Кӯмаки хайриявӣ дар соли 2019.

                  Вобаста  ба иҷрои фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз  10.02.2014 таҳти рақами  № 159  «Оид ба расонидани кӯмакҳои моддӣ ба пиронсолон, маъюбон, кӯдакони муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, оилаҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои камбизоат ва оилаҳое, ки дар онҳо аз ду нафар зиёд маъюбон зиндагӣ мекунанд», мувофиқи нақшаи кори  дар  арафаи идибайналмилалии Наврӯз -2019  хатнасури хайриявии 31  нафар кӯдак  аз  оилаҳои камбизоат ва чорҷуфт туйи домодиву арӯсии хайриявӣ гузаронида шуда,  ба  дигар табақаҳои гуногуни ниёзманди аҳолӣ низ  дасти мадад дароз  карда  шуд.

      Дар маҷмӯъ, дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз-2019 аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат, маъюбон, собикадорон ба маблағи 36,000(сиву шаш ҳазор) сомонӣ кумаки молию пулