Хабарҳо

Хабарҳо (513)

Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ вохӯрии и.в раиси шаҳри Хоруғ бо сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ доир гардид истодаст. Чунин вохӯриҳо аз махаллаи Тем сар карда, маҳаллаи Фурудгоҳ, дашти Поён ва  дигар маҳаллаҳо баргузор гардида истодааст..

Ҳафтаи ҷори иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ  Мирзонабот Алишер Худоберди  бо сокинони маҳаллаҳои Сайфулло Абдулло, марказӣ ва Хичордев  вохӯриҳои навбатиро доир намуд.

 Ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриҳо шиносоӣ бо сатҳи  зиндагии мардум ва мусоидат намудан дар  бартарафсозии мушкилоти ҷойдоштаи халқ  мебошад.

Дар идомаи вохӯриҳо сокинон таклифу  дархостҳои худро  пешниҳод намуда , аз ҷониби иҷрокунандаи  вазифаи  раиси шаҳр  ва гуруҳи  корӣ  посухҳои  мушаххас гирифтанд.

         Дар охири вохӯриҳо  Мирзонабот Алишер  иброз  намуданд, ки кӯшиш менамоем мушкилоти ҷойдоштаи  маҳаллаҳоро  марҳала ба марҳала  бо  дастгирии  мақомоти болоӣ ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл менамоем.

Инчунин, қайд дошт, ки соли оянда мардуми шарифи  кишвар  ҷашни  бузурги умумимиллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон  ҷашн мегиранд.  

Вобаста ба ин  сокинонро  ба ободу зебо  намудани  хонаву ҳавлӣ ва кӯчаву  маҳаллаҳои шаҳр даъват намуда, қайд дошт, ки ҳамаи мо бояд дар вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ саҳмгузор бошем.

Чунин вохӯриҳо тибқи нақша чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар дигар маҳаллаҳои шаҳр низ баргузор мегарданд

Шӯрои шаҳри Боулдэри ИМА дар як овоздиҳӣ бо раъйи оро қароре қабул кард, ки қисматҳои берунаву дохилии "Чойхонаи Боулдэр-Душанбе"-ро таҳти ҳимоят қарор дода, ин тарабхонаро ба унвони як муассисаи таърихӣ эътироф мекунад.

Овоздиҳие, ки дар ҷаласаи онлайнии Шӯро баргузор шуд, қарори аъзои онро дар хониши дуюм якдилона тасдиқ кард ва дар ҷаласаи 3-юми декабр ниҳоӣ мешавад.

Гузориши видеоиро ин ҷо бубинед.

Чойхонаи тоҷикӣ дар Амрико мероси фарҳангӣ эътироф шуд
 

Феълан кор намекунад

 
0:000:02:290:00
 

Шаҳрдори Боулдэр Сем Уивер дар ҷаласаи рӯзи сешанбе баъди шунидани назари ҳама аъзои Шӯро гуфт, "ин чойхона як ганҷинаи шаҳри Боулдэр аст”. Ӯ гуфт, ин муассиса “як фазои шарқӣ дорад ва мо хушбахтем, ки соҳиби чунин бино ҳастем”. Ба гуфтаи ӯ, қарори ба унвони “макони таърихӣ эътироф кардани” чойхонае, ки беш аз 30 сол пеш сохта шудааст, “бисёр дуруст” аст, чун "таърихаш ғанӣ аст".

Ҷаласаи аввали Шӯрои шаҳри Боулдэр дар масъалаи муашххас шудани сарнавишти чойхонаи аввалини тоҷикӣ дар Амрико моҳи октябр бо дархости созмони ҷамъиятии “Дӯстони чойхонаи Боулдэр-Душанбе” ба баррасӣ гузошта шуд. Дар баррасии аввал ҳомиёни чойхонае, ки бо дастони ҳунармандони тоҷик кандакорӣ шудааст, гуфтанд, ҳимояти шаҳрдорӣ аз ин муассиса умри онро ба ҳайси гӯшаи зебои шарқӣ ва таърихӣ дароз мекунад.

Яке аз ҳомиёни чойхона гуфт, “дар пасманзари хокистар шудани арзишҳои фарҳангию мадании исломӣ бо дасти гурӯҳи “Давлати исломӣ”, мо бояд ин гӯшаро ҳамчун намунаи фарҳанги исломӣ, ҳифз кунем”.

Дигаре пешниҳод кард, ки барои таъмиру барқарории бархе ҷузъҳои чойхона устоҳои тоҷик аз худи Тоҷикистон даъват шаванд, то ки бо донишу ҳунари худ ороишоти дохиливу берунаи онро барқарор кунанд.

Бар асоси қарори Шӯрои шаҳр, ороишоти дохилу беруни чойхона ба ҳайси арзишҳои таърихии мавриди ҳимоят сабт мешаванд ва ин қарор ошхонаву дастшӯӣ ва дигар гӯшаҳои фаннии онро марбут намешавад.

Чойхонаи пурнақшу нигори тоҷикӣ дар як шаҳри амрикоӣ таърихи беш аз 30-сола дорад. Дар вебсайти худи ин муассиса дар бахши "Таърихчаи чойхона" дар баробари шарҳи нақши чойхонаҳо дар фарҳанги мардуми Осиёи Марказӣ, дар бораи таъсисёбии ин тарабхона ҳам шарҳе оварда шудааст.

Ба навиштаи муаллифон, соли 1987 шаҳрдори вақти Душанбе Мақсуд Икромов зимни сафар ба Боулдэр эълон кард, ки Душанбеву Боулдэр бародаршаҳр мешаванд. Барои бунёди он 40 рассому кандакор ва дигар ҳунармандон аз Тоҷикистон ҷалб шуданд ва меъмор ё муаллифи тарҳ Ладо Шанидзе буд. Вебсайт ёдовар шудааст, ки 200 ороишоти чубии чойхона дар Тоҷикистон сохта шуда, баъдан ба ИМА интиқол ёфтааст.

Ҳоло чойхонаи тоҷикӣ дар Амрико ба ҳайси як тарабхона амал мекунад, саҳни ҳавлӣ дорад ва барои меҳмонҳо навъҳои мухталифи ғизоҳои мардуми шарқу Аврупоро пешниҳод мекунад.

Чойхонаи тоҷикӣ дар Боулдэр аввалин тарабхонаи миллии тоҷикӣ буд, ки дар ИМА бо ташаббуси Мақсуд Икром, шаҳрдори Душанбе дар замони шӯравӣ, охири солҳои 1980-ум сохта шуд. Тафовути ин муассиса аз онҳое, ки солҳои охир пайдо мешаванд, дар он аст, ки дар бунёди чойхонае бо ороишоти меъмории сирф тоҷикӣ мақомоти ҳукумати Тоҷикистон ширкат кардаанд.

Баъди касби истиқлоли Тоҷикистон, боз шудани марзҳо ва имкони сафар ба хориҷа бисёр тоҷикистониҳо ҳам ба ИМА рафта чойхонаву тарабхонаҳои миллӣ боз карданд. Соли 2018 як чойхонаи тоҷикӣ дар шаҳри Омаҳаи аёлати Небраскаи ИМА ҳам ифтитоҳ шуд.

         Хамдиёрони  азиз!
   

         Имрӯзҳо мардуми бостонию ориёитабори тоҷик дар арафаи таҷлили яке аз ҷашнҳои умумимиллӣ Рӯзи Парчами давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Бинобар ин, Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми сарбаланди шаҳри Хоруғро ба муносибати Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош намуда, бароятон саломативу иқболи нек ва дар фаъолияти ҳаррӯзаатон муваффақияту комёбиҳоро орзумандам.

Парчами миллӣ нишони мустақилияту соҳибзафарӣ, рамзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии тамоми миллатҳои сокини кишвари озодамон, нишони куҳанбунёдии миллати тоҷик  ба ҳисоб рафта, аломати соҳибватан будани ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва тоҷикони тамоми дунё мебошад.

       Таърихи  қабул  гардидани  Парчам  бароямон  маълум  аст,  ки лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷҷассумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои  миллии халқамон мебошад, 24 ноябри соли 1992   дар Иҷлосияи тақдирбахши 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди  бостонӣ бо сарварии раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилони халқ якдилона қабул гардид.         Ифтихор аз он дорем, ки миллати боору  нанг ва сулҳхоҳи тоҷик, дорои таърих ва суннатҳои қадимаи давлатсозиву давлатдорӣ буда, аз давронҳои бостонӣ соҳ иби давлатҳои мутамарказ ва рамзу рукнҳои худ будааст. 

       Парчами  миллии  мо  дар  замони  соҳибистиқлолии  кишвар  мазмун  ва  мундариҷаи  таърихии  худро  нигоҳ   дошта,  имрӯз  ҳамчун  баёнгари  орзуву  ормони  аҷдоди  парчамсозу  парчамдори  мо  соҳиби  эҳтироми хоса мебошад. Воқеан  ҳам  Парчами  Тоҷикистони  соҳибистиқлол  мояи  ифтихор  ва  сарфарозии  ҳар  як  шаҳрванди  худшиносу  худогоҳ   ва  ватандӯсту  ватанпарасти  мамлакат  ба  ҳисоб  рафта,   24-уми  ноябри  ҳ ар  сол  Рӯзи  Парчам  бо  камоли  ифтихору  эҳтиром  нисбат  ба  ин   рамзи муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон  таҷлил  мегардад.          

        Мояи ифтихори бузург аст, ки соли 2016 зимни ташрифи Асосгузори сулҳ у Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳ урии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ падидаи нодире дар ҳаёти сиёсии сокинони шаҳ р ба вуқӯъ пайваст, зеро бори нахуст дар шаҳрамон бо иқдоми неки Ҳукумати Ҷумҳ урии Тоҷикистон Парчами давлатӣ, дар баландии 35 метр парафшон гардид. Қомат афрохтани Парчами давлатӣ бо чунин баландӣ, ки дар ҳамаи минтақаҳ ои кишварамон бунёд гардида истодаанд, мо тоҷиконро водор месозад, ки худро бадахшониву хатлонӣ ва зарафшониву раштонӣ нашуморем, балки дар зери ин Парчам, ки  муттаҳидӣ ва якмаромии мо тоҷиконро ифода менамояд, аз як гиребон сар бароварда, эътиқод ҳосил намоем, ки ҳамаи мо як миллат,  як фарҳанг, ва як Ватан дорем, ки номи муқаддаси он Тоҷикистон аст. Зеро дар Парчами кишвари  мо даъват ба иттиҳоду  сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар  ва башардӯстии  миллати  мо  таҷассум  ёфтааст.

         Муносибати  самимона  бо  Парчам  ва  дӯст  доштани  он  таҷассумгари  бедории  аҳ ли  ҷомеа  мебошад.  Яъне  ҳ ар  як  фарди  ватанро  зарур  аст,  ки  маъно  ва  мӯҳтавои  Парчами  миллиро  амиқан  дарк  намуда,  бо  заҳмати  софдилона  ва  саъю  талоши  ватандӯстона  ҷиҳати  ободии  сарзамини  аҷдодиамон,  таҳкими  иқтидори  иқтисодии  давлати  соҳибихтиёрамон  ва  парафшонии  парчами  он  саҳмгузорӣ  намояд.

          Маҳз дар зери Парчам сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар  ба хотири баланд бардоштани сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳ уқуқбунёду дунявӣ пеш меравад. Барои ҳамин ҳамасола эҳсос менамоем, ки зимни сафарҳои кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои мииллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои гуногуни мамлакат Парчами давлатӣ ботантана барафрохта мешавад, ки ин омил аз арҷ гузоштани роҳбарияти олии сиёсии кишвар ба рамзҳои давлатдорӣ гувоҳӣ медиҳ ад.   

         Боиси ифтихори мо тоҷикон аст, ки маҳз дар  солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар қатори Парчами давлатҳои  дигар Парчами тоҷиконро низ варзишгарони номии тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ  баланд бардоштанд ва боиси фараҳмандии мост, ки варзишгари шаҳри Хоруғ Шакармамад Мирмамадов ҷоизадори бозиҳои тобистонаи Осиё аз намуди гуштини дзюдо гардида, варзишгари дигари Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар чемпионати ҷаҳонӣ аз намуди гуштини самбо Хушқадам Хусравов чемпиони ҷаҳон гардид.

Шараф ба Парчамбардорони тоҷик !

        Ҳ амдиёрони азиз!        

        Бо ифтихори миллӣ  мехоҳам иброз намоям, ки эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он вазифаи ҳар як шаҳрванд ва қарзи ватандории ӯ ба ҳисоб меравад. Вазифаи виҷдонии мо аст, ки давлату давлатдории хешро, ки ҳамчун масъулият ва қаҳрамонӣ аз шоҳкориҳои ниёгонамон ба мо мерос мондааст, тақвияту таҳким бахшем ва муқаддас доштани  таъриху фарҳанг, муқаддасоту арзишҳои миллӣ ва ваҳдату  истиқлолро дар мамлакат устувору пойдор намуда, манфиатҳ ои шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва ободиву созандагиро мароми ягонаи хеш ихтиёр намоем.        
       Итминони  комил  дорам,  ки  минбаъд  низ  ҳар  як  сокини  бонангу  номус  ва  ватандӯсту  ватанпарвари  шаҳри Хоруғ  аз  Парчами  миллии  худ  ифтихор  менамояд,  эҳтироми  онро  ҳамчун  рамзи  давлату  давлатдорӣ,  озодиву  Истиқлоли  Ватан  ва  ҳ амчун  сарвати  гаронбаҳ ои  умумимиллӣ  ба  ҷо  оварда, қадру  манзалат  ва  нақшу  эътибори  онро  ба  наслҳои  имрӯзу  оянда  талқин  менамояд.

         Бо  чунин  ниятҳои  нек  хурду бузурги шаҳри Хоруғро  ба  муносибати  Рӯзи  Парчами  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  номи  мақомоти  иҷроияи маҳаллии  ҳ окимияти  давлатии  шаҳри  Хоруғ  ва  шахсан  аз  номи  худам   табрику шодбош  гуфта,    рӯзгори ободу осоиштаро ба ҳамаи сокинони шарафманди шаҳри Хоруғ ва кулли тоҷикистониён таманно  менамоям.

          Бигзор,  меҳру  муҳаббати  мо  ба  Парчами  миллӣ,  ки  рамзи  воқеии  эътиқоду  имон  ба  давлату  миллат,  сарзамин  ва  тамаддуну  фарҳанг  аст,  беш  аз  пеш  афзун  гардад ва то  абад  парафшон  бошад! 

 

Рӯзи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳумоюн бод,  ҳамватанони   азиз!

Модари Миҷгонаро кушта гуронданд….Миҷгона ҳамроҳи модараш Мусулмонова Зебӣ дар љамоати деҳоти Ҳисор, деҳаи Ҳаёти нав зиндагии хурраму осоишта дошт.Субҳи барвақт модари Миҷгона барои беҳтар гардонидани саломатиаш баҳри гузаронидани сӯзандору ба хонаи ҳамсояаш Одинаев Маҳмурод, ки ҳамсари ӯ Ҳакимова Зубайда бе ваколатномаи махсус ба аҳолии деҳа ҳамчун ҳамшираи тиб дар хонааш хизматрасонӣ менамуд, рафт.Бародарону хоҳарони Миҷгона саргарми зиндагии худ буданд, ӯ ҳамроҳи модараш танҳо зиндагӣ мекард ва пайваста барои ҳалли мушкилоти зиндагиаш дар рӯзҳои қабули шаҳрвандони раиси шаҳри Ҳисор иштирок намуда, масъалаҳои мубрами рӯзмараашро ҳаллу фасл менамуд.Азбаски имрӯз низ рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Ҳисор буд ва Миҷгона аз баъзе масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла нокомии зиндагӣ азият мекашид, мақсади ба назди Раиси шаҳри Ҳисор рафтанро дошта ба он омодагӣ медид.Дафъаҳои қаблӣ вақте, ки модараш ба сӯзандоругузаронӣ мерафт, дар ним соат сӯзандоруашро гузаронида меомад. Вале ин дафъа соатҳо гузашта буду аз модари Миҷгона хату хабар набуд.Дили Миҷгона оҳиста-оҳиста ба мисли оташи ба ҳезуми тар афтода, ки аввал хушк карда баъдан аланга зада месӯзад, ба ҷўш задан даромада, аз модар нигаронӣ мекард.Дар ҳамин ҳол нафаре дари хонаро кушода, саросема ба ҳуҷра даромад. Миҷгона гумон бурд, ки шояд модараш бошад ва бо нияти сабаби дер омадани ӯро пурсидан ба ҳуҷраи модар даромада дид, ки ҷавоне палтои модарашро, ки субҳ ҳангоми гузаронидани сӯзандору дар тан дошт, партофта зуд аз хона берун шуд.Оташи ба дили Миҷгона афтода аланга гирифту ӯ ба хонаи ҳамсоя давид, ҳангоме ки вориди хона шуд манзараи даҳшатнокеро дида, қариб аз ҳуш мерафт.Модараш нимурён дар байни хона хоб буду дар болои сараш зани сӯзандоругузарон Ҳакимова Зубайда ҳамроҳи шавҳараш Одинаев Маҳмуроду писараш Ризоев Шайхмуслињиддин ва ду нафар ҳамшираи тиб гуфтугӯ доштанд.Гарчанде ҳамшираҳои тиб аз вазнинии саломатии бемор, ки шояд дар сакароти мавт қарор дошт, нигаронии зиёд дошта бошанд ҳам, шавҳари зани сӯзандоругузарон Одинаев Маҳмурод гуё ҳеҷ чиз нашуда бошад, бепарвоёна ҳамшираҳои тибро ором кардан мехост.Миҷгона чунин вазъиятро дида, худро дошта натавонист ва беихтиёр ашк аз чашмонаш ҷорӣ гардида, дасту пойҳояш аз тарсу ҳаррос ба ларза даромаданд. Ин манзара ба чашми ӯ бисёр даҳшатангез намудор мешуд, зеро барои ӯ модарашро дар чунин вазъият дидан бисёр душвор буд. Охир вай дар зиндагӣ танҳо ягона дастгир ва маслиҳатгараш буд.Ӯ то як муддат чизе гуфта натавонист ва аз ҳаракат боз монд, сипас, гӯё рӯҳаш ба танаш дубора баргашта доду фарёд мезад, ки модари мо чї шуд? золимон ба модарам чӣ кардед? чаро модари ман дар чунин ҳол аст? охир вай бо пойҳои худаш омад ку…Ҳамшираҳои тиб гуфтанд, ки зуд ӯро ба беморхона бурдан даркор, вагарна беморро аз даст медиҳем.Шавҳари сӯзандоругузарон Одинаев Маҳмурод бепарвоёна «ҳе ҷиз нашудааст»- гуфт.Аммо Миҷгона бо гиряву зорӣ фиғон бардошт, ки зуд модарамро ба беморхона баред.Сипас модари Миҷгонаро ба мошин савор карда, ба беморхона бурданд.Вақте модарро ба беморхона дароварданд, Миҷгонаи бечора бо дасту пои ларзон ва ҳолати канда, барои гирифтани лавозимоти зарурӣ ва огоҳ намудани хешу табор ба хона баргашт.Мувофиқи гуфтаи духтурон модари Миҷгона ҳангоми ба беморхона овардан алакай ҷон дода буд.Хулоса, Миҷгона ҳангоми ба беморхона омадан аз марги модараш огоҳ шуда, доду фарёд бардошт.Мурдаро ба хона бурданд, Миҷгонаи бечора доду фарёдкунон барои гусели ягона ҳамнафас, ҳамдард, дастгир, маслиҳатгар ва ёвараш омодагӣ медид ва умед дошт, ки тибқи тартибот як шом модари азизашро дар хона меҳмондорӣ намуда, барояш сураҳои қуръонӣ мехонад ва баъдан ба хонаи абадӣ гусел мекунад.Валекин, золимони бераҳм Одинаев Маҳмурод, шавҳари зани сӯзандоругузарон Ҳакимова Зубайда бо писараш Ризоев Шайхмуслињиддин барои фош нагаштани сабаби марги модари Миҷгона ва ба санҷиш набурдани майит саросема қабрканонро ба оромгоҳ даъват карда, хонаи охирати модари Миҷгонаро омода намуда, нагузоштанд, ки Миҷгона модари майиташро ақалан як шом меҳмондорӣ намояд.Ҳарчанд, Миҷгона доду фарёд мекард, ки модарамро набаред, ақалан як шом истад, аммо золимон бо баҳонаи майитро дар хона нигоҳ доштан хосияти хуб надорад гуфта, модари Миҷгонаро бурда гўронданд.Миҷгонаи аз ғами модар синааш чок ва дилаш пора-пора гашта, доду фарёдкунон бо дару девор ва нишонаҳои модараш сухан мегуфт.Ба дарди зиёд ва кардаҳои ҳамсояаш -оилаи Одинаев Маҳмурод дилаш тоб наоварда, ба Прокуратураи шаҳр барои муайян намудани сабаби марги модараш омад.Додситони шаҳр Миҷгонаро бо диққат гӯш карда, фаҳмонид, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ ариза намояд ва барои баррасии ариза модарашро аз қабр берун овардан лозим аст.Миҷгона гирёну зорон барои маслиҳатпурсӣ ба назди хоҳарону бародаронаш рафт.Фарзандон ба хулосае омаданд, ки ҷасади модари мурдаашонро дубора аз қабр набароранд, зеро хосияти хуб надорад.Хулоса, Одинаев Маҳмурод ҳамроҳи фарзандонаш ва ҳамсараш бо вуҷуди оне, ки сабабгори марги модари Миҷгона шудаанд, гуё барқасд ба оилаи онҳо кӯмак расонида бошанд, худро сафед менамуд.Дар ҷомеа низ Одинаев Маҳмурод, ки худ оилаи солим надорад, сабабгори нооромию саргардонии садҳо нафар гашта, бо иғвову дасисаҳо ва ҳиллаҳояш садҳо оилаҳоро пароканда намуда, зиндагии орому осудаи онҳоро хароб намудааст.Хонандагони гиромӣ!Дар оянда боз аз иғвою дасиса ва ҳиллаҳои Одинаев Маҳмурод мақолаҳо ба табъ расонида, дар асл чи гуна шахс будани ӯву аҳли оилаашро ба Шумо равшану возеҳ менамоем.Ҷабборов Хуршед, сокини деҳаи Хаёти Нави ҷамоати Ҳисор

https://www.youtube.com/watch?v=2felrZ9seBs&fbclid=IwAR3KBy8H4QStCEFC0v4I74qqrVwK6xqQI785d_t6seV0oe9OxrqQ8nTpOTQ

ДУШАНБЕ, 17.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Инсон ягона мавҷуди биологии соҳибшуур аст. Ин хосият дар шакли сухан ҳамчун далел тасдиқи худро пайдо мекунад. Зуҳуроти моҳиятии ақл, хирад, дониш, тасаввурот ва ҷаҳонбинӣ, дар маҷмӯъ, рӯҳи инсонӣ, ки тавассути нутқи даҳонӣ, хаттӣ, асарҳои илмӣ, бадеӣ, муҷассамаҳо, ёдгориҳои таърихӣ, дастовардҳои илмӣ-техникӣ ва монанди инҳо ифодаи худро меёбанд, воситаи мутаносиби муколамаи байни одамон ва наслҳо мебошанд. Маҳз ҳамин алоқамандӣ боиси танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, сабабгори тағйироти миқдорӣ ва сифатии муҳити атроф ба хотири рушди инсонӣ мегардад.

Агар моҳияти инсон, сифати шахсият аз дараҷаи фикрронии ӯ вобаста бошанд, ин хусусият, пеш аз ҳама, дар нутқ ифода меёбад.

Мусаллам аст, ки тибқи таъбири британиҳо «аctions speak louder than words» (амал баландтар аз сухан садо медиҳад). Дар чунин хулосабарорӣ ҳам, ба тарзи аксиоматикӣ итминон бояд дошт, ки тафаккур сарчашмаи амал аст. Яъне ҳаракати инсонӣ натиҷаи фаъолияти майна − шакли олии материя, маҳсули он фикрронӣ мебошад. Лекин андеша кардан, хулоса баровардан ва тасмим гирифтан ҳам ба тарзи мавҳум, тавассути нутқи дохилӣ шакл мегирад.

Вақте дар бораи чунин тарзи нутқ сухан меравад, итминон бояд дошт, ки ин ҷараён ба воситаи калимаҳо – маҷмӯи ҳиссаҳои нутқ ҳамчун маводи аслӣ ва ҷумлаҳо – усули бастубанд кардани маъниҳо низоми функсионалӣ пайдо мекунанд. Чӣ қадаре ки фикрронӣ, дарёфти калима, мафҳум, истилоҳот, дефинитсияҳо, ҷобаҷогузории онҳо баробарвазн ба воқеият, асоснок, мувофиқ ба талаботи мантиқӣ, рӯҳӣ, равонӣ бошад, кору амали инсон ҳам ҳамон қадар пурсамар ва натиҷанок хоҳад буд: «Ҷое, ки андеша неруманд аст, он ҷо амал ҳам пурқувват мебошад».

Барои инсон хосиятҳои функсионалии забони гуфтугӯ ҳаётан муҳиманд. Аммо бе амалкарди вазифаҳои моҳиятии забон – андеша, муҳокимаронӣ, абстрактсия – омӯхтани ҷузъиёти фундаменталӣ ва зуҳурот дар алоҳидагӣ, ба тарзи идеалӣ ва «гузаштан аз он ба амалия», мутобиқ кунонидани табиат, ҷамъият ва тафаккур дар доираи ниёзҳои иҷтимоӣ ғайриимкон аст. Гуфтан мумкин аст, ки сифати амалӣ, ба тарзи дигар одии забон, бояд хидматгори қисмати муҳим – моҳияти он бошад.

Захираи асосии луғавии забон ва таркиби луғавии забон дар хотираи инсон, махзанҳои хаттӣ ва электронӣ ба ҳама дастрасанд. Ин имконот мисли замини кишту кор аст. Фарқ дар он аст: кӣ чӣ тавр, ба кадом навъ тавони коркард ва истифодаи онро дорад.

Санъати сухан дар вобастагии кулл ба истеъдоди интихоб ва ҷобаҷогузории калимаҳо дар ҷумла аст. Аммо ороиш ва сифати истифодаи сухан саҳл нест. Агар осон мебуд, ҳама даъвои шоирӣ, нависандагӣ ва суханварӣ мекарданд. Зарурат ба илмҳое, монанди забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, мантиқ, суханварӣ, санъати сухан, услубшиносӣ, морфология, синтаксис, орфография, орфоэпия ва монанди инҳо намемонд.

Одамони қадим чунин гумон мекарданд, ки инсон тавассути дилаш фикр мекунад. Ин андеша ҳазорсолаҳо мафкураи одамро тасхир мекард. Он то замони мо дар шаклҳои бадеӣ, маҷозан, аммо хеле гуворо, барҳақ, бо сермаъноии худ дар манзалати шоиста истифода мешавад. Ифодагари рӯҳи инсон аст. Ҳамин тариқ, вақте «дар сари ҳар мисрае дил хун ва он чун қомати мавзун гашт», ифодагари қалб ва рӯҳу равони эҷодкор мегардад. Муҳимтарин вазифа он аст, ки сухани нек бар ҳадаф расад, то «нишинад лоҷарам бар дил».

Ба қадри чунин масъулият донишманди суханшинос расида метавонад.

Дар бораи шоирону нависандагон тадқиқоти зиёд анҷом дода мешавад. Баъзе аз навиштаҳо, гарчанде ҳанӯз чандон арзиш ва ба муаррифию тақриз ниёз надоранд, аз рӯйи таоруфот мавриди «таҳқиқ ва арзёбӣ»-и маслиҳатӣ қарор мегиранд.

Ҳамзамон бо ин, нисбат ба суханварон (дар зинаи аввал наттоқон), (Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Иборат аз 2 ҷилд. Ҷилди дуюм. Душанбе: 2010. – С. 284) таваҷҷуҳи камтар зоҳир мегардад.

Ҳамин тариқ, ин мақола ҳамчун ишора ба муҳиммияти инкишофи илми овоз (Абдуррауфи Фитрат) марбут дониста мешавад.

Хотиррасон кардани он нукта зарур аст, вақте ки дар бораи забони давлатӣ – забони адабии ҳозираи тоҷик муҳокимаронӣ мешавад, масъала ҷанбаи меъёрӣ мегирад. Истифодаи дурусти захираи асосии луғавии забон ва таркиби луғавии забон бо риояи қоидаҳои грамматикӣ дар доираи боғча, мактаб, омӯзишгоҳ, донишгоҳ, васоити ахбори умум, махсусан, хизмати давлатӣ, фаъолияти ихтиёрӣ, мансуб ба хост ва дидгоҳи шахсӣ нест. Масъулияти маънавӣ, хуқуқӣ ва давлатӣ аст.

Айни ҳамин талабот ба риояи меъёрҳои орфоэпии забон – тарзи дурусти талаффузи калима, ибора, ҷумлаҳо, гузоштани задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ, муносибати овозӣ ба матн, дар вобастагӣ ба муҳтавои он пешниҳод карда мешавад.

Дар ташвиқи қоидаҳои грамматикӣ ва орфоэпӣ нақши радио ва телевизион махсусан муҳим аст. Ин дастгоҳҳо мебояд ҳамчун намунаҳои олии риоя кардани меъёрҳои забонӣ хизмат кунанд. Маълум аст, ки кормандони ниҳодҳои мазкур дар ин ҷода шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд.

Бояд иқрор гашт, ки солҳои пасошӯравӣ ворид гаштан ба кор дар васоити ахбори умум, махсусан радио ва телевизион саҳл гашт. Баъзан ба ин коргоҳҳо одамон бе тайёрии махсус, санҷиши воқеии донистани лексика, грамматика, тарзи дурусти талаффузи калимаву ибораҳо, гузоштани задаҳои ҳиҷоиву мантиқӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. Фаъолияти чунин кормандон шунавандаро оид ба қоидаҳои нутқи шифоҳии забони давлатӣ ба гумроҳӣ меандозад. Дар бораи дастгоҳи таблиғотии давлатӣ таассуроти нодуруст ба вуҷуд меорад.

Услубшиносӣ аз муҳимтарин қисмати забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ аст. Дараҷаи муносибати шоиру нависанда ба меъёрҳои забони адабии ҳозираи тоҷик, дар доираи фардияти забон ва тарзи баёни адиб, аз вазифаҳои ин илм ба ҳисоб меравад. Муҳаққиқ мекӯшад, тавассути таҳқиқот заҳмати «муҳандисони рӯҳи одамизод», дараҷаи гавҳаршиносии ӯро дар баҳри беканори забони модарӣ исбот созад. Онро ба хонандагон муаррифӣ намояд. Бо ин роҳ раванди маъниофаринӣ, фаҳм ва тавони истифодаи хосияти луғавӣ, лексикологӣ, семасиологӣ ва полисемии калима, мафҳум, ифода, истилоҳот ва таъбирҳоро, ҳамчун намуна, барои истифодаи эҳтимолӣ пешкаши аҳли илму адаб ва оммаи васеи хонандагон гардонад. Гарчанде нисбат ба замони шӯравӣ ин илм дар ҳоли таназзул қарор дорад, аммо гоҳ-гоҳе, ба тарзи пароканда ҳам бошад, аз ҳастии худ дарак медиҳад.

Аммо нақди сухани гӯяндагони радио ва телевизион, ки шабонарӯзӣ дар муколама бо мардум ҳастанд, аз мадди назари муҳаққиқон дур мондааст. Аз дигар тараф, маҳз онҳоанд, ки ҳамарӯза тарзи ифодаи калимаву ибороти забони давлатиро ба шунавандагони дохилу хориҷи мамлакат мерасонанд. Тавре хотирнишон гардид, бо ин гӯё нақши намунаи талаффузи адабии забони модариро ба омма пешкаш мекунанд.

Ҳамаи забонҳои дунё, бидуни истисно, оҳанги фарқкунандаи талаффузи худро дар сатҳи калимаву ибораҳо, ҷумлаҳо – воҳидҳои грамматикӣ доранд. Мантиқи ҷумлаҳои ҳикоягӣ, саволӣ, хитобӣ ва дигар тобишҳои маъноӣ барои дарки дурусти мақсади гӯянда маҳз ба воситаи гузоштани задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ ифода мегарданд. Дар ҳар забон чунин тарзи ифода, махсусан, вобаста ба истифодаи феъл, ҷонишинҳо ва ҳиссачаҳои ёридиҳандаи нутқ муносибати субъект ба объект дар дараҷаҳои гуногун қарор дорад. Чунин услуби иҷрои вазифаҳои мантиқӣ дар шеваи гуфтори забони адабии ҳозираи тоҷик ҳам мавқеи хосро касб кардааст. Яъне риояи хосияти орфоэпии забон дар баробари ба инобат гирифтани қоидаҳои грамматикӣ аз муҳимтарин талаботи забони давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар адабиёти муосир забон ва тарзи баёни устод Садриддин Айнӣ аз намунаи аслӣ ва барҷастаи адабиёти илмию бадеии забони адабии тоҷик маҳсуб мегардад. Осори ин нобиғаи адабиёти ҷаҳонӣ намунаи олӣ ва сарчашмаи безаволи омӯзиш, азхудкунӣ ва истифодаи ганҷинаи бебаҳои миллати тоҷик – забони ӯст.

Хушбахтона, дар се даҳсолаи ахир ба забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи баробарвазн ба истиқлоли давлатӣ зоҳир гардид. Забони тоҷикӣ аз лиҳози мантиқи сиёсӣ, вазни семантикӣ ба муқаддасоти миллӣ мисли Ватан, Миллат, Модар баробар дониста шуд. Ин мафҳумҳо дар меъёрҳои волои ҳуқуқӣ таҷассум ёфтанд. Дар амалияи сиёсӣ рӯйи кор омаданд. Чунин иқдом, барҳақ, бо ташаббусҳои давлатофаринии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст. Чун сухан дар доираи муҳимтарин хосияти забони давлатӣ – орфоэпияи он меравад, таъкиди он нукта зарур аст, ки Роҳбари давлат дар асарҳои худ борҳо бойигарӣ, нерумандӣ, фасоҳат, балоғат, зебоӣ, хушоҳангӣ ва шоирона будани забони тоҷикиро бо далелҳои таърихӣ ёдоварӣ ва исбот намудааст.

Ҳамчунон, барои ҳамасрони Пешвои миллат мусаллам аст, ки сарвари тоҷикон аз беҳтарин муҳаққиқон ва донандагони забони модарӣ мебошад. На танҳо аз қудрати бузурги забони давлатӣ – захираи асосӣ, таркиби луғавӣ, хосияти грамматикии он ба навъи аҳсан баҳравар аст, балки тавон ва ҷасорати дар таърихи миллат бесобиқаи истифодаи неруи забониро бо хиради азалии хеш нишон дод.

Яке аз сабабҳои Раҳбари муаззами халқ эътироф гаштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба дилу дидаи мардум раҳ ёфтан, захираҳои мардумиро ба сулҳу ваҳдат ва ҷараёни созандагӣ сафарбар кардан дар воқеъбинӣ, росткорӣ, иродатмандӣ ва санъати волои муътақид сохтани омма тавассути амалияи сиёсӣ ва имконоти беназири лафзи модарӣ аз ҷониби ин шахсияти бузурги таърихӣ мебошад.

Ин истеъдод мисли собиқаи нотакрори давлатсозии Пешвои миллат аз муҳимтарин мактаби давлатдорӣ аст. Дар он таҷрибаи ибратомӯзи падару модар, рӯзгори одӣ, давраи пуртуғёни ҷавонӣ, фаъолияти пурмашаққати меҳнатӣ, кору зиндагӣ миёни мардуми заҳматкаш, дардошноӣ бо рӯзгори коргарон, деҳқонон, ҳамватанон, ташаккули хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар арсаи ворид гаштан ба сиёсат ҳанӯз то шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ, тавассути қалб ва пеши дидагони худ эҳсос кардан, дарк намудани фоҷиаи миллӣ, ҷон дар гарав мондан, «ба нохун санг то хоро буридан» ва «дар оташдони нагунсор» ҷонбозиҳо карданҳо таҷассум ёфтаанд. Сабаби бо сухан тасхир карда тавонистани дили мардум, ягонагӣ дар қавлу амали интихобкардаи халқ аст.

Таърихи истиқлолият, таърихи навини давлатдории миллӣ − зиндагиномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллат, дастовардҳои бузурги мамлакат, мусаллам, ба ташаббус, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва раҳбарии бевоситаи ин шахсияти бузург рабт дорад. Ин далели баҳснопазир аст. Ба ҳамин хотир, дар баробари дигар дастовардҳо яке аз самтҳои мактаби давлатдорӣ − суханварии Пешвои миллат зарурати воқеӣ ба омӯзиш ва тадқиқу таҳқиқ дорад, то амалияи сиёсӣ ва рушди миллӣ, илм, мактаб, маориф, кулли соҳаҳо аз он баҳравар гарданд.

Чунин талабот доманаи васеи фаъолияти давлативу ҷамъиятиро дарбар мегирад.

Яке аз муҳимтарин василаҳои амалӣ кардани сиёсати забонӣ васоити ахбори умум – радио ва телевизион мебошанд.

Барои гӯяндагон риояи меъёрҳои орфоэпӣ ҳамчун қисмати муассири забони давлатӣ, хамзамон, илми забоншиносӣ ниҳоят муҳиманд. Нодуруст гузоштани задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ таваҷҷуҳи сомеонро нисбат ба мавзӯи пешниҳодгардида коҳиш медиҳад. Дарки матнро мушкил ва дар аксари ҳолат номумкин мегардонад. Дар фазои пахши мавҷ шунавандаву бинандаро хаста мекунад. Онҳоро маҷбур месозад, то аз идомаи гӯш кардани барнома худдорӣ кунанд. Ба дигар шабакаҳо, бештари вақт ба сарчашмаҳои иттилоотии хориҷӣ муроҷиат намоянд.

Ин камбудиҳо дар сухангӯии наттоқони касбӣ мушоҳида мегардад. Қариб тамоми шабакаҳои радио, аз ҷумла радиои Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» солҳост, ки чунин норасоиҳоро мисли ҷузъ ва мартабаи касбӣ, бидуни ислоҳу бознигарии интиқодӣ такрор мекунанд.

Рӯякӣ ва аз диди шахсӣ муносибат кардан ба қоидаҳои орфоэпии забони давлатӣ дар нутқи хаттӣ, баробарвазн бо хатоҳои мантиқӣ ва орфографӣ мебошад. Аз рӯйи он ба қироаткунандаи матн баҳо дода мешавад ва ҳамчун навъи беэътиноӣ ба забони давлатӣ арзёбӣ мегардад. Чунин камбудиҳо қариб дар ҳама жанрҳо, бештар дар ахбор ва иттилоот ба назар мерасад. Тарзи талаффуз ва задаи ноҷои мантиқӣ маҳз дар қисмати феълҳои таркибӣ, ки дар ҷумла вазифаи хабарро иҷро мекунанд, хато, ба сифати қоидаи маъмулӣ садо медиҳанд.

Ҳамчунон, тавассути телевизион ва радио озмунҳои гуногун ба хотири тарғиби Ватан ва ватандӯстӣ, забони модарӣ, ахлоқи наку, меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ, худшиносӣ ва монанди инҳо гузаронида мешаванд. Дар онҳо одамони синну соли гуногун, хусусан мактаббачагон, наврасон ва донишҷӯён ширкат меварзанд. Чунин чорабиниҳо бо заҳмат, сарфи маблағ ва вақти зиёд рӯйи кор меоянд ва ба оммаи васеи бинандаву шунаванда пешкаш мегарданд.

Боиси таассуф аст, ки масъулон ва ҳакамони чунин чорабиниҳо на ҳама вақт ба тарзи талаффуз, гузоштани задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ, хосиятҳои таркиби овозии матн, суръат ва интонатсияи он дар алоқамандӣ бо мавзӯъ ва мундариҷа, ки мақсади нависандаро ифода мекунанд, аҳамият медиҳанд. Дар натиҷа, дар нутқи шифоҳӣ камбудиҳои ҷиддӣ содир мешаванд. Онҳо ба гӯши миллионҳо наврасону ҷавонон мерасанд ва мутаассифона, ҳамчун намунаи қироати шеър, гуфтор қабул, паҳн ва бегумон минбаъд такрор мегарданд.

Мушоҳида мешавад, ки мутахассисони соҳаи хониши ифоданок, аъзои ҳакамон ва қисмати зиёди масъулин салиқа ва тавоноии таъмини орфоэпияи иштирокдорони сабқатҳои телевизиониро аз худ нишон намедиҳанд ва хатохониву хатогӯйиҳо дар фазои миллионҳо шунавандаву бинанда ба зуҳуроти маъмулӣ мубаддал мегарданд. Бешубҳа, иштибоҳот дар тарзи талаффузи калима, иборот, ҷумлаҳо, гузоштани задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ тавассути васоити ахбори омма аз хатоҳо дар матнҳои хаттӣ зарари бештар доранд. Одамон, махсусан наврасон ва ҷавонон муътақиданд, ки беҳтарин намуна, тарзи дурусти талаффузи калима ва ибораҳо, гузоштани задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ аз тариқи радио ва телевизион садо медиҳанд. Дар асл бояд ҳамин хел бошад.

Агар барои омӯзиш ва гирифтани сабақ ба гузаштаи начандон дур назар кунем, сароғоз аз солҳои 60-ум, 70-уми асри гузашта, зина ба зина дар радио ва телевизиони тоҷик соҳибкасбоне ба камол расиданд, ки онҳоро мардум на ҳамчун диктор, наттоқи одӣ, балки суханвар мешинохтанд, эътироф мекарданд ва эҳтиром доштанд.

Қироати мазмуни матнҳо, ки бешубҳа муҳимтарин мавзӯъҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байналхалқии мамлакатро дар бар мегирифт, бо омили муассир − обрӯи шахсӣ, касбияти баланди суханварии наттоқон тақвият меёфт. Боварӣ ба мундариҷаи матнҳо барои шунаванда ва бинанда тавассути сифати шахсияте, ки тасаввур карда мешуд, зиёдтар мегардид.

Офарандаи таърих дар ҳама самтҳои фаъолияти инсонӣ шахсиятҳо мебошанд. Маҳз тавассути заҳмати онон ҷодаҳои муайяни ҳаёти одамӣ равшан мегарданд. Ба инобат гирифтани омилҳои инсонӣ падидаҳои зиндагиро дар муҳимтарин ҷабҳаҳо ибратбахш мегардонад.

Наслҳои он замон суханварони номдор Файзулло Арабов, Субҳон Раҳматов, Бурҳон Раҳмонов, Матлуба Бурҳонова дар хондани матнҳои бадеӣ Назира Қаҳҳорова, Абдуқодир Маниёзов, Хоҷиқул Раҳматуллоев, Маҳкам Ҳоҷиқулов, Ҳабибулло Абдураззоқов ва баъзе дигаронро хуб дар хотир доранд. Аз забони онҳо меъёрҳои забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун намунаи барҷастаи қироати матн аз лиҳози талаботи орфоэпӣ садо медод.

Дар замони истиқлол нақши Абдуррашид Хӯҷамқулов (Абдуррашид Ализода) ҳамчун давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳои мактаби суханварони классикии асри ХХ-и радио ва телевизиони тоҷик баръало намудор аст.

Касбият, тахассусмандӣ, обрӯ ва манзалати сухангӯӣ мебояд ба мазмун ва муҳтавои матне, ки дар садо додани он суханвар масъул аст, тавъам бошад.

Муҳимтарин муаррифнома бо овози Абдуррашид Хӯҷамқулов баъд аз оҳанги ифтихории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти бузург, мутантан, ниҳоят барҷаста ва самимона садо медиҳад. Дили шунавандаву бинандаро ба ваҷд меорад. Таваҷҷуҳи одамонро барои дарки рӯйдоди интизорӣ ва хотирмони таърихӣ ҷалб мекунад.

Интихоби коргардони радиову телевизион барои қироати чунин матн аз ин сухангӯи сатҳи олӣ боиси қаноатмандист.

Абдуррашид Хӯҷамқулов ҳанӯз охири солҳои шастум ва аввали солҳои ҳафтодуми асри гузашта, мадди назари масъулони радио ва телевизион қарор гирифт. Он солҳо ӯ донишҷӯи бахши забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Дар аввалин намоиши телевизионӣ, дар назар як шахси ҷавон, газгӯшт, гандумгун, бо чеҳраи ҷиддӣ, деҳотӣ, аммо андешаманд, ҳамчунон кордида ва хушсалиқа рӯйи саҳна баромад.

Ҳангоми муаррифии қисмате аз беҳтарин донишҷӯён, ки маъмулан, барои қироати шеър ба телевизион даъват мешуданд ва дар замони шӯравӣ чунин имконоти фавқулода насиби ҳар кас намегашт, дар муқоиса бо дигар донишчӯён ниҳоят хоксор, аммо солор, хеле ҷавон, лекин бурдбор менамуд. Чанд нафар шеърҳо қироат карданд ва дар ин кор маҳорати хуб нишон доданд. Навбат ба Абдуррашид Хӯҷамқулов расид. Ӯ сараввал як лаҳза таҳаммул кард. Баъдан нигоҳи пурмазмуне ба бинандагон намуд. Хаёлан онҳоро барои шунидани ғазали машҳури мазмуни иҷтимоидоштаи Сайидои Насафӣ, ки матлааш ин аст:

Нигаҳи масти ту хуни дили аҳбоб хӯрад,
Теғи бедоди ту аз дасти аҷал об хӯрад,

водор кард.

Ва гӯё дар камера бо нигоҳи миллионҳо тамошобин – наврасон, ҷавонон, коргарон, деҳқонон, аҳли зиё вокуниши идроки муҳтавои масъаларо нишон дода бошад, шеърро аз ёд хонд.

Он замон дар телевизион мафҳуми титр, хондани матн тавассути имконоти электронӣ вуҷуд надошт. Намоишҳо мустақим пахш мешуданд. Хато ислоҳнопазир буд. Як иштибоҳ метавонист имкони бори дигар пайдо шуданро дар назди камера ва микрофон истисно кунад.

Чун овози марғуладор, маҳз барои суханварӣ таъйиншуда ва бовиқори ҷавонмардонаи камназир аз як донишҷӯи қишлоқӣ садо дод, шунавандагону бинандагон эҳсос карданд, ин шахс бо сайқал додани донишу касбият, азбар намудани усул ва нозукиҳои пешаи суханварӣ метавонад ба тарғиби сиёсати давлатдорӣ, адабиёт ва фарҳанги миллӣ тавассути имконоти беохири радио ва телевизион хизмати назаррас анҷом диҳад.

Зиндагӣ ҷараёни табииест, мекӯшад, ҳар офаридаи худро дар ҷойе таъйин кунад, ки мувофиқ ба манзалати ҳунараш бошад, то худи ӯ ва ҳам дигарон ранҷ накашанд. Инсонҳои воқеъбин ва ҷомеаи солим низ дар чунин ниёзҳо аз худ ҳассосият нишон медиҳанд.

Баъди хатми донишгоҳ Абдуррашид Хӯҷамқулов барои кор ба радиои Тоҷикистон даъват шуд. Дар ин коргоҳ Абдуррашид Хӯҷамқулов дар вазифаҳои гуногун, то сарвари ин идораи бонуфуз кору фаъолият кард. Аммо асолати ин шахсият, беш аз ҳама, дар ҷодаи ниҳоят масъулиятнок, он чӣ ки таъйиноти табиат буд − суханварӣ муаррифӣ гардид. Дар дилу дидаи мардум ҷо гирифт. Маълуму машҳур гашт.

Ҳамзамон бо ин, Абдуррашид Хӯҷамқулов ба корҳои илмӣ машғул шуд. Донишҳои худро дар шинохти забон ва услуби баёни забони тоҷикӣ сайқал дод. Ҷанбаҳои таърихии онро омӯхт. Дар масъалаҳои фонетика, лексикография, орфоэпия, морфология, синтаксис, вазифаҳои функсионалии забон аз лиҳози грамматикӣ, мантиқӣ ва фалсафӣ, дар вобастагӣ ба касби сухангӯӣ, хосияти маҳзи муколама бо миллионҳо одамони синну сол ва касбияти гуногун таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Нозукиҳои пешаи интихобгардида ва масъулияти ба ӯ боваркардаро дар маҷмӯи ин илмҳо, дар доираи системаи ягонаи расонидани мантиқ ва муҳтавои матн ба омма аз худ намуд. Корро аз қироати порчаҳои назмӣ оғоз карда, зина ба зина ба жанрҳои гуногуни гуфтори радио ва телевизион ворид гашт. Онҳоро омӯхт. Батадриҷ, бо комил гардонидани истеъдод, масъулияти қироат кардани муҳимтарин хабар, изҳорот, маълумот ва тафсирҳои сиёсӣ ба ӯ вогузор карда мешуд.

Дар радиову телевизион аз наттоқ расидан ба симати суханвар ва дар ҳамин мартаба эътироф гаштан аз ҷониби мухлисон ниҳоят муҳим аст. Абдуррашид Хӯҷамқулов ҳанӯз аз давраи донишҷӯӣ дарк намуда буд, ки орфоэпия (аз калимаи юнонӣ, orthos-дуруст, epos-нутқ) ба мисли морфология, синтаксис аз муҳимтарин қисмҳои илми забоншиносӣ аст.

Дар бойтарин забонҳои дунё, аз ҷумла, русӣ, англисӣ ва хитоӣ на танҳо лексика, балки талаффузи меъёрии овозҳо имконоти семантикии калимаву ибораҳоро зиёд мекунад, замонҳои феъл, ҳамчунон, услуби функсионалии ҷумлаҳоро (ҳикоягӣ, саволӣ ва хитобӣ) ба осонӣ ва хеле мантиқӣ тағйир медиҳад. Зуҳуроти эҳсосии нутқро нисбат ба ҳадафи муҳокима, ки ифодакунандаи мантиқи гӯянда (нависанда) мебошад, равшан ва мушаххас мегардонад. Ва, албатта, забони тоҷикӣ ҳам аз ҳамин фазилатҳо ба пуррагӣ бархӯрдор аст.

Талаффузи калимаву ибораҳо, гузоштани задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ, агар онҳо бидуни меъёрҳои орфоэпӣ садо диҳанд, дар бораи мансубияти шахс ба ин ё он гурӯҳҳои диалектикии сокинони мамлакат ишора мекунанд. Чунин камбудӣ аз халалдор кардани меъёрҳои забони давлатӣ дарак медиҳад ва ғайри қобили қабул мебошад. Зеро нутқ воситаест, ки тавассути он дараҷаи маънавиёт ва дониши гӯянда муайян карда мешавад.

Тавре таъкид гардид, чун забони давлатӣ муҳимтарин воситаи ваҳдат ва сарҷамъии миллат аст, қатъиян, риоя кардани талаботи орфоэпии забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун забони воҳиди як миллат дар дараҷаи сиёсати давлатӣ мадди назар гирифта мешавад. Давлат ба воситаи муҳимтарин абзори худ – меъёрҳои ҳуқуқӣ, мактаб, маориф, фарҳанг, адабиёт, театр, кино, васоити ахбори омма, радио, телевизион, матбуот, тадқиқот, гузоришоти илмӣ ва дигар имконот сиёсати забонии худро собитқадамона роҳандозӣ мекунад ва пайгирӣ менамояд. Риоя кардани орфоэпияи забони давлатӣ, унификатсияи он, ҳамзамон, умумияти як халқро дар қаламрави мамлакат таъмин месозад. Назорат кардани ин талабот аз муҳимтарин рукнҳои илми забоншиносӣ мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки одамон аксари вақти худро нисбат ба хондан дар муколама, ҳамчунон, дар шунидан сарф мекунанд. Тавассути он меомӯзанд ва меомӯзонанд. Албатта, нақши радиову телевизион дар ин кор бузург аст. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба хотири аҳамияти сиёсӣ доштани ягонасозии орфоэпии забони русӣ зери таҳрири забоншиноси маъруф Д. Э. Розентал «Словарь ударений русского языка» ва баъдтар дар Федератсияи Россия, шурӯъ аз соли 1993 китоби «Словарь ударений русского языка» зери таҳрири М. Штудинер чандин маротиба нашр шудааст.

Албатта, олимони тоҷик дар масъалаҳои грамматика ва хусусиятҳои орфоэпии забони тоҷикӣ тадқиқоти зиёд анҷом додаанд. Яке аз аввалин тадқиқот дар ин самт, ба қалами профессор Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ тааллуқ дорад. Асари ӯ «Қоидаҳои забони тоҷик» (сарф ва наҳв) номгузорӣ шудааст. Он бо заҳмат ва пайгириҳои омӯзандаи донишманди бузург ва фидокор профессор Абдулҳай Маҳмадаминов дарёфт ва бо сарсухани пурмуҳтаво таҳти унвони «Асари арзишманди Абдуррауфи Фитрат дар бораи забони тоҷикӣ» (Абдуррауфи Фитрат. Қоидаҳои забони тоҷик (сарф ва наҳв). − Душанбе: Сино, 2009. − 127 с.) ба нашр расидааст. Дар сарсухан, аз ҷумла, ба тадқиқоти масъалаҳои орфоэпӣ бахшида шудани ин китобро олими нуктасанҷ Абдулҳай Маҳмадаминов чунин тафсир мекунад: «Муҳимтарин ҷиҳати қобили таваҷҷуҳ, арзиши илмиву назариявӣ ва амалии «Қоидаҳои забони тоҷик (сарф ва наҳв)» дар он аст, ки А. Фитрат дар ин китоб қонуну қоидаҳои илми овоз ва илми наҳви тоҷикиро чунонки муаллиф дар муқаддимаи асар хотирнишон кардааст, маҳз дар асоси дастуру нишондодҳои мазкури С. Айнӣ, ки бо эътирофи Е. Э. Бертелс «Дар тамоми дунё аз вай донишмандтари забони тоҷикӣ нест» (Е. Э. Бертельс. Пути создания таджикских словарей//Проблемы Таджикистана. − Л.: 1934. − С.179) тадқиқу таҳлил намуда, андешаву хулосаҳои арзишманд баровардааст» (Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ. Қоидаҳои забони тоҷик (сарф ва наҳв). – Душанбе: Сино, 2009. − С. 31).

Сарфи назар аз он ки ин китоб навад сол қабл навишта шуда, тарзе хотирнишон гардид, дар он масъалаҳои талаффузи меъёрии забони тоҷикӣ (илми овоз) мавриди омӯзиш қарор гирифта бошад ҳам, то ҳол луғати махсуси орфоэпии забони адабии ҳозираи тоҷик, ки талаботи маҳз ва рӯзмарраи забони давлатӣ мебошад, тартиб дода нашудааст. Худихтиёриҳое, ки ҳанӯз ҳам дар қисмати гуфторҳои радио, телевизион ва умуман истифодаи забони давлатӣ аз ҷониби баъзе аз кормандони хизмати давлатӣ, омӯзгорон ва одамони касбу кори гуногун ба назар мерасанд, аз ҳамин норасоӣ сарчашма мегиранд. Риоя кардани меъёрҳои овозии забони давлатӣ – эҳсоси масъулияти бузург ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ мебошад.

Мавод барои коркарди луғати орфоэпӣ, ҳам дар назария ва ҳам дар амалияи забони тоҷикӣ басанда аст. Асарҳои назмӣ ва насрие, ки Абдуррашид Хӯҷамқулов дар тӯли фаъолияти худ қироат кардааст, аз зумраи чунин маъхазҳост. Шунидани онҳо, гарчанде аз ҷониби як суханвар сурат мегирад, ба кас таассуроти беҳтарин намоишномаҳоро дар сабки «театр дар назди микрофон» ба вуҷуд меорад.

Ба назари мо, аз муҳимтарин сарчашмаҳои орфоэпӣ асарҳои оламшумули Садриддин Айнӣ «Ёддоштҳо», «Марги судхӯр» ва дигар китобҳои ин қаламкаши мумтози адабиёти ҷаҳонӣ дар қироати Абдуррашид Хӯҷамқулов мебошанд. Маълум аст, ки суханвар пеш аз сабти асарҳои бадеӣ бамаротиб, такрор ба такрор онҳоро хондааст. Сужет, мазмун, муҳтаво ва ғояҳои он асарҳоро азбар намудааст. Ба хислат, характер, тарзи гуфтор, нақши ҳар қаҳрамон ва персонажҳои ин адабиёт шинос шудааст. Хаёлан дар фазо, вақт, муҳити зиндагӣ, рӯзгор ва кору бори онҳо ворид гаштааст. То тавонистааст, ба умқи мақсаду ниятҳои нависанда дар эҷоди ин асарҳо расидагӣ кардааст. Ҳақиқати бебаҳс аст: барои маъниеро ба дигар кас фаҳмонидан, онро пеш аз ҳама, мебояд худи шахс батамом дарк намояд.

Ба бузургии Садриддин Айнӣ, нобиғагони илм, ки ба шиносоӣ аз эҷодиёти ӯ мушарраф гаштаанд, ангушти ҳайрат газидаанд. Е. Э. Бертелс, ки зикри номаш дар боло рафт, дар назди ин нависанда ва олими забардаст худро чун шогирди ҳафтсола дар назди Абӯалӣ ибни Сино тасаввур мекунад (ниг. Е. Бертелс. Устоди донишманди муаззам!//Садриддин Айнӣ. Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик. Куллиёт. Ҷилди 12 (Ба чоп тайёркунандагон: К. Айнӣ ва Ҳ. Рауфов). − Душанбе: Ирфон, 1976. − С. 10).

Абдуррашид Хӯҷамқулов тавонистааст, бо қироати асарҳои «донишмандтарин донандаи забони тоҷикӣ», ҳам дар «Ёддоштҳо» ва ҳам дар повести «Марги судхӯр» саросар аз номи шахси аввал – муаллифи асарҳо сухан гӯяд. Ҷуръат ва тавони онро дошта бошад, ки бо забони адиби барҷаста рафти воқеаҳоро нақл кунад, тафсир намояд. Ҳам нутқи шифоҳӣ, ҳам афкори ботинии мутафаккири оламшумулро ба шунаванда расонад, фаҳмонад. Ӯро шефтаи чунин шоҳкориҳои ақлу хиради инсонӣ гардонад.

Абдуррашид Хӯҷамқулов дар қироати асари безаволи Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» санъати волои суханварӣ, дарки ботинии ҳақиқати таърихӣ ва тавассути калом неруи тавонои дар дили шунаванда бедор кардани ҳиссиёти хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро нишон додааст.

Қироати ҳар боби китоби «Тоҷикон» бо порчае аз сарсухани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мешавад.

Сабки гузориши саҳфаи мазкур бо садои мутантан ва эҳсосу ҳаяҷони бузурги масъулиятшиносӣ нисбат ба муҳтавои ватанпарастонаи ин асари безавол, ки аз ҷониби Сарвари тоҷикон чун арҷгузории таърихӣ оид ба муҳтавои ин асари барҷастаи илми муосир ҳамчун ҳидоятномаи бузург садо медиҳад, ҳиссиёт ва завқи шунаванда ва хонандаро барои аз худ кардани маънои асари зикршуда даҳчанд мегардонад.

Ҳамин тариқ, суханварӣ санъатест, ки ба ғайр аз табиати физиологии артикулятсияи мувофиқ ба талаботи сухангӯии тахассусӣ, дониш, хирад, дарки моҳияти масъаларо дар доираи матн ва жанри асарҳои илмӣ, илмӣ-таърихӣ ва бадеӣ талаб мекунад. Гӯянда мебояд асосҳо, принсипҳо, қонунмандиҳои пайдоиш, инкишоф ва тараққии мавзӯъро донад, мақсади ниҳоии таълифи мавод ва дар ҳолати дигар асарро ба хубӣ дарк намояд. Аз илми забоншиносии таърихӣ ва муосир баҳравар бошад. Орфоэпия, меъёрҳои овозии забони адабии тоҷикро ба навъи аъло фаҳмад. Суръат, интонатсия, задаҳои ҳиҷоӣ, мантиқӣ ва нозукиҳои вусъати овозиро дар вобастагӣ ба мазмун ва муҳтавои матн донад ва онҳоро истифода карда тавонад.

Забони тоҷикӣ бо собиқаи бузурги таърихӣ ифодагари тавонои тамоми паҳлуҳои моҳият ва зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккур аст. Бо тобишҳои ҳамсони маънавӣ ва рӯҳиву равонӣ дарк ва ифода кардани он муҳимтарин вазифаи соҳибзабонон шумурда мешавад. Дар ин ҷода, шеваи баёну гуфтори Абдуррашид Хӯҷамқулов ҳамчун суханвар, аз намунаҳои беҳтарини тарзи истифодаи касбии қиматтарин ганҷинаи миллӣ − забони давлатӣ мебошад.

Ҳангоми омӯзиши нақши сухан дар муносиботи ҷамъиятӣ зарур аст, он нукта таъкид гардад, ки сифати материалӣ – сохтории мавод аз муҳимтарин ҷузъиётест, ки маҳз тавассути он як падида аз падидаи дигар фарқ мекунад. Дар ин маврид пайдоиш ва инкишофи забон, умуман маводи забонӣ, аз мураккабтарин зуҳуроти ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Он дар доираи як системаи муайян амал мекунад. Бо аломатҳои устувори худ мустақил аст. Қонунмандиҳои пайдоиш, амалкард ва инкишофи худро дунбол месозад.

Ҳама гуна система вазифа ва сифати функсионалӣ дорад. Асоси система, сохтор ва функсияро принсипи номниҳод ва таъйинот дар бар мегирад. Вақте дар бораи забон, пеш аз ҳама, забони тоҷикӣ ҳамчун системаи мустақили зуҳуроти таърихӣ сухан меравад, ин талабот истисно буда наметавонад. Орфоэпия илм дар бораи меъёрҳои овозӣ, аломат, хосиятҳои фарқкунанда ва мустақили мантиқии забони тоҷикӣ ва дигар забонҳост, ки донистан ва риояи он шарти зарурӣ ва муҳим аст.

