Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ва муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода бо варзишгарони вилоят, ки чанде қабл дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол зинаҳои ифтихориро соҳиб шуда шарафи вилоятро ҳимоя намуданд, мулоқот карданд.
Зикр гардид, ки бозингарони ҳар ду дастаи яккачини вилоятӣ (мардонаву занона) муҳассилини Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев буда, ба туфайли мураббиёни шоиста тавонистанд, ҷойҳои якуму дуюмро ишғол намоянд.
Солҳои охир ҳамаи варзишгарони вилоят аз тарафи Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ҳамаҷониба ёфта, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳам фаъолона ширкат доранд.
Дар интиҳои вохурӣ ба нуҳ нафар варзишгар шаҳодатномаи Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, дигар ғолибон бо диплом, ифтихорнома ва мукофотпулии раиси шаҳр сарафроз гаштанд.
Маркази матбуоти
МИМҲД – и шаҳри Хоруғ