НИГАРОНИИ КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ САҲА ТОМАС ГРИМИНГЕР АЗ ҲУЗУРИ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ ДАР АВРУПО

Дар Котиботи Созмони аҳдномаи дастаҷамъӣ (СААД) дар ш.Москва, санаи 25 апрели соли 2019  ҷаласаи корӣ байни ин ташкилоти байналмиллалӣ ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) доир гардид.

 Дар ҷаласа намояндагони давлатҳои аъзо, ҳайати Котиботи СААД  ва намояндагони САҲА бо роҳбарии Котиби генералии ин созмон Томас Гримингер ширкат варзида масъалаи тақвият бахшидани ҳамкориҳоро байни ин ду созмони байналмилалӣ баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо муборизаи дастаҷамъона ба муқобили ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористиву экстремистиро ба хотири таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон самти афзалиятноки кори худ унвон карда, омодагии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои муфиду судманд дар ин бахш иброз доштанд.

Яке аз масъалаҳои асосӣ ва эродҳои аз ҷониби СААД ба Котиби генералии  САҲА Томас Гремингер расонидашуда, ин минбар додан ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, аз ҷумла, ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Аз тарафи Котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таъкид кардид, ки “САҲА яке аз ташкилотҳои обруманди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, ба хотири таъмини амнияту субот дар гушаҳои гуногуни олам саъю кушиши зиёд мекунад. Вале мутаассифона баъзе ташкилотҳои террористиву экстеремистӣ аз иқдомҳои башардӯстонаи ин созмони бонуфуз суиистифода намуда, бо баҳонаи гӯё поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои динӣ ва дунявии худ, аз минбарҳои ин созмони байналмилалӣ ҷор мезананд ва кушиши пинҳон кардани ҷиноятҳои қаблан содиркардаи худро мекунанд.

Котиби генералии САҲА Томас Гримингер барои пешниҳоди маълумот нисбати ТТЭ ҲНИ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ин мавзуъ онҳоро низ хеле нигарон кардааст. Қайд кард, ки САҲА як ташкилоте мебошад, ки дар он сохторҳо ва институтҳои гуногун фаъолият дошта, тасмими иштироки баромадкунандагон дар ҷаласаҳои солонаи САҲА аз ҷониби онҳо гирифта мешавад. Хеле мутаассифанд, ки баъзан  доираҳои бадхоҳ  ин имкониятҳои пешниҳодкардаи САҲА-ро ба манфиатҳои ғаразноки худ истифода мекунанд. Онҳо ин камбудии худро дарк мекунанд ва аз ин рӯ баъди бозгашт ба қароргоҳи САҲА  ҳатман як комиссияи босалоҳияте ташкил дода, масъалаи иштироки ашхоси тасодуфиву нолоиқ ба монанди аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро дар ҷаласаҳои ин созмони байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд кард.

 

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор