Шуъбаи хифзи муҳити зисти шаҳри Хоруғ ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев аксияи “Соҳили тоза” баргузор намуданд.
Дар он зиёда аз 100 нафар донишҷӯёну кормандони шуъба канори чапи соҳили дарёи Ғундро аз пули пиёдагарди маҳаллаи Носири Хусрав то купруки мошингузари роҳи асосии шаҳр аз ҳаргуна хасу хошок ва ахлоту хокрӯбаҳо тоза намуданд.
Бояд қайд кард, ки чорабинӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 - 2028 гузашта, дар назар аст, ки дар ояндаи наздик чунин аксияҳо бо ширкати ҷавонони шаҳр бештар роҳандозӣ мегарданд.