Бо ин унвон 70 нафар волонтёрони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ таҳти роҳбарии мудири бахш Имомёрбек Имомёрбеков дар оромгоҳи Нисоқалъа аксияи тозагиро доир намуданд.
Дар чараёни он ҷавонон оромгоҳҳоро аз ҳар гуна алафҳои худрӯй, ахлоту хасу хошок тоза карда, лавҳа ва панҷараҳои харобшудаи мазори шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании (ҶБВ) солҳои 1941 – 1945 ро барқарору ранг намуданд.
Бояд гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳо иқдоми аввали бахш набуда, минбаъд низ дар доираи имконият дар дигар оромгоҳҳои ҳудуди шаҳр рӯи кор хоҳад омад.