ИНТИХОБОТ ВА МАҚОМУ ВОСИТАИ ИШТИРОКИ ИНСТИТУТҲОИ СИЁСӢ

 

       ИНТИХОБОТ ВА МАҚОМУ ВОСИТАИ ИШТИРОКИ ИНСТИТУТҲОИ СИЁСӢ ДАР БАРГУЗОРИИ ОН ТИБҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Тибқи қарори ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11 октябри соли 2020 дар кишвар интихоботи навбатии Президентӣ баргузор мегардад, ки аз ҳар як шахс масъулияти баланди шаҳрвандӣ, саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи кишвар ва муайян намудани беҳтарин барномаи пешазинтихоботии номзадҳоро барои ҳафт соли оянда тақозо дорад.

         Интихобот, ки унсури асосӣ ва зарурии сиёсат аст, дар инкишофи муттассили ҷомеа мақом ва нақши фаъол дорад.

         Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари демократӣ буда, ҳокимият ё идора намудани он дар дасти халқ аст. Яъне фақат халқ ҳуқуқ дорад, ки вакил ё Президенти давлати худро интихоб кунад ва баҳри ворид намудани таъғирот ба Конститутсия раъй диҳад.

         Моҳияту хусусиятҳои интихобот дар Эъломияи ҳуқуқи башар нишон дода шудааст: «Ҳар инсон ҳақ дорад, дар идораи корҳои кишвари худ бевосита ё тавассути намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, ширкат кунад».

         Дар олам кишвареро дарёфт намудан номумкин аст, ки аз интихобот истифода нанамояд. Яъне ин маъракаи сиёсие мебошад, ки халқ тавассути иродаи сиёсии худ тақдири минбаъдаи кишвари худро  муайян менамояд. Маҳз шаҳрвандон дар интихобот иштирок намуда, ҳокимиятро ташкил менамоянд ва бо ин амал фаъолияти ҳокимиятро қонунӣ мегардонанд.

         Дар хусуси мақоми сиёсии Президент метавон гуфт, ки Президенти кишваре будан зоҳиран як амри табиӣ ва оддӣ метобад, лекин дар асл як масъалаи ҷиддӣ ва андешахоҳи рӯз аст. Яъне ҳар кас, ки онро ягон институти сиёсӣ ба ин мақоми олӣ пешниҳод менамояд, ҳуқуқи Президент шуданро дорад, аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё ҳар кас метавонад дар ин мақоми сарварӣ рисолаташро бо сарбаландӣ анҷом диҳад? Зеро дар марҳалаи мураккаб гардидани равандҳои муосири ҷаҳонӣ ва торафт пурихтилоф гардидани авзои сиёсии сайёра муаррифӣ намудан ё намояндагӣ намудани як кишвар дар арсаи байналмилалӣ, пиёда намудани сиёсати дохилию хориҷӣ ва андешидани тадбирҳо баҳри боло бардоштани иқтисоди миллӣ, ки салоҳияти асосии Президентро ташкил медиҳад, кори осон нест.

         Ҳамаи ин аз шахсе,  ки мехоҳад номзадиашро ба ин мақом пешбарӣ намояд, таҷрибаи ғании ҳаёт, фаъолияти пурсамар дар пешрафти сохторҳои гуногуни давлатӣ ва  гузаштан аз мактабҳои сиёсиро тақозо дорад.

         Дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон минҷумла Тоҷикистон тартиби баргузории интихобот ва тарзи пешбарии номзадӣ ба мансаби Президентро ягон сохтор ё элитаи сиёсӣ муайян намекунад. Ин тартибро фақат қонунгузорӣ муқаррар намудааст.

         Талабот ва муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуқуқи пешбарии номзадҳо ба мақоми Президентро фақат ба институтҳои сиёсӣ-Федератсияи иттифоқҳои касаба, Иттифоқи ҷавонон, ҳизбҳои сиёсӣ, маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ муқаррар намудааст. Воситаи худпешбариро Қонуни мазкур ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян накардааст.

         Барои ҳар як шахсе, ки мехоҳад дар корҳои сиёсию давлатӣ иштирок намояд, шомил шудан ба аъзогии ин ё он ҳизби сиёсие, ки фаъолияташ ба манфиати халқ ва рушди соҳаҳои гунонгун равона гардидааст,  воситаи муҳим мебошад. Зеро фаъолияти ҳизби сиёсӣ ба манфиати ин ё он гурӯҳи иҷтимоии одамон равона гардида, дар ҳалли манфиатҳои сиёсӣ нақш ва мақоми асосӣ дорад. Лекин ҳар як аъзо бояд ба ҳизб эътиқоду эътимод дошта бошад ва дар тадбиқи барномаи сиёсии он масъулияти баланд эҳсос намояд ва маҳз бо ин амал мақоми ҳизб низ дар байни халқ боло меравад.

         Дар ин радиф бояд аз таърихи ҳукмронии собиқ давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ ёдовар шуд, ки агар дар он замон ягон мансабдорро аз мансаб барканор мекарданд ё ягон шахсро дар содир намудани ҷиноят муттаҳам мекарданд, ба ҳамаи таъиноти ҷазо розӣ мешуд, вале фақат аз ҳукумат хоҳиш менамуд, ки аз ҳизб ӯро хориҷ накунанд ва билети ҳизбиашро аз дасташ нагиранд. Дар Тоҷикистон имрӯз бисёрҳизбӣ вуҷуд дорад, ки ин дар рушд ва таҳкими демократия нақши асосӣ дорад. Вале фаъолияти ҳамаи ҳизбҳо бояд дар доираи қонунгузорӣ ва ба манфиати халқ равона гардад.

         Маҳз барои ҳамин раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешравии фаъолияти ҳизб ва тадбиқи ҳадафҳои барномаи сиёсии онро на аз шумора балки аз сифатнокии аъзои ҳизб вобаста медонад.    

         Дар воқеъ интихобот дар сатҳи зарурӣ ва навъу шаклҳои самарабахши идораи ҷомеа фаъолияти сиёсии одамон, институтҳои сиёсиро самаранок мегардонад ва дар кори таъмини инкишофи ҷомеа саҳм мегирад.

         Вобаста ба ин ба номзадҳо ва шахсоне, ки кӯшиши иштирок дар интихоботи Президентиро доранд, бояд ба ин маъаракаи сиёсӣ на аз рӯи Конститутсияи кишварҳои дигар, балки аз рӯи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар намоянд ва тибқи муқаррароти Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо фаҳми дурусту амиқи қонунгузорӣ корҳои ташвиқотиро пиёда намоянд.

 

       Анвар Акрамов-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор