Бахшида ба 25 - солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори фарҳанги Мақомоти ҳокимияти давлатии ВМКБ чорабини идона баргузор гардид. Дар он раиси вилоят Ёдгор Файзов, раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ, роҳбарону кормандони ниҳодҳои қудратӣ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва дигар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ВМКБ кормандони кумитаро бо иди касбиашон табрик намуда, фаъолияти ин ниҳодро муҳимтарин дар ҷомеа арзёбӣ кард ва дар корҳои минбаъда ба аҳли Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барору комёбиҳо таманно намуд.
Сипас, раисони вилояту шаҳр, роҳбарияти кумита ба кормандони ин ниҳод дар вилоят ифтихорнома ва дигар мукофотҳоро тақдим карданд.
Хадамоти матбуоти
раиси шаҳри Хоруғ