Саг ав-ав кунад...

Ба номи Худо

Саг ав-ав кунад...

Суханронии Кабириро дар солгарди “Паймони хунин” шунида, ба ростӣ аз ҳад зиёд густохӣ ва беадабӣ нисбат ба бузургони замони ислом яъне асҳоби паямбари Худо маро дар ҳайрат гузошт. Аҳли суннат ва ҷамоат бояд хусусан донишмандони ислом алайҳи ин беадаб садо баланд карда, бо ҳар роҳу восита ӯро маҳкум ва мақбуҳ намуда, аз ёрони Расули Худо дифоъ намоянд, зеро дифоъ намудан аз ёрони Расули Худо ва изҳори муҳаббат ба онҳо аз воҷиботи имон аст.

Ин густохии Кабирӣ далолат аз хориҷ шудани ӯ аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоатро мефаҳмонад, зеро аҳли суннат қатъан чунин ҷуръат ва беадабиро нисбат ба ёрони Паямбари Худо надоранд, ба ҷуз як иддаи кучак ба мисли Кабирӣ ва амсолони ӯ. Ин Ибни Сабаи Сонӣ ёрони Расули Худоро зерои суол бурда, чунин мегӯяд:

  • Он касоне, ки дар таърих чӣ дар таърихи қабл аз ислом ва чӣ дар замони ислом мехонем, магар онҳо кореро бештар аз Маҳмадалӣ, аз Умар ва Бузургмеҳр ва дигару дигарҳо карда буданд?

 

Худо паноҳ диҳад аз ин даҷҷолони аср. Худоро шукр, инрӯз   ақидаи инҳирофӣ ва мафкураи пучи наҳзатиҳо барои ҳамагон бармало гашт. Мардуми азизи Тоҷикистон шумо дидед, ки онҳо ба замми худ корҳо ва хизматҳои худ ва наҳзатиҳоро аз хидматҳои бузурги асҳоби Паямбар бештару болотар мешуморанд. Дар ҳоле, ки Худованди бузург дар ояҳои зиёди Қуръони маҷид аз асҳоби Паямбар эълони ризоят карда, Худо ва Расулаш кор ва хидматҳои онҳоро қадр ва таҳсин карда, башорат ба ҷаннат додаанд. Зеро ният ва ақидаи онҳо беолоиш ва аъмоли онҳо холис барои Худо буд. Умедворам, ки уламои ислом дар намози ҷамоа аз минбарҳо озоду ошкор ақида ва густохии Кабирӣ ва ё Ибни Сабаҳи Сониро нисбат ба ёрони Паямбар маҳкум намуда, мардумро аз мафкураи инҳирофии онҳо бештар огоҳ месозанд. Абудовуд дар “Сунан”-и худ бо исноди саҳеҳ чунин ривоят кардааст:

  • Як лаҳза пеши Расули Худо будан беҳтар аст аз як умр амал кардан, агарчи умри дароз бинад мисли Нӯҳ.

Кабирӣ корҳои наҳзатиҳоро, хусусан се нафар фалакзадаи кӯчагиро аз хидматҳои тиллоии замони густариши ислом беҳтар донист.

Мо медонем, ки ин ҳарфҳои ӯ не, балки суханони гумоштагони хориҷӣ, яъне хоҷагони хориҷии ӯст, ки бечора Кабирӣ дар дасти онҳо чун лухтаке беш нест, вале бо ин ҳама интизор набудем, ки ин мазҳабфурухта чунин аблаҳона рафтор намуда, саҳобагони Паямбарро дуруд бар ӯ, таҳқир намояд. Шояд маблағҳои хоҷагонаш ақлу тамизи ӯро футур ва коҳиш додааст, ки акнун ба таҳқири саҳобагони Расули Худо оғозидааст.

Шумо, собиқ роҳбарони шумо ва хоҷагони хориҷии шумо арзиши хоки пои бузургони замони исломро надоред, чӣ расад ба худи онҳо. Боз ӯ мегӯяд, ки  “торихзадагиро канор бигзорем”.

Оре, таърихи бузургону нухбагони миллатро раҳо кунему рӯ ба таърихи сиёҳи шумо сабаиҳои нав биоварем.

Ҳазрати Балхӣ хуб гуфтааст:

  • Маҳ фишонад нуру саг ав-ав кунад.

   Ҳар касе ба хилқати худ метанад.

Кабирӣ дар солгарди “Паймони хунин” худро бардор карда, гӯё дар истиқлолияти кишвар саҳим донистааст. Аз ин ҳарфҳои хандаовар ва бемантиқу бепоя ба қавли мардум хара хандаву бузро бозӣ меояд. Намедонам, ки шумо худро чӣ меҳисобед. Неъмати истиқлолият танҳо насиби мо тоҷикон нагаштааст, балки аз ин неъмати бебаҳо тамоми кишварҳои собиқ шӯравӣ баҳравар ва сарафроз гаштаанд. Истиқлол орзуи ҳар як шаҳрванди худогоҳ буд. Аммо дар ин ҷода касе ҳақ ва таъсире надошт. Ин як муъҷизаи илоҳӣ ва неъмати худодод буд барои ҳамаи кишварҳои собиқ шӯравӣ, ки бидуни ҷанг ва хунрезиҳои зиёд озодӣ ва истиқлолияти худро ба даст овардаанд ба ҷуз Тоҷикистон, зеро дар ин кишварҳо ҳизбҳои сиёсии ба ном исломӣ расман фаъолият намекарданд. Кабирӣ ҳаё накарда эътироф карда чунин мегӯяд:

  • Пошхӯрии Шӯравӣ воқеан як фурсат буд, мо мисли бархе аз миллатҳои дигар натавонистем аз ин фурсати хуб истифода кунем.

