Хабарҳо

Хабарҳо (467)

Лидер партии ЛДПР Владимир Жириновский после заседания Государственной думы провел пресс-конференцию.

Таманиёти раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ  ба унвони ҷанговарони башардӯст ба муносибати 31- солагии хориҷ гардидани Қувваҳои Маҳдуди Иттиҳодияи Шӯравӣ аз хоки Афғонистон.

       Дар баробари аксарияти ҷумҳурияҳои аъзои  собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ  Тоҷикистони азизи мо хориҷ гардидани ҷузъу томҳои  низомии маъдуди шӯравиро аз хоки Афғонистон бо арҷгузориву қадридонӣ ва садоқат  ба Ватан таҷлил менамояд, зеро корнамоиҳои ҷангиву ҷонисориҳои  ҷанговарони башардӯст  аз хотираҳо берун   нахоҳад шуд.

         Пас аз он ки Муҳаммад Довуд роҳбарони Ҳизби Халқӣ-Демократии Афғонистонро ҳабс намуд, афсарони низомии ин ҳизб  27-апрели соли 1978 табадуллоти низоми карданд, ки дар натиҷа ба сари ҳокимият дар Афғонистон Шӯрои Инқилобӣ омад. Исолҳоти густурдае, ки аз аъзоёни ҳизби Халқи –Демократӣ  мехостанд бо тақлид  Иттиҳоди Шӯравӣ  роҳандозӣ намоянд, ба мушкилот ва мухолифати сахти рӯҳониён рӯ ба рӯ шуд. Ин буд, ки байни омма норозигиҳо ва шӯришҳои зиддидавлатӣ сар заданд. Ҳукумат қударат ва чораҳои аҳлли мушкилоти Афғонистонро наёфта, оқибат ба роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ   барои мадади низомӣ муроҷиат кард. Вуруди Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ   ба хоки Афғонистон ин нооромиҳои дохилӣ ва мудохилаи хориҷиёнро ба эътидол оварда натавонист. Дар натиҷаи фишорҳои созмонҳои байналмилалӣ  ва ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳбарияти нави Иттиҳоди Шӯравӣ   маҷбур шуд мувофиқи созишномаи Женева аз 15 майи соли 1986 то 15 феврали  соли 1989 қувваҳо маъдуди низомиро аз хоки Афғонистон  барорад. Имрӯз аз ин сана 31 сол  мегузарад. Рӯзи хориҷ гардидани Қувваҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ   як саҳифаи таърихи  миллати мост, ки дар он корномаҳои ибратомӯзи ҷавонони бо нангу номуси мо, бо тақозои  сиёсати давр, дар майдонҳои  мудҳиштарини ҷанги Афғонистон, бо назардошти маданият, забон ва урфу одат нисбат ба намояндагони дигар миллатҳои  ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ   аксариятро ташкил медод.

         Дар сатҳи баланди  сиёсӣ- фарҳангӣ ҷашн гирифтани ин рӯз ба ёди гиромидошти хотираи неки сарбозону афсарон, ба монанди қаҳрамонони  Иттифоқи  Советӣ Александр  Мироненко аз шаҳри Душанбе, Акрамов Набӣ Муҳаммадҷонович аз Истаравшан ва садҳо нафари дигар, ки берун аз мамлакатамон ҷонбозиҳо намуданд, қарзи шаҳрвандии мо мебошад.

         Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори 31- солагии хориҷ гардидани Қувваҳои Маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ   аз хоки Афғонистон табрику таъният гуфта, бароятон сулҳи ҳамешагӣ, саломатии бардавом ва дар корҳоятон тавфиқро таманно менамоям

      Вохӯрии роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои Низомии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо аҳолии маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят оғоз гардида, нахустин чунин вохӯри дар махаллаи Теми шаҳри Хоруғ доир гардид. Дар вохӯри бо сокинони ин маҳалла оиди самти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон тибқи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода- интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан рафт.

        Дар вохӯри бо сокинони маҳаллаи Теми шаҳраки Ш. Шоҳтемури шаҳри Хоруғ муовини сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Тоълезода Аъзам баромад намуда, аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт таъмини сулҳу суббот ва волоияти қонун, амнияти шаҳрвандон ва вазифаҳои муҳими мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор рафта, барқарор кардани ҳамкории мардум бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳарчи бештар ба роҳ монда щавад.

