Акнун ба нусхаи аслии Иззат Амон бингаред. Монандиро дарёфтед? Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки шабеҳият танҳо дар чеҳра нест. Сирату замирашон ҷумлагӣ як аст.
Мутаассифона, дар таҳияи рейтингномаҳо ҷумҳурии кӯчаки моро нодида мегиранд, вагарна корномаҳои Иззати «мо»-ро дида, аз навиштаи исми девидҳо шармашон меомад. Тамоми рекордҳои ҷаҳонӣ дар байни қаллобон ба номи Иззат бознавис мегаштанд. Бингар ба саргузашти қаллоби рақами 1 - Иззат Амон.
Сафар инсонро зиёд меомӯзонад. Ҷойе баду дар маконе нек. Вобаста аз мафкураю хулқу атвор мусофир аз ин ду якеро интихоб мекунад.
Иззат низ аз ҷавонӣ хеле сафарҳо дошт. Зиёд ҳам омӯхт. Аз ҷумла, илмҳои нави политтехнологиро. Ва маҷрои ҳаёташро бо ҳамин пайроҳа ҷорӣ кард.
Аллакай дар ин ҷода чандин ҳамсафарро иваз кардааст. Бонавбат гӯл зада, фиреб дода. Ҳар куҷое, ки бӯйи маблағи муфт ба машом расид, Иззат Амон он ҷост: гоҳ дар симои олим, ҷойе чун адвокат, гаҳе чун сиёсатмадор, рӯзе ҳомии ҳифзи ҳуқуқ. Муддате рӯҳонии ҷаррор, моҳе наҳзатии таррор ва соле дунявии шаробхор.
Ҳанӯз замони таҳсил дар Эрон шиораш ин буд: «Ҳамааш дурӯғ аст, ҳам имон ҳам виҷдон ва ҳам шаъну шараф. Он ҷое, ки пул ҳаст ҳамаи инро метавон ба савдо зад». Чунки ба шиа пайвасту аз «илми тақя» бохабар шуд.
Дар Машҳади Эрон мехонду сиғаи наҳзатиҳо гашт. Ончунон ба оғӯши саркардагони ин ҳизби террористӣ гармию нармӣ овард, ки раиси бахши ҷавонони ҲНИ дар хориҷи кишвар интихобаш карданд.
Онҳоро дар сафарҳои хориҷиашон ҳамроҳӣ мекард. Танҳо бо иҷозати алоқаҳои машкуке, ки дар хадамоти махсуси ин кишвар дошт. Аз имтиёзҳои озоде зимни таҳсил бархӯрдор буд. Ҳар куҷо, ки мехост мерафт ва баъдан барои ин мақомот ҳисобот медод.
Соли 2008 Иззат Амон якбора дар Душанбе пайдо шуд. Бо ҷайби пур аз пули покистониҳо ва хеле талош кард, ки мазҳаби «Аҳмадия»-ро дар Тоҷикистон расман ба қайд гузорад. Пешнамози ин мазҳаб дар кишвар гардад. Шахсе, ки бо мазҳаби шиа аҳди вафодорӣ баста буд, якбора қибла иваз кард. Чун мурод ҳосил нашуд («Аҳмадия»-ро ба қайд нагирифтанд), покистониҳоро чапғалате доду ба Маскав панаҳ бурд.
Акнун Иван шуд. «Иванушка»-и хӯҷаинони нав. Дар атрофаш чанд гӯлзадаашро гирд оварда, созмонеро бо номи «Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Россия» номнавис кард. Ва ба «пуштибонӣ»-ю «кӯмак»-расонӣ ба муҳоҷирони бечора пардохт. Ба ивази пули бо арақи ҷабин ёфтаи онҳо, барояшон «аснод» таҳия мекунад: маълумотномаҳои қалбакӣ,қайди қалбакӣ, иҷозатномаи қалбакӣ барои кор ва монанди инҳо. Аз «баракат»-и асноди додаи ӯ, ҳазорҳо шаҳрванди тоҷик аз ҳудуди Русия берун карда шуданд.
Ду сол пеш бо як тир ду нишон зад. Барои маблағгузороне аз Русия ва саркардагони ҲНИ ваъда дод, ки ҳизби ҷавонони Тоҷикистонро ташкил хоҳад кард. Албатта, натавонист. Чун дақиқ буд, ки ин ҳизб ячейкаи дигари ҲНИ мегардад, ба қайдаш нагирифтанд. Лекин маблағҳои ду ҷониб дар кисаи Иззат монданд.
Лоиҳаи навбатии пулкоркунии «Иванушка»-дурачок ташкил намудани телевизиони тоҷикзабони «Сафо» дар шаҳри Маскав буд. ҲНИ боз ба доми гузоштаи ӯ афтид. Маблағ сарф шуду аз телевизион дараке не. «Иванушка» сараввал ҳисобот дод, ки ин маблағро барои ташкили канали телевизионии интернетӣ гирифтааст, на моҳвораӣ. Ихтилоф чанде давом карду телевизиони интернетӣ ҳам бо орзуи шабакадории ТТЭ ҲНИ ҷавонмарг шуданд. Қаллоби гузаро эзори қаллобони наҳзатиро боз пойин кард.
Дари ин байн, бахт боз ба рӯйи Иван Амон табассуми дилфиребе кард. Умаралӣ Қувватови аз нигоҳи саломатӣ осебпазир ва аз диди иқтисодӣ дилпазирро ба канораш афканд. Дафтари (офис) боҳашаматеро бо пули Умаралӣ киро карду қароргоҳи худашро сохт. Мошини гаронарзишеро бо пули Умаралӣ ва бо номи худаш харидорӣ кард. Дар «Гурӯҳи 24 - дурачок», «Иванушка» таҳти рақами 3 «ҳофизӣ» мекард. Ҳамин, ки фаҳмид маблағҳои Умаралӣ Қувватов тарака шуданд, аввалин шуда «Гурӯҳ»-ро тарк кард ва боқимонда аъзои онро фурӯхт.
Мушу пишакбозиҳояшро дар ин давом бо ҲНИ канда намекард. Хати талоқашро намегирифт. Онҳо ҳам аз ин арӯсаки дасти ба дасташон, бо ҳама хиёнатҳояш, умед доштанд ва доранд.
Агар фаромӯш накарда бошам, соли 2012 баромади Кабириро дар Бунёди Карнегӣ «Иванушка»- Иван Амон ташкил карда буд. Ҳамон баромади таърихиро. Кабирӣ он ҷо буду модараш – кампираки Сочак даргузашт. Барои аз даст нарафтани чанд пайсаи ин фонд, ӯ ба ҷаноза наомаду бо телефони мобилӣ қарзи фарзандиашро адо кард, ҷанозаи модарашро хонд. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки асосан «Иванушка»-Иван Амон бо чанд «ҳамкор»-и русаш монеъи бозгашти Кабирӣ гаштааст, зеро аз Бунёди Карнегӣ маблағи хубу муфте бардошта буданд.
Имрӯзҳо Иван Амон майдони нави қаллобию маблағёбӣ меҷӯяд. Акнун эълон кардааст, ки ҳизб месозад. Доми қаллобиашро боз партофта аз чанд ҷониб моҳӣ гирифтанист. Аз ҳавзи онҳое, ки маросими «был баран стал Иван»-ро барояш гузарониданду шаҳрвандӣ атояш карданд. Аз наҳзатиҳое, ки ваъдаи сохтани зерсохтори нави ҲНИ-ю «ПМТ»-ро гирифтанд… ва албатта аз «пирон»-и хадамоте, ки усули «тақя»-ро дар рагу мағзаш ҷой карданд. Усули фиребгарӣ ва қаллобию дурӯғпардозиро.
Ва дар фарҷом барои маълумот: Қаллоби рақами 5 Дэвид Хемптон ахиран бо ҷурми қаллобӣ дастгир ва муддати панҷ сол ҳукми зиндон гирифта буд. Соли 2003, дар 39 солагӣ, дар паноҳгоҳи бекасон вафот кард.
Тақдири қаллоби рақами 1 - «Иванушка»-Иван Амон чӣ мешуда бошад?
Сиёвуши Ёдгор