Дар доираи «Моҳвораи ҷавонони Тоҷикистон» дар маркази ВМКБ, шаҳри Хоруғ бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр марафони велосипедронӣ гузаронида шуд.
Дар он зиёда аз 300 нафар ҷавонону наврасон аз пеши майдони Ғалаба то Боғи Парчами майдони Исмоили Сомонӣ ҳаракат намуданд.
Сипас, дар боғи мазкур муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Райҳонбегим ва мудири бахш Имомёрбек Имомёрбеков беҳтарин велосипедронони шаҳрро бо ифтихорномаву мукофоти хотиравӣ сарафроз карданд.
Маркази матбуоти
МИМҲД – и шаҳри Хоруғ