Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ, имрӯз 5 август бо рӯзноманигорону намоядагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор намуд.
Инчунин дар нишаст муовинони раису роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва дигар кормандони Мақомоти ҳокимияи давлатии шаҳру раисони ҷамоатҳои шаҳракҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ва Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.
Раиси шаҳр иброз дошт, ки Барномаи рушди иҷтимою иқтисодии шаҳр 91 лоиҳа бо ҷалби маблағи 866,9 млн. сомонӣ ворид карда шудааст, ки аз ин 38 лоиҳа бо маблағи 248,1 млн. сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 26 лоиҳа бо маблағи 400,8 млн. сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 22 лоиҳа бо маблағи 217,0 млн. сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 5 лоиҳа бо маблағи 940,0 ҳаз. сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ рост меоянд.
Дар давоми солҳои 2015-2018 ва нимсолоаи аввали соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои бунёду барқарорсозии иншоотҳо 878 256. 500 сомонӣ равона шудааст, ки аз он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуҳуриявӣ 103 060 300 сомонӣ (11,7%), буҷети маҳаллӣ 776 506 000 сомонӣ (0,9%), сармояи хориҷӣ 737 943 600 сомонӣ (84,0%), маблағҳои худии соҳибкорон 29 487 000 сомонӣ (3,3%) иҷро гардидааст, ки ин 124,8 фоизи нақшаи пешбинишудаи солҳои 2015-2018 ва 100,1 фоизи маблағи умумии барномаро ташкил медиҳад.
Солҳои 2015-2018 нимсолаи аввали соли 2019 52 банди Барнома ба маблағи 837 950 051 сомонӣ пурра иҷро гардида, (аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағи 73 647 200 сомонӣ, сармояи хориҷӣ маблағи 743 249 900 сомонӣ, маблағҳои маҳаллӣ 308,7 ҳазор сомонӣ, маблағҳои соҳибкорон 4 505 000 сомонӣ), дар 19 банд бо маблағи 168 621 200 сомонӣ корҳо идома дошта, дар 20 банд бинобар дарёфт нагардидани маблағ корҳо оғоз нашуданд.
Муомилоти умумии мол дар нимсолаи аввали 2019 дар муассисаҳои савдои ҳамаи шаклҳои моликият ва шахсони воқеии шаҳр маблағи 32956,1 сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 2246,4 сомонӣ ё худ 107,3 фоиз зиёд мебошад.
Бояд қайд намуд, ки истеҳсоли қувваи барқ аз ҷониби неругоҳи барқи обии шаҳри Хоруғ дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 миқдори 46365541,59 кВт/соатро ташкил дод ва ба маблағи 16404018,06 сомонӣ (98 фоиз дар баробари нақша) қувваи барқ фурўхта шуд.
Аз ҷумла, барои корхонаҳои буҷавӣ ба маблағи 5114524,41 сомони қувваи барқ фурухта шуд, ки аз он маблағи 4859290,13 қувваи барқ пардохта шуд, ё худ 95 % пардохт гардид.
Барои аҳолӣ ба маблағи 6506182,32 сомонӣ қувваи барқ фурухта шуд, ки аз он 6491873,73 ё худ 99% пардохт гардид ва барои корхонаҳои тиҷоратӣ ба маблағи 4695573,79 сомони фурухта шуд, ки аз он маблағи 4858828,46 сомонӣ қувваи барқ пардохт шуд, ки103%-ро ташкил медиҳад.
Айни замон, 100 фоизи муштариёни шаҳри Хоруғ бо ҳисобкунакҳои электронӣ таъмин мебошанд.
Қарздории умумии муштариён дар нимсолаи якуми соли 2019 6363222 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он идораҳои буҷавӣ 1513549, тиҷоратӣ 2404321 ва аҳолӣ 2445352 сомониро ташкил медиҳанд.
Талафоти умумии барқ дар шаҳри Хоруғ дар нимсолаи якуми соли 2019 10,59%-ро ташкил медиҳад. Қарздории умумии муштариён дар нимсолаи якуми соли 2019 6 363 222 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он идораҳои буҷавӣ 1 513 549, тиҷоратӣ 2 404 321 сомонӣ ва аҳолӣ 2 445 352 сомониро ташкил медиҳад.
- Мушкилиҳои асосие, ки ба рушди соҳибкории хурду миёна дар шаҳр таъсири манфӣ мерасонанд, ин набудани маблағхои иловагӣ барои соҳибкорӣ ва бизнес, сатҳи баланди фоизи қарзҳо, муҳлати кўтоҳи баргардонидани қарзҳо мебошанд, - иброз дошт раиси шаҳр.
Бояд гуфт, ки дар нишасти матбуотӣ миёни намоядагони ВАО ва раиси шаҳр оид ба дигар масоили мубрам саволу ҷавоб ба таври ошкоро сурат гирифта, раиси шаҳр ба ҳамаи посухҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
раиси шаҳри Хоруғ