Бо ибтикори раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ барои раисони маҳаллаҳои шаҳр семинар - машварат ташкил карда шуд.
Дар семинар намоядагони Раёсати рушди маҳали назди дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин оид ба масъалаи худидоракунии шаҳраку деҳот, усули кор кардани раисони маҳаллаҳо, таъсис додани сохтор дар маҳаллаҳо ва дигар мавзӯъҳои марбут маълумот доданд.
Қайд гардид, ки ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани маҳорату таҷрибаи масъулини маҳаллаҳои шаҳр ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидоракунии шаҳрак ва деҳот» рӯи кор омадааст.
Маркази матбуоти
МИМҲД – и шаҳри Хоруғ