Дар толори асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии (МИМҲД) шаҳри Хоруғ маҷлиси машваратии рӯзи назорати назди раиси шаҳр гузаронида шуд.
Дар он муовини якуми раиси шаҳр Зуробек Бурибекзода, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ Соибҷон Имомназаров, муовинони раис Файзулло Қодирзода ва Райҳонбегим Мавлобахшзода, раисони ҷамоатҳои шаҳракҳои Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемур, мудирони шуъбаҳову бахшҳои дастгоҳи раис ва роҳбарони идораю муассисаҳои МИМҲД – и шаҳр иштирок намуданд.
Дар машварат асосан масоили омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 дар Хоруғ, рафти обунашавӣ дар МИМҲД – и шаҳр, омодагии кор дар ҷӯйборҳои Темур, Шошхоруғу Додихудоев, риояи интизоми меҳнат ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар хотима машваратро роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ ҷамъбаст намуда, вобаста ба масъалаҳо ба раисону мудирон ва масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
МИМҲД – и шаҳри Хоруғ