            Тоълезода Аъзам ҳамчунин қайд дошт, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо мақсади пешгири намудани конуншикани дар ҷомеа ва коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ аз вазифаҳои асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳисобида мешавад. Хамзамон ба вазъи ҷиноятсодиркуни дар қаламрави ВМКБ хусусан шаҳри Хоруғ сухан рафта, аз дастовардҳои даврони Истиқлолият дар мамлакат, сохтмони иншоотҳои бузурги аср неругоҳҳои барқии оби, сохтмон ва таъмири роҳҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротии терористию экстремистӣ ва хатари ҷаҳонии он ба амнияти кишварҳо, пешрафту тарақиёт ва ғамхориҳои ҳукумату давлат ба мардум таъкид намудаанд. Қайд гардид, ки дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, сокинони шарафманди ВМКБ метавонем, тартиботиҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон волоияти қонунро дар қаламрави вилоят ва шаҳр пурра таъмин намоем.

         Дар вохӯри инчунин ёрдамчии калони прокурори ВМКБ Носир Нафасбеков дар мавзӯи фаҳмондадиҳии талаботҳои Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Вакилон ба Маҷлисҳои вакилони халқ баромад намудаанд.

      Инчунин муовини якуми комиссари ҳарбии ВМКБ Давлатбеков А «Уҳдадориҳои умумии ҳатмии ҳарбӣ» сафарбарии ҷавонписарон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизмат ба Ватан –Модар баромад намуд. Чунин сӯҳбату вохӯриҳо минбаъд ҳам дар джигар маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят идома меёбанд

     Аз  таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 –феврали соли 1993, дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷимоӣ да ҳаёти кишвари тозаистиқлол  таъсис дод шуда, ҳанӯз аз солҳои нахустин аз имтиҳону озмоишҳои шадиди он айём гузашт ва тадриҷан ба нерӯи қудратманди низомӣ муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфт.

Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад.

     Тамоми афсарону сарбозони шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромуш насозанд, ки  фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол  бар ивази ҷони садҳо нафар  ҷавонмардони  бонангу номуси миллат ба даст омадааст.

   Ҳимояи неъматҳои муқаддасу бузургтарин – озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳими ҳар як фарди  бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва хушиносу худогоҳ, дар навбати аввал хизматчиёни ҳарбии  Қувваҳои Мусаллаҳ мебошанд.

    Дар Паёми навбатии Пешвои миллат қайд гардид, ки  хизматчиёни ҳарбиро  зарур аст, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва донишу малакаи  касбии худро  пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.

Имрӯз, Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи хоки худ истодагарӣ карда метавонад, ҷавонони бонангу бономус, родмардони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодианд.

   Имрӯзҳо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми  шароитҳо барои сарбозон фароҳам оварда шудааст. Ҳиссӣ баланди миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон аст, ки имрӯзҳо ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда хизмати Модар – Ватанро адо менамоянд.

    Боиси ифтихор аст, ки ҷавононписарони шаҳри Хоруғ низ дар қатори дигар фарзандони  баору номуси кишвар, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона хизмати Модар –Ватанро  адо намуда истодаанд. Ватандӯстии  ҷавонони шаҳри Хоруғ аст, ки дар даъватҳои солҳои охир  аввалин шуда ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ раҳсипор мегарданд. Қобилияти зикр, аст  ки аксарияти ҷавонмардон бо хоҳиши худ  ҳифзи  Ватан – Модар ва марзу буми  Ватани азизамон ихтиёр менамоянд. 

                                                                                                                                                                                                       

                                                                                                                                                                                                                                                                        Кишвар Амиршо

      Мувофиқи иҷрои талаботи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №490 аз 31.08.2009 « Дар бораи  тасдиқи Қойдаҳои  омодасозии аҳоли дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи  дорои хусусияти табии  ва технологӣ» ва Қарори  Раиси вилоят таҳти № 384 аз 19 ноябри соли 2019 «Дар бораи  тасдиқи Нақшаи пуррагардонии  шунавандагон дар Маркази таълимӣ-методии РАёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ барои соли 2020» имрӯз   дар толори хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ  бо комиссияҳои эвакуатсионии шаҳри Хоруғ машғулиятҳои омӯзиши оиди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.

          8.02.2020 Суҳбату вохӯрҳои гурӯҳи кории МИМҲД-и шаҳр вобаста ба  фаҳмондадиҳии нуқтаҳои асосии Паёми  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-декабри соли 2019 дар маҳаллаи Хӯфак баргузор гардид.

        Дар вохӯрии мазкур муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Р, раиси  Ҷамоати шаҳраки Ш.Шоҳтемур Расо Раҷабов, мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Акрамов Анвар иштирок доштанд.  Раҷабов Расо оиди Паёми навбатии Пешвои миллат суханрони намуда, сипас суханро ба муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Р доданд.

        Мардуми Бадахшон аз давраҳои қадим ба илму фарҳанг диққати зарурӣ дода, дар ин ҷода ба қуллҳои баланд  расидаанд. Илму маориф дар тамоми умри инсоният чизи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад қайд кард Мавлобахшзода Р. Шахсе, ки соҳиби илму маърифат аст, бешубҳа соҳиби обрӯву эътибори баланд дар ҷомеа пайдо мекунад. Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат ҳамеша диққати худро нисбати ин соҳа зиёд равона менамояд, то ин ки фарзандони мо дар оянда соҳиби маълумот гардида ба Ватани худ хизмати шоиста кунанд. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бори дигар таъкид гардид,ки  мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷкиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳараки бебаҳои ҳастиамон ҳифз намоем.

        Инчун, муовини раиси шаҳр Мавлобахшзода Р. доир ба интихоботи вакилони халқ ва сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикитон яъне даъвати баҳори маслиҳатҳо дода аз ҳозирин дар сатҳи баланд баргузор кардани ин ду маъракаи муҳими сиёси даъват ба амал овард.

      Акрамов Анвар мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр дар баромади худ зикр доштанд, Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ  мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони  қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем, омадааст дар Паёми навбатии Сарвари давлат.

         Мақсади ин гуфтаҳо он аст, ки мо бояд тарихи хешро ҳеҷ гоҳ фаромуш насозем ва аз корнамоиҳои бузурги гузаштагони худ бохабар  буда  ояндаро созем. Саҳми мо хусусан ҷавонон дар ободонии кишвар ва тараққиёти он  бояд зиёдтару бештар ба назар мерасад, зеро  дар Паёми худ Роҳбари давлат зикр доштанд.  Ҷавонони мо давомдиҳандагони  кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти  онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонанд.

    

       Суҳбату вохурҳои гурӯҳи кории МИМҲД-и шаҳр вобаста ба  фаҳмондадиҳии нуқтаҳои асосии Паёми  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-декабри соли 2019 дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ идома доранд.

      7.02.2020  гурӯҳи кори бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Райҳонбегим., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ Имомёрбеков Имомёрбек, сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдак   Гулбекова Г.,  намояндаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросим Саидмуродов Шамс, оиди нуқтаҳои Паёми  Пешвои миллат бо сокинони маҳаллаи Султони Валӣ  суҳбат ороста,  доир ба нуқтаҳои асосиие, ки дар Паёми навбати аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат зикр гардидаанд, баромад намудаанд.

   

       

Муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Р., зимни баромад қайд кардаанд, соҳаи илму маориф ҳамеша дар мадди аввали давлату ҳукумат қарор доранд. Дар Паёми навбатии  Пешвои миллат зикр гардид, ки имрӯзҳо  барои пешрафти  соҳахои илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем.

Агар хуб мушоҳида намоем, солҳои охир дар шаҳри Хоруғ муассисаҳои мактаби ва томактабӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки ин барои бехтар ба роҳмондани сатҳу сифати таълими хонандагон  мусоидат менамояд. Муовини раиси шаҳр қайд намуд бо супориши Сарвари мамлакат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ» баргузор гардида  мутасифона хонандагони шаҳри Хоруғ натавонистанд дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок намоянд. Ва дар Паём таъкид карда шуд, ки ин озмун бояд ҳамасола дар ватанамон баргузор карда шавад ва ғолибони озмун бо ифтихорнома, сипоснома ва мукофоти пулӣ қадрдони карда шаванд. Аз ин рӯ моро зарур аст диққати фарзандони худро ба китобхони зиёдар намуда дар баланд гардондани сатҳу сифати таълими онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳамзамон, муовини раиси шаҳр Мавлобашзода Р. оиди маъракаи муҳими сиёсии дар пеш истода яъне 1-март рӯзи интихоботи вакилони халқ, доир  ба  даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуда,иброз дошт  дар ин чорабиниҳо саҳми босазои якояки мо сокинон бояд  гузошта шавад.

Имомёрбеков И. мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзишӣ шаҳри Хоруғ зимнни баромади худ диқати ҳозиринро ба он равона намуд, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат барои ҷавонон имкониятҳои зиёде фароҳам овардааст. Хусусан барои ҷавонони шаҳри Хоруғ сохта ба истифода додани чандин майдончаҳои варзишӣ, толорҳо барои машқу тамрин, маҷмааи варзиши, ки ҷавонони мо метавонанд, ҳамарӯза ба бозиҳои варзишӣ ҷалб шуда, маҳорати хешро сайқал дода, метавонанд дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он рағбат намоянд. Ҷавонони Тоҷикистон ҳамеша дар зери таваҷҷӯҳи Роҳбари мамлакат қарор доранд. Дар паёми навбатти худ Пешвои миллат қайд намуд, насли ҷавони кишвари мо бо дарки маъсулияти баланд, иродаи мустахкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад.

Саҳми ҷавонон, дар ҳифзи Модар –Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои  Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд.

Мо ҷавононро лозим аст, сазовори боварии Сарвари давлат гардида минбаъд низ дар ободонии диёр ва ватани маҳбубамон пешсаф бошем.

Сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдак   Гулбекова Г. доир ба Қонуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маъсулияти падару модар дар таълиму  тарбияи фарзанд» суханрони намуда аз ҷумла зикр доштанд: мақсади Қонуни мазкур  пурзӯр намудани   маъсулияти падару модар дар таълиму  тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзу ҳуқуқи манфиятҳои фарзанд мебошад.

Намояндаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросим Саидмуродов Шамс қайд намуд, Паёми навбатии Роҳбари давлат  роҳнамоест ба суи оянда барои халқи тоҷик. Ҳар як сухане, ки дар Паём аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат зикр карда шуданд барои беҳбуди ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани зиндагии мардум мусоидат менамоянд . Мақасаду мароми Роҳбари давлат он аст, ки бояд сатҳи камбизоати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байн бардошта шавад, имкониятҳои нави ҷойҳои кори таъсис дода шавад.

  Ба машварат раиси Ҷамаоти шаҳраки Ш. Шоҳтемур, кормандони ҷамоати шаҳраки Ш. Шоҳтемур, раисони маҳаллаҳои шаҳраки Ш. Шоҳтемур  даъват карда шуданд.

      Баъд аз муҳокимаи баъзе масъалаҳо муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода  Райхонбегим оиди дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи муҳимии сиёсии дар пешистода  1-март рӯзи интихоботи вакилони халқ, омодагӣ ба ҷашни Наврӯз ва даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раисони маҳлла супориш дода, то ки бо сокинони маҳаллаҳои худ ҳамчун раиси маҳалла суҳбату вохуриҳо гузаронанд.

   

         Бахши дин, танзиму анъана  ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар робита ба барқияномаи муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонаботов А. аз санаи 17-январи соли 2020, таҳти №34 «Дар бораи рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Хоруғ аз 06.02.2020, №76 «Дар бораи рафти иҷрои қарори раиси Виояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 18-январи соли 2019 ,№18  «Оид ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.2018 №АП-1140 «Дар бораи ҷадвали баргузории Фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» вобаста ба гузаронидани озмуни «Дастархонороӣ» дар шаҳри Хоруғ маълум менамояд, ки тибқи Низомнома 3 Феврали соли 2020 дар шаҳри Хоруғ даври аввали озмун дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Дар озмуни мазкур саҳми  бонуи ҳунарманд Боварова Саврибегим назаррас буда, баъди натиҷагирӣ, ҳайати акамон таҳти роҳбарии Мавлобахшзода Райҳонбегим- муовини раиси шаҳри Хоруғ  иштирокчии мазкурро  ғолиби озмун дониста, иштирокчии даври вилоятӣ эълон гардид.

        Даври дуюми озмуни вилоятӣ то санаи 15.02.2020 гузаронида мешавад.

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор