ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

   

      Ҳамдиёрони азиз!

      Ҷавонони иззатманд!

         Имрӯз мардуми созандаи тоҷик дар арафаи таҷлили яке аз санаҳои муҳими замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон-таҷлили  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қарор доранд.

         Дар замони соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат, бахусус  Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боло бардоштани сиёсати давлатии ҷавонон равона гардида, имрӯз фаъолият ва саҳми онҳо дар пешбурди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ бараъло эҳсос мегардад.

         Воқеан имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф гардидаанд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат ҳалли мушкилоту масъалаҳои  ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон намудааст.  Зеро имрӯз Тоҷикистони мо аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи  асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд.

         Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи  чунин нерӯи бузург рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайри имкон аст.

         Бинобар ин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иштироки ҳамаҷонибаи ҷавононро дар раванди ободкорию созандагии шаҳри Хоруғ ҳамеша дастгирӣ намуда, барои  беҳтар намудани шароити таҳсилу касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

         Яке аз ҳадафҳои имрӯзаи Ҳукумати мамлакат ин ҷавонигардонии сохтору мақомоти давлатӣ мебошад, ки сол ба сол теъдоди ҷавонон дар идоракунии давлатӣ зиёд гардида, бо ин омил навгониҳои инноватсионӣ, истифодаи технологияи замонавӣ ва идоракунии муосир дар ислоҳоти соҳаҳои  иқтисодиву иҷтимоӣ ворид гардида истодаанд.

         Айни замон шумораи хизматчиёни давлатӣ дар  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр  зиёда аз 63%-ро ташкил медиҳад,  ки нисбати солҳои пеш хеле зиёд мебошад.

         Вобаста ба ин минбаъд низ тасмим дорем, ки дар самти ҷобаҷогузории кадрҳо  ба ҷавонони лаёқатманд ва ихтисосманду забондон бартарият диҳем.

         Дар вохӯрии худ бо ҷавонони мамлакат, ки 23 майи соли 2013 баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Ҳар як ҷавон бояд огоҳ бошад, ки дар оянда танҳо тавассути аъло донистани забонҳои давлатию хориҷӣ, инчунин истифодаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ пеш бурдани зиндагӣ ва дар ҷомеа мавқеъ пайдо кардан имконпазир мегардад».

         Тӯли чанд сол мо бо такя ба қувва ва иродаи ҷавонони бедордилу худшинос чандин нақшаву барномаҳоро  баҳри рушди иқтисодию иҷтимоии маркази маъмурии вилоят амалӣ намудем, ки ин аз саҳми ҷавонон дар ободии ин диёр шаҳодат медиҳад.

         Имрӯз мо саҳми ҷавононро  дар муътадил нигоҳ доштани  вазъияти баамаломада ва мубориза бо пешгирии бемории аср коронавирус хуб эҳсос менамоем. Зеро даҳҳо ҷавонони хештаншиносу миллатдӯст  фаъолияти ризокориро пеша намуда, ҳамарӯза дар хизмати табибону беморон қарор доранд, ки ин хизмати онҳо дар ин лаҳзаҳои барои миллатамон душвор қаҳрамонӣ ва шоҳкории азим ҳисоб меёбад.

         Мо бо ҷавонони худ ифтихор дорем ва баҳри бартараф намудани мушкилоти онҳо, сохта ба истифода додани толору майдончаҳои варзишӣ баҳри ҳидоят сохтани онҳо ба ҳаёти солим минбаъд низ тамоми  тадбирҳоро равона хорҳем сохт.

         Бо изҳори чунин ниятҳои нек тамоми ҷавонони шаҳри Хоруғ ва кишвари соҳибистиқлоламонро  ба муносибаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо ва умуман тоҷикистониён сулҳу оромӣ, бахту иқбол, баракати рӯзгор ва осмони ҳамеша софи Ватанро таманно дорам.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак ҳамдиёрони азиз!

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор