ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ХОРУҒ

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ бо иштироки котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов, мушовири Бахши ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаву раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ҷаласаи Шуро баргузор гардид.

Инчунин дар чорабинӣ муовини раиси вилоят Умедҷон Нозирзода, кормандони сохторҳои қудратӣ, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Шуъбаҳои кор бо занон ва оилаву оид ба корҳои дин, танзиму анъана ва ҷашну марсимҳои миллӣ, аҳли маориф, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷавонон ширкат намуданд.

Зимни баромади худ К. Шамирӣ қайд кард, ки саҳми Шуро дар раванди демократикунонӣ, барқарорсозии ҳамоҳангсозию ҳамгироӣ байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, баррасии проблемаҳое, ки барои ҷомеаи мо доғи рӯз ҳастанд, нақш ва мақоми хоса дорад:

 

- Гарчанде аз таъсиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати тӯлоние нагузашта бошад ҳам, лекин дар ин давр бо ибтикори он, ки сохтори машваратӣ ва таҳлилӣ маҳсуб меёбад, масъалаҳои дорои аҳамияти давлатию миллӣ омӯзиш ва баррасӣ шуда, Шӯрои ҷамъиятӣ барои рафъи баъзе норасогиҳо тавсия ва пешниҳодҳоро таклиф менамояд, ки дар раванди расидан ба ҷомеаи демократии шаҳрвандӣ муҳим арзёбӣ мегарданд, - мегӯяд раиси шаҳр.

“Воқеан Шӯрои ҷамъиятии мамлакат замоне арзи вуҷуд кард, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳоро мавриди корбурд қарор доданд, то пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ ва харобии кишварро гирифта, сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагӣ дар байни тоҷикистониён эҳё гардад. Таъсиси Шӯро иқдоми бевоситаи Роҳбарияти Олии давлат буд, ки мехостанд дар амри истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тамоми нерӯҳои солимандеши сиёсӣ, созмонҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар қувваҳои созандаи ҷамъиятро муттаҳид созад ”- афзуд К. Шамирӣ.

Зикр гашт, ки раванди оғозгардидаи истиқрори сулҳ аз ҷониби Ҳукумат, аҳли ҷомеа ва ҳам нерӯҳои мухолиф амалҳоеро тақозо намуд, ки ба таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ мусоидат намоянд. Бинобар ин, аз ҷониби Ҳукумат, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ иқдом гирифта шуд, ки созмони ҷамъиятиеро ба вуҷуд оранд, ки он вазифаи ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми нерӯҳоро ба хотири таҳкими раванди сулҳу созандагӣ дар Тоҷикистон адо намояд. Зеро вазъияти сиёсӣ ва ҳалли масъалаҳои мураккаби истиқрори сулҳу субот фаъолияти якҷоя ва самараноки нерӯҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматиро талаб мекард.

Яке аз тағйироти ҷиддие, ки ба манфиати ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан дар самти кор бо ҷавонон рӯи кор омад, ин таъсисёбии Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо мебошад.

Ташкили Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии мардуми вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ навгониҳои зиёдро ба вуҷуд оварда, баҳри коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, амалҳои ғайриқонунӣ, аз байн бардоштани кирдорҳои номатлуб, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои волои инсонӣ ва дигар чорабиниҳо заминаи воқеӣ гузошт. Ҳамзамон, дар баробари таъмини амният ва бехатарии шаҳрвандон ситод дар вусъатбахшии корҳои ободонию созандагӣ ва хуррамгардонии Хоруғ нақши барҷаста дорад, ки аз ин иқдом ҳамаи сокинони шаҳр қаноатманданд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамдастӣ бо ситод, раисону фаъолони маҳаллаҳо, зиёиёну ходимони дин ва роҳбарони ташкилотҳое, ки бо ҷавонон сару кор доранд, аз моҳи октябри соли 2018 то ин ҷониб корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, чорабиниҳои маърифатию варзишӣ ва ватандӯстиро бо ҷавонони шаҳри Хоруғ, ки қисмати асосии ҷомеа мебошанд, ба роҳ монда, бо вусъат бахшидани чунин чораандешиҳо нақшаҳои минбаъдаро дар самти кор бо ҷавонон амалӣ хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлили

МИМҲД – и шаҳри Хоруғ

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор