Бо иштироки бевоситаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Файзов Ёдгор, муовини Вазири Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шодихон Ҷамшед ва раиси шаҳрим Хоруғ муҳтарам Кишвар Шамирӣ бинои Муассисаи давлатии таълимии «колеҷи тиббӣ» мавриди истифода қарор дода шуд.
Баъд аз буридани лентаи рамзии бинои хуштарҳу замонавӣ бевоситаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистрни Бадахшон муҳтарам Файзов Ёдгор баромад намуда тамоми кормандон ва шогирдони Муассисаи давлатии таълимии «Колеҷи тиббӣ»-ро барои ифтитоҳи чунин як бинои замонави ва баландошёна дорои шароитҳои хуби таҳсил самимона табрик гуфта барои якояки онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон бурдбориҳои зиёдеро таманно намуданд.
Муовини Вазири Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шодихон Ҷамшед зикр доштанд ба истифода додани ин боргоҳи илму маърифат рамзи неки буда то ҷашнгирии 30 солагии Истиқлолиятӣ давлати дар вилоят ва шаҳри Хоруғ боз чандин иншоотҳои дигар мавриди истифода қарор хоҳанд дод ва симои шаҳри кулан тағйир хоҳад ёфт. Ва баъдан меҳмонон аз бинои навбунёд дидан намуда бо тамоми шароитҳо ва имкониятҳояшон шинос гардиданд.