Ба ифтихори 26 – умин солгарди таъсисёби Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Хоруғ ба ҳайати шахсии сарбозону афсарони қисми ҳарбии 0410 – и ҳамин қушун, Дидбонгоҳи сарҳадии шаҳр ва нуқтаи гузаргоҳи маҳаллаи Тем зиёфати идона ташкил карда шуд.
Ҳамзамон бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ барои ҳайати шахсии аскарони қисми ҳарбии 0410 ба маблағи 2500 сомонӣ телевизори нави истеҳсоли “Samsung” тақдим гардид.
Хадамоти матбуоти
МҲД – и шаҳри Хоруғ