Дар маҷлиси имрӯза Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Орумбекзода Шамсиддин, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон муҳтарама Назира Амирбекзода, раиси шаҳри Хоруғ муҳтарам Кишвар Шамирӣ иштирок намуданд.
Инчунин ба маҷлис муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо, бахшҳо, сардорони идораву муассисаҳо, раёсати кумита, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоати шаракҳо, расиони маҳалаҳои шаҳр, директорони мактабҳо ва мудирорни муассисаҳои томакбаии шаҳри Хоруғ даъват карда шудаанд.
Ба муҳокимаи маҷлис масъалаи зерин пешниҳод карда шуд.
«Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Хоруғ дар соли 2019».
Аз руи масъалаи рузнома: «Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Хоруғ дар давоми соли 2019» мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ Қурбоншоев Сафар баромад намуданд.