Сокинони сарбаланди шахри Хоруг 28-умин солгарди Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистонро дар фазои тинчиву ороми чашн гирифтанд. Ин сахнаи муборак барои тамоми мардуми Точикистон нихоят фархунда мебошад. Мардуми ватандусту механпарвари Хоруг шахр бо шукригузори аз давлату давлатдори, сулху амони ин сахнаи мухимро бо як шукуху шахомати хоса тачлил намуданд. Кайд кардан ба маврид аст дар арафаи чашнгирии Истиклолияти давлати дар шахри Хоруг бо иштироки Муовини Савазири мамлакат Махмадтохир Зокирзода, Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов, Раиси шахри Хоруг Кишвар Шамири ду мехмонхонаи замонави аз тарафи сохибкорони шахри Хоруг сохта ба истифода дода шудаанд, ки ин дар соли рушди дехот саёхи ва хунархои мардуми икдоми нек мебошад. Дар арафаи ин рузи мукаддас як гурухи чавонони чумхури мехмони хонадони сокинони бадахшон гардиданд. Чавонон аз мехмонавози ва пешвозгирии сокинони шахри Хоруг ва вилоят изхори каноатманди намуданд. Чавононро дар майдони И.Сомони раиси шахри Хоруг Кишвар Шамири пешвоз гирифта кадами мубораки онхоро хайри макдам гуфтанд. Чавонон аз Донишгохи Осиёи Маркази дидан намуда дар донишгохи мазкур конфронси илми амали доир гардид. Баъд аз чорабинихои илми амали шоми дустии чавонон доир гардид. Пеш аз огози шоми дусти чанде пеш ба муносибати дараёфти чоми Истиклолият гуштини милли ва волйебол баргузор гардид. Голибонро бо ифтихорнома, маблаг, медал ва Чоми Истиклолият кадрдони карда шуданд. Шоми дустиро шуъбаи фарханги шахр бо сурудхои хеш чамъбаст намуданд. Субхи 6-уми сентябр тамоми сокинони сарбаланди вилоят Истиклолиятро дар боги марказии фарҳангии фароғатии шахр Истиклолиятро бо шукуху шахомат чашн гирифтанд.