Бале, сабаби аслиаш ин аз наҳсии шумо наҳзатиҳои ифротӣ буд. Мо дар соли 1991 мелодӣ пас аз ҳама кишварҳои собиқ шӯравӣ истиқлолияти худро эълон намуда, мустақилияти сиёсиро ба даст овардем. Аммо шумо наҳзатиҳо боз чӣ мехостед, ки баъд аз як соли истиқлол, яъне дар соли 1992 мелодӣ роҳпаймоиҳои густурда ва тӯлонӣ ташкил карда, кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида, ғарқи хун ва мардуми тоҷикро пароканда сохта, дар натиҷа халқон аз ин истиқлол пушаймон гашта, афсӯси давлати шӯравии аз байн рафтаро мехӯрданд. Аммо роҳбарони собиқи шумо ба ҷуз дар фикри мансаб ва курсӣ дигар дар фикри касе ва чизе набуданд. Ин бемазҳаб аз Кадриддин Аслонов ном бурда, бо сӯзу гудоз ӯро шахси боарзиш ва дар истиқлолияти кишвар саҳим дониста, ҳукумати Тоҷикистонро нисбат ба ӯ бетафовут ва бемантиқ дониста, эрод гирифтаааст. Оё Шумо медонед, ки Аслонов бо ҳамроҳии дӯсташ Зардакшо Сияров шабона хонаи Мулло Муҳаммадии Қумсангирӣ рафта, аз ӯ барои дастгирӣ кардан дар маъракаи интихоботии президентии соли 1991 мелодӣ хоҳиш ва маслиҳат кардаанд ва домулло розӣ шуд? Ҳангоми бозгаштан ба хонаи Мулло Абдуллои Нурӣ рафта, аз ӯ низ дар ин маърака хоҳиши мадад намуданд. Аммо ҷавоби рад гирифтанд. Нурӣ ва Ҳимматзода аз Давлати Худоназар дастгирӣ намуда, ӯро ба ин мақом пешниҳод карданд. Аммо чаро Нурӣ ва Ҳимматзода-раиси ҳизби наҳзати давр аз Аслоновро дастгирӣ накардаанд? Агар ин рафтор хиёнат ва бемантиқӣ бошад, аввалин шахсони хоин ва бемантиқ Нурӣ ва Ҳимматзода мебошанд.

Аслан таърихи на чандон дур нишон дод, ки Аслонов шахси аз сиёсат дур ва дар корҳои роҳбарӣ бемаҳорату бесалиқа мебошад, ки инро худи ӯ дар назди вакилони мардумӣ ва тавассути телевизион дар назди тамоми мардуми кишвар этироф карда буд, ки кулоҳи сарварӣ дар сараш гаронӣ намудааст. Бо ҷурми ӯ ва ӯ барин роҳбарони ноуҳдабаро ва беҷуръату тарсу Ҳизби наҳзати исломии Шумо бо истифода аз фурсати муносиб Тоҷикистонро ба хун кашид. Пас ба чӣ хотир имрӯз аз ӯ қаҳрамон тарошем? Бо тарҳи хоҷагони хориҷӣ ва бо дасти шумо наҳзатиҳо истиқлоли воқеӣ аз байн рафта буд. Мо танҳо ба ном мустақил будем. Президенти қонунии кишвар Р. Набиевро дар майдони ҳавоӣ Мулло Абдуғаффори наҳзатӣ бо зури силоҳ аризаи истеъфояшро гирифт. Бо ҳамин идораи президентӣ аз байн рафт. Умуман дар он сол давлат ва ҳукумат вуҷуд надошт. Танҳо зургӯён ва силоҳбадастон фармонравоӣ мекарданд, он ҳам ба забони силоҳ. Аз рӯи инсоф бояд гуфт, ки Тоҷикистон дубор мустақил гардид. Бори аввал бо тақдири илоҳӣ ва неъмати худодод дар соли 1991 мелодӣ танҳо бо як эълон мисли дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ истиқлолият ба даст овард. Бори дуюм истиқлоли дар амал он ҳам бо хидмат ва ҷоннисории фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992 мелодӣ ва дар он сол пояҳои давлат ва ҳукумат аз нав устувор ва истиқлоли кишвар пурра барқарор гардид. Аммо истиқлоли дуввум аз якум бисёр душвор ва вазнинтар буд, зеро алакай аз дасти навкарони хориҷ яъне наҳзатиҳо хунҳои зиёд рехта ва мардуми тоҷик пароканда ва сарсон гашта буд.

Эшони Саидмударрис, имом-хатиби масҷиди Хонакоҳи ш.Ҳисор

Сарчашма: https://telegra.ph/SAG-AV-AV-KUNAD-09-18?fbclid=IwAR1Pv4nhnyRJzrRh0DG2tlt2m5G8CzqJ_u9kZW9kRE8wYpp9k92JD3wMdd4

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор