Вобаста ба даъвати навбатии тирамоҳи соли равон бо иштироки раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳамзамон, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардори Шуъбаи шаҳрии КДАМ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, комиссари ҳарбии шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳракҳо ва раисони маҳаллаҳои шаҳр ширкат намуданд.
Раиси шаҳр К. Шамирӣ таъкид намуд, ки масъалаи «Омодагии ба сафарбаркунии шаҳрвандони соли таваллуди 1992 – 2001» масъалаи меҳварӣ буда, оид ба сари вақт ҳаллу фасл намудани он масъулин бояд ҳамаи талошҳоро ба харҷ диҳанд.
Иттилоия аз дастгоҳи
раиси шаҳри Хоруғ