Зери ҳамин унвон имрӯз, 6 – уми май дар толори фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки муовини раиси шаҳри Хоруғ Райҳонбегим Мавлобахшзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Анвар Акрамов ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Имомёрбек Имомёрбеков озмуни шаҳрӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти маҳорату истеъдодҳои нави соҳаи санъат, таҳким бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, пайдо намудани беҳтарин намунаи оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ рӯи кор омада, он дар се давр аз рӯйи номинатсияҳои оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровӣ дар мамлакат доир мешавад.
Тибқи низомнома даври дуюми озмун моҳҳои июн - июл дар маркази вилояти Хатлон ва даври сеюми он то 16 ноябри соли 2019 дар пойтахти мамлакат, шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад ва ғолибон бо ҷоизаву Диплом сарфароз мешаванд.
Маркази матбуоти
МИМҲД – и шаҳри Хоруғ