Масъалаҳое, ки Карим Давлатов дар мақолаи «Ҳаракати босмачигарӣ чун лаккаи таърихии наҳзатӣ» ба миён гузоштааст, дар ҷомеаи имрӯзаи мо ба хотири тарбияи солими насли ҷавон хеле ба маврид буда, аз аҳамияти калони назариявию амалӣ бархурдор мебошад.
Ин ҷо ҳак ба чониби муаллиф аст, вақте ӯ байни босмачиҳо ва наҳзатиҳо як айнияти равшанеро мушоҳида менамояд.
Босмачиҳо ҳомии низоми ақибмондаи феодалӣ ва расму анъанаҳои асримиёнагӣ буданд ва барои абадӣ нигоҳ доштани ин сохти пӯсида бо ҳар роҳу васила мардумро тороҷ менамуданд. Наҳзатиён низ баҳри эҳёи он низоми фарсуда талош варзида, бо дастури хоҷагонашон ба нобуд кардани чеҳраҳои саршиноси миллати тоҷик камар бастанд. Куштори С.Кенҷаев, Ҳ.Қосимов (қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ), Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва чандин нафарони дигар аз қабили онҳое ҳастанд, ки бо дасти қотилони наҳзатӣ ба магр маҳкум шуданд. Босмачиён барои пойдории сохти амирӣ манфиатҳои зиёди моддию маънавӣ доштанд. Наҳзатиҳо низ барои бунёди он низоми пӯсида манфиатҳои махсуси худро медиданд. Барои пойдории он кӯшиш карданд, ки аз дастгирии қувваҳои манфиатхоҳи хориҷӣ истифода кунанд.
Босмачиҳо ҷомеаи дунявии илму маърифатбунёдро душмани қаттоли хеш қарор дода буданд, террористони наҳзат низ дар бунёди ҷомеаи дунявӣ душмани ҷонии хешро дида, ҳатто барои бардоштани як калимаи «дунявият» аз «Конститутсия» хеле талош варзида буданд. Босмачиён барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш роҳу усулҳои зиддиинсониро истифода бурданд, инҳо низ (наҳзатиён) дар ин самт аз ҳаммаслакони як аср пешинаи хеш ҳеҷ камие надошта, баръакс аз онҳо мегузарониданд. Босмачиҳои дузду ғоратгар дар роҳи расидан ба ҳадафҳои худ ба қишри бесавод ва торики ҷомеа такя мекарданд. Ин ҳолат дар «Дохунда»-и С.Айнӣ чунин тасвир шудааст: «Нафаре аз одамони Иброхим-бӣ ба сурати чӯпон ривояти пайдо намудани як аспи сиёҳи думбуридаи занҷирнӯхтадор ва дар даруни борҳо мавҷуд будани ду қутти тир ва шаш дона милтиқро дар назди мардум нақл кард, Иброхим-бӣ баъди шунидани ин суханон ба мардум нигоҳ карда гуфт! Шунидед! Ин аст ёрии илоҳӣ, ин аст силоҳи ғайбӣ, ки Худо ба мо фиристодааст, шумо ҳама беимонед, ки дар роҳи Худо ёрӣ доданро намехоҳед, акнун ман миёни худро маҳкам баста, ба кор баромадам, ҳар кас, ки гардантобӣ кунад, дониста монад, ки ба ғазаби Худо гирифтор мешавад ва ба ҷо оварандаи он ғазаб худи ман ҳастам..» Босмачиҳои нав (наҳзатиён) низ солҳои 90-уми асри гузашта маҳз қишри камсавод ва пойбанди ақидаҳои носолими динибудаи аҳолии мамлакатро асоси нерӯ ва такягоҳи хеш қарор дода буданд.
Хулоса, бисёр хуб мебуд агар аз тарафи коршиносон ва таҳлигарони ҳодисаҳои таърихӣ дар ин мавзӯъ ҳар чӣ бештар мақола чоп мегардиду симои воқеии ин ду қишри ҳам барои миллату дин ва ҳам барои тамоми башарият хатарнок фош мегардид, зеро насли ҷавоне, ки баъд аз ин ба ҳаёти фаъоли ҷамъиятӣ ворид мегардад, бояд аз ин хатарҳо, яъне таъсири нодурусти нерӯҳои манфиатҷӯе, чун наҳзатиҳо ва амсоли онҳо дар амон бошад. Сониян, агар хоҳем, ки ҷомеаи тоҷикро як ҷомеаи пешқадам ва барои тамоми ҷомеаи башарӣ намунавӣ муаррифӣ намоем, бояд дар мафкураи насли ҷавон танҳо арзишҳои созандаву замонавӣ ташаккул бояд дода шавад.