Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ имрӯз, 11 – уми май бо иқдоми Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ зери унвони "Хуррамгардонии Хоруғшаҳр - рисолати сокинон" ҳашари умумишаҳрӣ доир гардид.
Дар он зиёда аз 200 нафар кормандони сохторҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва идораву муассисаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ширкат намуданд.
Иштирокчиёни аҳли ҷамоатчигии шаҳр поку тоза кардани гулгашту майдончаҳо ва ҳудуди Боғи Парчами майдони Исмоили Сомониро ба роҳ монда, инчунин корҳои ободониро дар ҷӯйборҳои асосии шаҳр вусъат доданд.
Дар ин росто ба диққати ҳамаи сокинони шаҳри Хоруғ расонида мешавад, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи оянда, 17 – уми май дар ҷӯйборҳои Темур, Шошхоруғ, Додихудоев об сар дода мешавад ва тоза будани ҳамаи қитъаҳои ба аҳолии шаҳр вобастшуда аз ҳисоби ҷӯйборҳои болозикр ҳатмист.
Маркази матбуоти
МИМҲД – и шаҳри Хоруғ