Ҳар ҳафтаи рӯзи ҷумъа масъулини Шуъбаи агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо кормандони Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ машғулиятҳои идоравӣ мегузаронанд.
Чунин машғулиятҳо тибқи реҷаи тасдиқгардида асосан бо хизматчиёни давлатии МҲД – и шаҳр баргузор мешаванд.
Ҳадаф аз гузаронидани машғулияти идоравӣ ин баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорат ва касбияти хизматчиёни давлатӣ мебошад.
Суратгир: Кишвар Амиршоев