Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати кишвар ҳисобида, ҳамеша таъкид медорад, ки «Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи моро ташкил медиҳанд».
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат сиёсати ҷавононро дастгирӣ намуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим саҳми ҷавононро назаррас унвон мекунад. Махсусан таблиғи насли наврас ба омӯзиши мероси таърихӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷуҳи хоси мақомоти рорҳбарии кишвар ба эҳёву шинохти арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад. Ба ҳамин хотир Роҳбари давлат борҳо таъкид намудаанд: «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эъҷодкор ва ба ору номуси хеш бошанд»
Моҳияти ин нуқтаи муҳими таъкиднамудаи Сарвари мамлакат, пеш аз ҳама дар қалби ҷавонон дарки маърифати арзишҳои таърихии ниёгони хешро пайдо мекунад. Бо гузашти замон дар таърихи давлатдории тоҷикон дар даврони 28 соли Истиқлолияти давлатӣ нақш ва мақоми ҷавонон дар пешбурди ҳаёти ҷомеа боз ҳам густурдатар ба назар мерасад.
Саҳм ва мақоми ҷавонон дар татбиқи қонунҳо, барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ хеле муҳим ва назаррас арзёбӣ мешаванд, ки дар сахифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон асноди фаровоне ин ҳақиқатро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.
Ҷавонон дар ҳамаи давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Маҳз барои ҳамин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани макоми ҷавонон як зумраи қонуну санадҳоро қабул кардааст, ки барои фаъолияти озодона ва ибтикори онҳо шароити зиёде фароҳам меорад.
Мо дар замоне, қарор дорем, ки раванди ҷаҳоншавӣ рӯ ба густариш дорад. Дар ин шароит таъкидҳо ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро сармашқи кори худ карда ҳеҷ, гоҳ ба таблиғот ва ташвиқотӣ бегонагон дода нашавем. Аз тақлид ва урфу одатҳои ғайр канорагирӣ кунем. Барои пойдори ва барқарори сулҳу амнияти кишвар ҷидду ҷаҳд намоем. Барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон талош кунем, зеро маҳз ҳисси ватандӯсти намегузорад, ҳаракат ё падидаи нохуш амнияти миллӣ ва сулҳу суботи ватани азизамонро халалдор созад. Муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон – ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб меравад.
Мо ҷавонони даврони Истиқлолият ифтихор мекунем, ки як давлати соҳибистиқлол ва як Сарвари дилсӯзу ғамхор дорем, ва дар тӯли 28 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кулли соҳаҳо ба пешрафти азим ноил гардем.
Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар, аз ҷумла ҷавонони шаҳри Хоруғ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустиву саноат саҳми босазо доранд.
Ҳамаи мо ҷавонон маҳз, бо неруи ақлонӣ ва ҷисмонии худ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳифз намуда, барои Ватани азизи худ ҷидду ҷаҳд намоем.
Кишвар Амиршо