Дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бо ширкати муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Райҳонбегим, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ Сураҷ Чоршанбиев ва мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Имомёрбек Имомёрбеков мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди тенниси рӯи миз миёни ҷавонони соли таваллуди 1998 ва хурд оғоз гардид.
Зимни кушоиши мусобиқа М. Райҳонбегим теннисбозонро ба муносибати Рӯзи варзишгарон табрику шодбош намуда, аз ҷумла қайд кард, ки варзиш қосиди сулҳу дӯстӣ буда, маҳз тавассути он миёни халқиятҳои гуногуни сайёра бо ҳам муттаҳид мешаванд ва ҷалби ҳарчи бештари наслҳо ба ҳаёти солим рисолати ҳар яки мост.
Гуфта шуд, ки чунин чорабиниҳои варзишӣ соли равон дар вилоят бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр бомаром идома дошта, ҳамарӯза ҷавонону наврасони зиёди кишвар ба онҳо таваҷҷӯҳ доранд.
Ҳоло мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни дастаҳои “Суғд”, “ШНТМ”, “ВМКБ 1”, “Хатлон 1”, “Душанбе” ва “Хатлон” ҷараён дошта, ғолибон бо ҷоизаҳои гуногун сарафроз мегарданд.
Хадамоти матбуоти
раиси шаҳри Хоруғ