Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ бо муовини якуми вазири Вазорати корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламашозода аз маҳаллаи «Селхозтехника» то Майдони Исмоили Сомонии шаҳр якҷоя бо 8 000 нафар калонсолону ҷавонон, собиқадорон ва хурдсолону наврасони вилоят давиданд.
Инчунин дар ин чорабинии варзишӣ ва веломарафони шаҳрӣ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Соҳибҷон Имомназаров, муовинони раис, масъулину кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаву бахшҳо ва идораҳои марбути Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр ширкат намуданд.
Ҳамин тавр, шахсони синни аз 18 то 35 - сола аз махаллаи болозикр то Майдони И. Сомонӣ ба масофаи 5 километр, аз 35 то 45 – сола аз пеши купруки табобатхонаи марказӣ то ин майдон - 3 км, шахсони аз 45 то 55 – сола аз Боғи ғалаба то майдони И. Сомонӣ - 2 км ва собиқадорон аз назди идораи телевизони Бадахшон то майдони мазкур ба масофаи 1 километр давиданд.
Дар Боғи парчами майдони И. Сомонӣ ғолибони дав ва веломарафони шаҳрӣ аз тарафи раисони вилояту шаҳр бо ифтихорномаву мукофоти хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар фарҷом аз ҷониби Бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертӣ пешкаш гардид.
Хадамоти матбуоти
МИМҲД – и шаҳри Хоруғ