                                                                     С. Ятимов

Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», №220 (24075) аз 13.11.2020

 

Шӯрои шаҳри амрикоии Болдуэр мехоҳад чойхонаи тоҷикии худро мавриди ҳифозаи вижа қарор диҳад. Агар дар овоздиҳие, ки дар ин шӯро рӯзи сешанбе барпо мешавад, қарори мусбат қабул шавад, бинои муассисаи бо номи “Boulder-Dushanbe Teahouse” (“Чойхонаи Болдуэр-Душанбе”) ба ҳайси муассисае, ки девору ороишоташ арзиши баланди фарҳангӣ, меъморӣ ва таърихӣ дорад, таҳти ҳимоят гирифта мешавад.

Вебсайти амрикоии www.dailycamera.com мегӯяд, барои таҳти ҳифозати фарҳангӣ қарор додани чойхона аъзои ҷамъияти дӯстони чойхонаи Душанбе дар Боулдэр ва ҳам “Боулдэри таърихӣ” талошҳо ба харҷ додаанд.

Фаъолон мегӯянд, бояд деворҳои пурнақшу нигори чойхона таҳти ҳимоят қарор бигирад ва дар сурати пеш омадани зарурат барои тағйир додани намуди берунаву дохилии чойхона, иҷозати махсус лозим мешавад. Дар феҳристи фаъолон таҳти ҳифозат қарор додани сутунҳои кандакоришудаву нақшу нигорҳои дастии деворҳо ва гаҷкориҳову фаввораи дохили чойхона пешниҳод шудааст. Мерси Кемерон, як таърихшинос гуфт, боз ҳам ҳар як ҷузъе аз чойхона бояд санҷида шавад.

Вебсайти амрикоӣ менависад, ки бори аввал мавзӯи ҳифзу ҳимояти фарҳангии чойхонаи тоҷикиро 24-уми октябри имсол дар шӯрои шаҳри Боулдэр баррасӣ карданд ва аксар аъзои шӯро ба тарафдорӣ аз қабули қарори вижа дар бораи ҳимояти ин объекти барои шаҳр муҳим ва таърихӣ ризоият доданд. Он замон қарор шуд, ки овоздиҳӣ барои қабули қарор дертар сурат гирад. Мерси Кемерон мегӯяд, як ҳадафи дигари онҳо ин аст, ки чойхона битавонад ба ҳайси як тарабхонаи маҳбуби сокинони маҳаллӣ кори худро идома диҳад ва баробар бо ин, як макони арзишманди фарҳангӣ арзёбӣ шавад.

Чойхонаи пурнақшу нигори тоҷикӣ дар як шаҳри амрикоӣ таърихи беш аз 30-сола дорад. Дар вебсайти худи ин муассиса дар бахши "Таърихчаи чойхона" дар баробари шарҳи нақши чойхонаҳо дар фарҳанги мардуми Осиёи Марказӣ, дар бораи таъсисёбии ин тарабхона ҳам шарҳе оварда шудааст.

Ба навиштаи муаллифон, (https://www.boulderteahouse.com/) соли 1987 шаҳрдори вақти Душанбе Мақсуд Икромов зимни сафар ба Боулдэр эълон кард, ки Душанбеву Боулдэр бародаршаҳр мешаванд. Барои бунёди он 40 рассому кандакор ва дигар ҳунармандони Тоҷикистон ҷалб шуданд ва меъмор ё муалифи тарҳ Ладо Шанидзе буд. Вебсайт ёдовар шудааст, ки 200 ороишоти чӯбии чойхона дар Тоҷикистон сохта шуда, баъдан ба ИМА интиқол дода шуд.

Ҳоло чойхонаи тоҷикӣ дар Амрико ба ҳайси як тарабхона амал мекунад, саҳни ҳавлӣ дорад ва барои меҳмонҳо навъҳои мухталифи ғизоҳои мардуми шарқу Аврупоро пешниҳод мекунад.

Чойхонаи тоҷикӣ дар Боулдэр аввалин тарабхонаи миллии тоҷикӣ буд, ки дар ИМА сохта шуд. Тафовути ин муассиса аз онҳое, ки солҳои охир пайдо мешаванд, дар он аст, ки дар бунёди чойхонае бо ороишоти меъмории сирф тоҷикӣ мақомоти ҳукумати Тоҷикистон ширкат кардаанд.

Баъди касби истиқлоли Тоҷикистон, боз шудани марзҳо ва имкони сафар ба хориҷа бисёр тоҷикистониҳо ҳам ба ИМА рафта чойхонаву тарабхонаҳои миллӣ боз карданд. Соли 2018 як чойхонаи тоҷикӣ дар шаҳри Омаҳаи аёлати Небраскаи ИМА ҳам ифтитоҳ шуд.

ДУШАНБЕ, 16.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои уламои Арабистони Саудӣ дар изҳороти худ ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» ва дигар созмонҳои ифротиро, ки дар ҷомеаҳои мусулмонӣ  ақидаҳои ҷанг, ошӯб ва нооромиро таблиғ мекунанд, дар асоси фармудаву асосҳои динӣ ҳаракати зиддимардумӣ, зиддидинӣ ва террористӣ эълон намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи хабарии www.skyarabia.com (Middle east).

Изҳороти мазкур дар сомонаҳои муътабари ҷаҳонӣ     www.skyarabia.com, www.bbc.com |Arabic|trending-54936598 ва сомонаи расмии ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  www.spa.gov.sa \2155560| ба нашр расида, вокунишҳои васеъро дар байни мардум ва олимони шинохташудаи дунё ба бор овардааст.

https://khovar.tj/2020/11/sh-roi-ulamoi-arabistoni-saud-tashkiloti-ihvon-ul-muslimin-ro-amchun-sozmoni-terrorist-va-ajridin-etirof-kard/

 

         Ҳамдиёрони азиз!       

          Имрўз мардуми созандаи тоҷик дар арафаи таҷлили яке аз санаҳои муҳими замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон-таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

         Президенти кишваре будан зоҳиран як амри табиӣ  ва оддӣ             метобад, аммо дар асл як масъалаи ҷиддӣ   ва андешахоҳи рўз аст. Яъне ҳар кас ҳуқуқи Президент шуданро дорад, аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё ҳар кас метавонад дар ин мақоми сарварӣ             рисолаташро бо сарбаландӣ  анҷом диҳад. Агар ба таърих бинигарем шахсиятҳое буданд, ки дар мақоми роҳбарӣ      ба давлату миллати худ  хизмати мондагор кардаанд ва номашон дар китоби таърихи инсоният абадан сабт гардидааст.

         Дар ин радиф яке аз шахсиятҳои ҷаҳонӣ   Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмома   Раҳмон мебошад, ки дар замони муосир раҳнамои ҳақиқӣ  ва ҳодии асили миллати тоҷик шуморида мешавад. Ба мақоми Президенти мамлакат расидан худ боварию эътимоди комили мардумро сазовор шудан аст. Мақоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ      -Пешвои миллатро дарёфтан аз ҷониби Эмомалӣ    Раҳмон маънои муҳаббату садоқати мардумро ба даст овардан аст. Муҳаббату самимияти миллати тоҷик нисбати ин абармард буд, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор гардида буд, зиёда аз 90 фоизи овозҳоро соҳиб гардида, ба бахти миллати тоҷик бори дигар Сарвари давлат интихоб гардид. Маҳз дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ    мардуми шарифи кишвар баҳри рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол боварии худро ба Пешвои миллат тариқи овози худ исбот сохтанд. 

      Мехоҳам вобаста ба хизматҳои арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ             Раҳмон дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон қайд намоям, ки кишвари мо маҳз бо талошу заҳматҳои Ҷаноби Олӣ          сиёсати дохилию хориҷии худро ба таври мустақил ба роҳ монда, ба созмону ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ  шомил гардид ва бо кишварҳои ҷаҳон робитаҳои дўстона ва дипломатиро пиёда намуд.

Имрўз зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, пешниҳодҳои кишвари моро оиди проблемаҳои глобалии ҷаҳон эътироф менамоянд. Боиси ифтихори мо тоҷикон аст, бо ҷонибдории зиёда аз 120 кишвари дунё чор ташаббуси Тоҷикистон дар соҳаи об ҷонибдорӣ ёфта, ташаббуси чоруми кишвари мо Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул гардид, ки дар қабули он саҳми Пешвои миллат ниҳоят бузург аст.

Маҳз таҳти роҳбарии ин фарзанди фарзонаи миллат кишвари мо ба Ваҳдати миллӣ  ноил гашта, пас аз солҳои    2000-ум ба марҳалаи рушди устувор ворид гардид. Дар ин радиф Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бахусус шаҳри Хоруғ низ рушди босуботи худро пайдо намуда, аз бунбасти коммуникатсионӣ     раҳо ва истиқлолияти энергетикии худро комилан таъмин намуд. Имрўзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ     низ дар ин минтақа оғоз гардида, ҳадафи чоруми давлату ҳукумат-саноатикунонии босуръат низ дар амал татбиқ гардида истодааст.

Ҳамдиёрони азиз!

Р ўзи Президент дар таърихи давлатдории навини тоҷикон воқен р ўзи таърихӣ  ва хотирмон аст, зеро маҳз 16-ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ      Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Ш ўрои Олӣ   Раиси Шўрои Олӣ     интихоб гардида, роҳу усули эъмори давлатдорию давлатсозии тоҷиконро ба таври дигар амалӣ   намуд. Инчуни 16 ноябри соли  2018 аввалин чархаи Неругоҳи обии  барқии Роғун, ки иншооти бузурги аср мебошад, бо иштироки Роҳбари давлат ба кор андохта шуд, ки ин падидаи сиёсӣ  ба пешрафти минбаъдаи кишварамон такон хоҳад бахшид.

Дар фарҷоми сухан мехоҳам иброз намоям, ки дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ бо назардошти вазъи зудтаъғирёбандаи ҷаҳони муосир ва авзои ноороми сайёра барои ҳар яки мо зарур аст, ки бо дарки масъулияти баланди шаҳрванд  ва ифтихори волои ватандор атрофи сиёсати созанда, бобарор ва дурбинонаи Президенти кишварамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ     Раҳмон муттаҳид шавем ва ҳамчун рамзи садоқат ба Президент ва наслҳои оянда инчунин пешрафту шукуфоии кишварамон содиқона хизмат намоем.  

Бо изҳори чунин суханон ҳамаи мардуми бостонии тоҷикро ба муносибати Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба Президенти кишвар ва хонаводаи ҳар як тоҷикистонӣ             саломатию сарфарозӣ, бахту иқбол ва барои кишвари маҳбубамон пешрафти босуботро таманно дорам.

