Имрӯз, 9 – уми май Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо гузоштани гулчанбар дар назди муҷассамаи Аскари номаълум хотираи қаҳрамонону иштирокдорони роҳи ғалабаро пос доштанд.
Дар чорабинӣ инчунин муовинони раис, роҳбари дастгоҳ ва дигар кормандону масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуданд.
Қайд шуд, ки соли ҷорӣ аз анҷоми набарди хонумонсӯзу фалокатбори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 ва перӯзӣ бар фашизм 74 сол сипарӣ шуд ва Рӯзи Ғалаба нафақат барои собиқадорони ҷангу меҳнат ҳассостарин рӯз буда, балки ба наслҳои имрӯзу фардо низ чун тимсоли олии ватандӯстиву фидокорӣ, сабақи бузурги ҷасорату матонат ва ҷавонмардӣ маҳсуб меёбад.
Дар набардҳои сангини Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 250 ҳазор ҷанговарони тоҷикистонӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг ҳамроҳи рафиқони ҳамяроқи гуногунмиллати худ ба муқобили душман ҷангида, Меҳани маҳбубро бо ҷоннисориҳои бемислу монанд ҳифз карданд.
Феълан қарзи фарзандии ҳар кадоми мо аст, ки қаҳрамонони миллатро азизу гиромӣ дошта, корнамоиҳои беназирашонро барои наслҳои минбаъда ҳамчун намунаи ибрат талқин намоем.
Маркази матбуоти
МИМҲД – и шаҳри Хоруғ