Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ дар бозори Марказии шаҳр бо соҳибкорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот анҷом дод.
Дар вохурӣ раиси шаҳр диққати ҳозиринро асосан ба масоили тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва дохили бозор, мағозаву дӯконҳо, ошхонаҳои гирду дохили он, системаи қубур ва корезҳо барои партофта дур кардани ифлосиҳо ҷалб намуд.
Зикр гашт, ки тозагии шаҳр дар умум рисолати ҳамаи сокинон ва шахсони воқеӣ буда, дар ин росто набояд касе бетарафиро интихоб кунад. Зеро дар ҳақиқат тозагӣ худ гарави саломатӣ аст ва агар маркази вилоят бо манзараҳои дилгиркунанда дар назари меҳмонон ё сайёҳони хориҷӣ қарор гирад, ин ҳолат дар умум метавонад ба шӯҳрати ВМКБ ва ба шаъни мардуми сарбаланди он латма занад.
Дар интиҳои мулоқот соҳибкорон таъкиду супоришҳои раиси шаҳрро бо самимият пазируфта, ваъда доданд, ки аз ин пас дар покизаву тоза нигоҳ доштани бозори марказӣ дар ҳамбастагӣ бо масъулини мақомоти маҳаллии шаҳр муосидат хоҳанд кард.
Маркази матбуоти
МИМҲД – и шаҳри Хоруғ