Рўзи Президент муборак, ҳамдиёрони азиз.

Уважаемый господин Председатель,
Уважаемые коллеги и главы делегаций!

Прежде всего, хотел бы выразить признательность Президенту Российской Федерации Владимиру Владимировичу Путину за организацию сегодняшнего заседания.

Российская сторона в ходе своего председательства проделала большую работу по сохранению темпов стабильной работы нашей Организации, и вышла на ряд значимых практических результатов.

Одобряем принятие по итогам сегодняшнего заседания солидного пакета решений и документов, которые охватывают насущные вопросы нашей дальнейшей совместной работы.

 Уважаемые коллеги,

Председательство в ШОС переходит к Таджикистану, и оно по времени совпадает с юбилейным саммитом Организации.

В этой связи хотел бы вкратце изложить наше видение основных направлений совместной работы на предстоящий период.

Таджикистан намерен на основе принципа преемственности работать над дальнейшим развитием нашей Организации и укреплением её потенциала.

 На фоне пандемии коронавирусной инфекции мы сегодня сталкиваемся с новыми социально-экономическими вызовами.

Национальным экономикам стран, в том числе Таджикистана, наносится значительный ущерб.

Пандемия внесла определенные коррективы в динамику роста глобальной экономики.

Она стала фактором резкого роста безработицы, препятствием для притока инвестиций и развития торговли.

Различные страны могут столкнуться с угрозой продовольственной безопасности.

По оценкам авторитетных международных организаций, негативное влияние последствий пандемии на мировую экономику носит долговременный характер.

Очевидно, что эти вызовы диктуют нам актуальность принятия необходимых мер по адекватному совместному реагированию на них.

В этом контексте крайне важным является наращивание торгово-экономического сотрудничества на пространстве ШОС.

Другой приоритет своего председательства мы видим в дальнейшем укреплении внутренней консолидации нашей Организации с использованием всех имеющихся возможностей и ресурсов для взаимной поддержки.

Выражаем признательность государствам-членам ШОС за оказанную Таджикистану помощь и поддержку в борьбе с пандемией.

В части приоритетов в сфере экономического взаимодействия считаем важным сосредоточиться на укреплении взаимовыгодных хозяйственных связей.

 Подчеркиваем важность разработки и последующего принятия в рамках ШОС Плана первоочередных мер, направленных на смягчение и преодоление социальных и экономических последствий нынешнего кризиса.

Большое значение имеет решение вопроса создания специализированного финансового института Организации.

Надеемся на сближение позиций государств-членов по данному вопросу.

Деловому совету и Межбанковскому объединению ШОС в сотрудничестве с международными финансовыми институтами необходимо разработать эффективные механизмы поддержки малого и среднего предпринимательства, а также притока инвестиций.

Мы намерены продвигать вопросы широкого использования транзитных возможностей пространства ШОС.

Назрела необходимость наращивания сотрудничества в секторах промышленного производства и энергетики, включая сферу возобновляемых источников энергии, особенно гидроэнергетики.

Мы намерены провести первые совещания министров промышленности и энергетики государств-членов ШОС.

Планом мероприятий нашего председательства также предусмотрено проведение в Таджикистане Совещания министров сельского хозяйства государств-членов с участием ведомств, ответственных за продовольственную безопасность.

Рассчитываем, что в рамках указанного совещания будет предметно обсужден комплекс вопросов, связанных с преодолением продовольственных последствий пандемии.

Намерены содействовать выработке правовой основы для беспрепятственной транспортировки социально значимых товаров первой необходимости, в частности, продовольствия и медикаментов.

С учётом продолжения пандемии, особую актуальность приобретают вопросы укрепления сотрудничества в области здравоохранения.

Отдельно хотел бы отметить важность активного взаимодействия в деле профилактики и лечения Ковид-19.

 В контексте гуманитарного сотрудничества Таджикистан в качестве председателя будет приветствовать все предложения по расширению сотрудничества в сферах образования и науки, культуры, спорта, туризма, а также работы с молодежью.

В нынешних условиях особое значение имеет развитие сотрудничества в области охраны окружающей среды, включая вопросы изменения климата.

Рассчитываем на дальнейшую поддержку партнеров в реализации наших инициатив по глобальной водной повестке, в том числе предложения об учреждении Международного фонда защиты ледников.

Уважаемые коллеги,

Устойчивый мир и безопасность на пространстве ШОС являются залогом нашего успешного развития.

В этом контексте считаем необходимым продолжить совместную целенаправленную работу по борьбе с глобальными угрозами и вызовами безопасности.

Коллективных усилий требует противодействие распространению радикальной идеологии, особенно среди молодёжи, а также использованию в преступных целях новых технологий, в том числе интернет - ресурсов.

Наряду с вопросами кибер-безопасности, мы будем уделять необходимое внимание проблемам устранения социальных причин проявлений терроризма и экстремизма.

Природа вызовов и угроз различна, что требует отдельного и особого подхода к каждому из них.

В этом контексте, вновь подчеркиваем актуальность ранее озвученного нами предложения о создании постоянно действующего Антинаркотического центра ШОС в городе Душанбе.

В рамках своего председательства намерены содействовать расширению сотрудничества наших государств по линии оборонных ведомств и пограничных служб.

В этом контексте важной задачей остаётся продвижение взаимодействия в вопросах укрепления потенциала наших государств по охране внешних границ в Центрально-Азиатском направлении.

В центре нашего внимания остаётся сложная ситуация в Афганистане.

Мы неоднократно подчеркивали, что судьба и будущее Афганистана должны решаться самим народом этой страны.

 Отмечаем все созидательные начинания по налаживанию процесса мирных переговоров в Афганистане и надеемся на практические результаты усилий, направленных на политическое решение афганской проблемы.

Необходимо продолжить поиск путей поддержки и реализации проектов, направленных на социально-экономическое возрождение Афганистана.

В ходе своего председательства мы намерены всячески способствовать активной деятельности Контактной группы «ШОС – Афганистан», в том числе реализации соответствующей дорожной карты.

Уважаемые коллеги,

В текущем году мы отметили историческую дату семидесяти пятилетия Победы над фашизмом.

На фоне роста глобальных вызовов и угроз, горькие уроки Второй мировой войны предупреждают нас о необходимости единства в поддержании устойчивого мира, стабильности, спокойствия и мирной жизни человечества.

 В этом году мировое сообщество отметило другое историческое событие - семидесяти пятилетие создания Организации Объединённых Наций.

ООН остается главной платформой для достижения консенсуса по ключевым вопросам международной безопасности и устойчивого развития.

В рамках своего председательства Таджикистан намерен прилагать необходимые усилия по укреплению международных позиций ШОС.

Имеем в виду продолжить практику проведения совместных мероприятий высокого уровня между ШОС и ООН.

Будем оказывать всестороннее содействие наращиванию взаимодействия с государствами-наблюдателями и партнерами по диалогу, активизации практического сотрудничества с региональными партнерскими организациями по схожим задачам.

Приложим необходимые усилия по укреплению договорно-правовой базы сотрудничества в рамках ШОС.

Уважаемые коллеги,

С большим удовольствием хотел бы пригласить вас на юбилейный саммит глав государств-членов ШОС, который планируем провести в следующем году 16-17 сентября в столице Таджикистана.

Убежден, при поддержке государств-членов и содействии постоянно действующих органов нас ждёт содержательная совместная работа.

В заключение, хотел бы выразить искреннюю благодарность всем за теплые поздравления и добрые пожелания в мой и моей страны адрес.

Спасибо.

ДУШАНБЕ, 10.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, иҷрокунандаи вазифаи Президент, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Роман Головченко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, Президенти Муғулистон Халтмаалгийн Баттулга ва Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов иштирок намуданд.

Дар ҳошияи ҷаласа муроҷиати видеоии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш интишор гардид.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тариқи видеоконференсия таҳти раёсати Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор гардид, ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои давлатҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва масъалаҳои умдаи марбут ба вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои ҷониби Россия дар давраи раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай ёдовар шуда, таъкид намуданд ки ҷониби Тоҷикистон низ дар давраи раёсати худ дар Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021 тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд, ки ҳамкории байнидавлатӣ дар доираи созмон ба марҳилаи наву босифат ворид гардида, чорабиниҳои нақшавии ин созмон, аз ҷумла ҷаласаи ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шавад.

Тавре таъкид карда шуд, ҷаласаи кунунии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар даврае баргузор мегардад, ки минтақа ва ҷаҳонро паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 фаро гирифта, ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва молиявии аксари кишварҳои ҷаҳон, ҳамчунин ба ҷараёни рушди муносибатҳои байнидавлатии давлатҳои аъзо дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти таъсири хатарҳои пешгӯйинашавандаи ин беморӣ ба иқтисодиёти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, зарурати рушди ҳамкориҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла саноат, энергетика, нақлиёт, молия ва бонкдорӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш таъкид намуда, таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои созмонро ба зарурати дарёфти роҳу усулҳои нави ҳамкориҳо дар ин соҳаҳо, ҳамчунин муборизаи беамон бар зидди зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ, инчунин мусоидат ба татбиқи ташаббусҳои бузурги Тоҷикистон дар соҳаи обу экология ва дастгирию ҷонибдорӣ аз онҳо ҷалб намуданд.

Бо дарназардошти хатари афзояндаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз манбаҳои маблағгузории терроризму экстремизми байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд ва афзоиши офатҳои табиӣ бар асари тағйирёбии босуръати иқлими сайёра ва таъсири инсон ба табиат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази доимамалкунадаи зиддимуходиротии Созмони ҳамкории Шанхай ва Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар доираи Рӯзномаи байналмилалии об бори дигар таъкид намуда, дар хусуси дастгирии онҳо аз ҷониби шарикони Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин доир ба вазъи кунунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва мусоидати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодию иҷтимоии ин давлат, ҳамчунин тақвияти ҳамгироии созмон бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, бахусус СММ фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Баёнияи Москва ва силсилаи ҳуҷҷатҳои марбут ба ҳамкориҳои ояндаи кишварҳои аъзо қабул гардиданд.

Бо ҳамин ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, анҷом ёфт ва раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай аз Федератсияи Россия ба ҷониби Тоҷикистон гузашт. Тибқи нақша, ҷаласаи ҷашнии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-солагии таъсисёбии ин созмон рост меояд, соли 2021 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

  •  
  • Навори аз инҷо бинед

https://www.facebook.com/abdumanovabdusalom/posts/372218584093965

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор