикистони азизамонро  аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва шахсан аз номи худам ба ифтихори ин иди пурфайз ва дорои суннатҳои волои тоҷикон, самимона табрику таҳният намуда, ба ҳамагон тани сиҳат, кушоиши кор, бахту саодати зиндагӣ ва файзу баракати наврӯзӣ ва барои кишвари маҳбубамон Тоҷикистони офтобӣ, ки воқеан ватани Наврӯз мебошад, пешрафту шукуфоиҳоро таманно дорам.

         Бигузор, Наврӯзи имсола барои мардуми шарафманди Тоҷикистон, минҷумла шаҳри Хоруғ, соли пурфайзу бобаракат, авҷи корҳои созандагию бунёдкорӣ, дастоварду комёбиҳо ва хайру нишот гардад.

         Дар хотимаи сухан аз забони Саъдии ширинсухан бароятон гуфтаниам.

                                    Баромад боди субҳи бӯйи Наврӯз,

                                    Ба коми дӯстону бахти пирӯз.

                                    Муборак бодат ин солу ҳама сол!

                                    Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз!

Наврӯзи фарухпай ва ҳумоюнқадам муборак, ҳамдиёрони азиз!

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор