Сипосгузории Ятимов аз сокинони ВМКБ ва тавсифи ӯ аз вазъияти осуда дар вилоят

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, генерал – полковник Саймумин Ятимов беш аз як ҳафта бо сафари корӣ дар ВМКБ қарор дорад

 

 Ба иттилои котиботи Мақомоти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ятимов аллакай давоми чанд рӯз бо як қатор фаъолону ҷавонон ва сокинони ноҳияиҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоб мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуд.

Манбаъ меафзояд, ки раиси КДАМ Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа ду соли вазъияти амниятии вилоятро муқоиса намуда, изҳор намудааст, ки дар қиёс бо моҳи октябри соли гузашта авзои Бадахшон феълан хеле мӯътадил гаштааст.

Гузашта аз ин генерал Ятимов аз иҷрои бармаҳали даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ВМКБ изҳори хушнудӣ намуда, арзи сипоси раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба мардуми вилоят расонд.

Саймумин Ятимов аз пайвастани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгаро махсус ёдовар шуд ва таъкид намуд, ки баҳри устувории суботи ҷомеа ҳамкории тамоми сохторҳо бо мардум натичаи бисёр хубе ба бор меорад.

Ў ба мардуми Бадахшон барои иқдоми шоистаашон барои саҳми арзанда дар барқарор намудани низому тартибот ва волоияти қонун арзи ташаккур кардааст.

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор