Чоҳканҳо зери чоҳ афтоданд….

         Эй террористони наҳзатӣ ҳамин шумо Шоҳнаими Карим, муовини раиси ташкилот, Бобоев Абдусаттор, Маҳмудҷони Файзраҳмон, Усмонзода Фатҳуддин, Парвинаи Иброҳимзод ва дигарон аъзоёни Раёсати олии Ҳизби наҳзати ислом набудед, ки 2-юми марти соли ҷорӣ дар назди бинои полиси шаҳри Вена, пойтахти Утриш, ҷамъ омада, барои истирдод нашудани узви фаъоли қаноти ҷангиатон Ҳизбулло Шоҳвализода даъвои эътирозӣ кардед.

Боз нашармида 06-ум март дар баёнияатон бо каззобию маккорӣ изҳор мекунед, ки Шовализода узви ҲНИ нест ва ҳаргиз набудааст. Пас шумо ба ҳар як аъзои феъолии худ дар рўбарў гаштан бо чунин ҳодисаҳо бархурд хоҳед кард ва ба зудӣ аз ў даст мекашед. Аз ин пиндору кирдори роҳбарияти ҳизб бояд дигар аъзоёни гумроҳи он хулосаи мантиқӣ бароранд! 

Бо пахши изҳороти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парда аз рўи бадхоҳону хоинони ватанфурўши наҳзатӣ бардошта шуд ва сирҳои ниҳонии онҳо дар назди аврупоиҳо ва миллати шарафманди тоҷик фош гардид. Чунин амалҳои хоинонаи наҳзат дар гумроҳ намудани ҷавонон ва аз онҳо омода намудани террорист ва қотилони хунхор бори аввал нест.

Барои бозҳам ошкортар шудани чеҳраи авомфиребонаи роҳбарияти ҲНИ ва амалҳои ҷинояткоронаи онҳо бар зидди сулҳу суббот ва оромии кишвар, инчунин қатли бераҳмонона сокинони ҷумҳурӣ, мактуби тасдиқкунандаи аъзогии Шовализода Ҳизбуллоҳ дастрас гардид, ки бевосита аз ҷониби Кабирӣ 19-уми апрели соли 2019 дода шудааст.

ТАРҶУМАИ ТОҶИКИИ МАКТУБИ МУҲИДДИН КАБИРӢ ОИД БА МАНСУБИЯТИ ШОВАЛИЗОДА ҲИЗБУЛЛО БА ТТЭ ҲНИ

  

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Дафтари Идорӣ

 

Ба ҳар касе ки дахл дорад

 

Ман мехоҳам ба Шумо иттилоъ диҳам, ки шаҳрванди Ҷумуҳурии Тоҷикистон Шовализода Ҳизбуллоҳ, санаи таваллудаш 27.01.1991с., ҷонибдори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад.

Ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар се соли охир ба таври  драматикӣ бад шуд, чун роҳбарияти давлат ҳизби пешсафи мухолифи кишвар ҲНИТ-ро моҳи сентябри соли 2015 мамнуъ эълон кард. САҲА, СММ, ИМА, ИА, Авфи байналмилал, HRW, Freedom House, ҳамчунин созмонҳои дигари ҳуқуқӣ башар ва нозирони байналмилалӣ барои аз ҷониби ҳукумат мамнуъ шудани ин ҳизб ва  чораҳое ки нисбат ба он андешида мешаванд изҳори нигаронӣ кардаанд.

 

Бо эҳтиром

Имзо

Муҳиддин Кабирӣ

 

Агар Шумо ниёз ба маълумоти бештаре дошта бошед, Шумо метавонед бо сухангуи ҲНИТ ҷаноби Маҳмудҷон Файзраҳмонов, ки дар шаҳри Вена зиндагӣ мекунад, тариқи почтаи электронӣ Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. рақами +436649795485 дар тамос бошед. 

 

 

Ғафуров Абдулло, мудири шуъбаи таърихи навтарини Институти  таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҶТ


Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор