Имрӯз, 2 – юми май дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ВМКБ бо ширкати раиси вилоят Ёдгор Файзов ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ лоиҳаҳои ҷории шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Оид ба барномаву сублоиҳаҳо дар хусуси обтаъминкунӣ, беҳтаргардониву азнавсозии системаи обу ташноб, партовгоҳҳои шаҳр, пойгоҳҳои обкашӣ, барномарезиву назорати амалишавии қарордодҳои марбут, масъулини лоиҳаҳо маърӯзаҳои муфидро пешниҳод намуданд.
Сипас, баҳри дар сатҳи баланд, бомарому сифатнок амалӣ гаштани нақшаҳо ба манфиати ҳамаи сокинони Хоруғшаҳр, якҷоя кор кардан бо мардум, аз ҷониби раҳбарони вилояту шаҳр ба масъулин, кормандони идораҳои дахлдор таъкиду маслиҳатҳои судманд пешниҳод шуданд.
Маркази матбуоти
МИМҲД – и шаҳри Хоруғ