Номаи табрикотии раиси шахри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ба ифтихори 75-умин солгарди «Иди Зафар»

        Ҳамдиёрони азиз!

      Рӯзи Ғалаба як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати мост, ки дар он корномаҳои ибратомӯзи падарону бародарони калонсоли мо дар майдонҳои мудҳиштарин, ҷанги ҷаҳонии асри гузашта сабт шудааст.

         Ба ин муносибат ҳамаи шуморо ба ифтхори 75-солагии Иди Зафар, ки воқеан дар таърихи башарият санаи муҳим буда, шаҳодати торумор ва бартараф кардани як манбаи пуриқтидори хушунату зӯроварӣ ва зулму ситам дар ҷаҳон, яъне фашизм мебошад, табрику муборакбод менамоям.

         Дар мубориза  ба муқобили фашизми гитлерӣ ва нобуд сохтани ин зуҳуроти хунхори қудратҳои истилогари асри 20 дар баробари  тамоми кишварҳои тараққихоҳу сулҳпарвари ҷаҳон Тоҷикистони мо низ саҳми арзанда дорад. Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо  дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд.

         Дар таърихи инсоният «Рӯзи Ғалаба» чун рамзи ҷоннисориҳои мардуми шӯравӣ баҳри ба даст овардани якпорчагии кишвари азиз ва хоки муқаддас ҳамеша нақш хоҳанд гузошт. Корнамоии лоиқи ибрат, ҷавонмардӣ қахрамониву ватанпарастӣ ва ҷонфидоии онҳое, ки дар роҳи муҳофизати халқу Ватан далерона ҷангиданд, абадан дар таърих  сабт хоҳанд шуд. Дар арафаи 75-умин солгарди «Рӯзи Ғалаба» барои ҳар як фарзанди худогоҳу Ватандӯсти ҷомеа ҳам  қарз  асту ҳам фарз аст, ки   назарее ба шаҳкитоби таърихи гузаштаи хеш андозаду ба ҳар як заврақе, ки дар он  ҷоннисориҳои ҷанговарони далер нигошта шудаанд, аргҷузорӣ намояд.

         Ҳанӯз аз авали солҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар марҳилаи душвориҳои азими иқтисодӣ соли 1994 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармони якуми худро дар бораи беҳтар намудани некӯаҳволии модди иштирокчиён Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва  оилаҳои хизматчиёни ҳарбии ҳалокгардида ба имзо расонд.

         Бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии  иштирокчиёну маъюбон Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамсарони бесаробонмондаи  ҷанговарони дар ҷанг ҳалокгардида танҳо дар даҳ соли охир 12 амру фармони Президенти кишвар интишор ёфта, дар маҷмӯъ ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат намудааст.

         Худи Роҳбари давлат ғамхорӣ дар ҳаққи нафақахӯрон, махсусан иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз  вазифаҳои муҳими ҳукумат арзёбӣ намуда, борҳо дар баромади хеш қайд намуданд: «Мо ҳаргиз ба хору зор мондани  маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ роҳ намедиҳем. Зеро онҳо на танҳо дар назди Ватан, балки барои аҳли башар хизмати бузург намуда, инсониятро  аз таҳдидҳои  фашизми гитлерӣ, эмин нигоҳ доштанд».

         75 сол сипарӣ мегардад аз он айёме, ки ҷанговарони далери мо дар майдони муҳориба, паси сангарҳои мудҳиш муборизаи шадид барои ҳифзи ҳар як ваҷаби хоки муқаддас ва ояндаи дурахшони  халқи худ ҷоннисорӣ намуда, диравши пирӯзии мор сарбаландона барафрохтанд ва аз ин рӯз дар таърих  чун муҷассамаи ғалабаи некӣ бар бадӣ ҳамеша  нақш баст.

         Ғалаба барои халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ  бузургтарин тӯҳфаи  тақдир ва дастоварди беҳамтои таърих аст. Ин номаи сарнавиштсоз, ки бо номи «Ғалаба» муқаддас аст, бе мушкилӣ  ба даст наомад. Ин рӯзи некро  ки 20- миллион нафар  фарзандони гуногунмиллат собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ивази ҷони худ ба даст оварданд насли имрӯза  ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозад, балки корномаи шоёну ибрату ҷавонмардии онҳор дар зиндагӣ дастурии ҳамешагии хеш қарор медиҳанд. Дар баробари дигар ҳамяроқони худ зиёда аз 260-ҳазор  нафар ҷанговарони тоҷик ҷон ба каф гирифта, Ватани азизу  маҳбуби худро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшидаанд. Аз ҷавонмардон зодагони шаҳр Хоруғ буданд, ки номи онҳо дар сафҳаи таърих бо хатхои зарҳалин дарҷ гардидааст.

         Халқи мо абадан корнамоиҳои қаҳрамононаи родмардони Ватан Саидмир Абдураҳмонов, Мамалризо Ақназаров,  Тутишо Муминшоев, Сидқинуш Зуурбеков, Акрамҷон Раҳимҷонов, Соҳибназар Ғафуров, бародарон Абдулназару Бекназар  Ванҷаковҳо, Анвару Дилдор Шозодаэроновҳо ва чандин ватандӯстони дигар, ки баҳри озодӣ ҷон бохтанд, пос медоранд. Имрӯз гарчанде, ки ин абармардон дар байни мо набошанд ҳам, далериву шуҷоатмандии онҳо ҳеҷ гоҳ аз дилу хотираҳо зудуда намешаванд.

         Бояд зикр намуд, ки дар ақибгоҳ низ мардуми мо бо вуҷуди душворихои зиёд ба хотири таъмини артиш бо  хӯрок, либос ва дигар маводҳо заҳматҳои шабонарӯзи кашиданд. Зиёиёни ватанпараст ва бедордил аз рӯзҳои авали ҷанг  гурӯҳе бо силоҳ ва гурӯҳе бо қалм  ба дифои Ватан бархостанд. Шоирону нависандагон, олимону хабарнигорон муборизаи ҳақиқатҷӯёна ва адолатхоҳонаи халқро бар зидди фашизм дастгирӣ карда, бо эҷоди асарҳои  баландмазмун ҳам муборизони майдони корзор ва ҳам заҳматкашони ақибгоҳро рӯҳбаланд менамуданд.

         Иди Зафар дар китоби таърих барои мардуми сулҳпарвари ҷаҳон ҳам ҷашни шодию хурсандӣ ва ҳам саънаи ёдбуди хотираи неки шаҳидони роҳи озодӣ мебошад.

         Мо натанҳо имрӯз, балки ҳамарӯза эҳтироми онҳоро ба ҷо меорем ва дар назди онҳо, хотираи тамоми қурбониёни ҷанги зидди фашизми гитлерӣ ва онҳое, ки дар ҳимояи Ватан ҷоннисорӣ кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Корнамоӣ ва фидокориҳои чунин ҷавонмардон, насли имрӯзаи моро бештар ба дӯстӣ ва эҳтиром доштани Ватани азизи худ ҳидоят менамояд ва мо бояд бо садоқати  самимӣ дар ободии сарзамин, муҳофизати марзу буми муқаддаси он саҳмгузор бошем.

         Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори милли нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани азимзамон равона намояд.

         Бо ҳамин нияти нек, тамоми мардуми Тоҷикистони азизро ба муносибати «Иди Зафар» муборакбод гуфта, ба ҳамагон тансиҳатӣ, осудаҳолӣ ва рӯзгори хушу осударо орзумандам.

         75-умин солгарди «Рӯзи Ғалаба» муборак ҳамдиёрони азиз!

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор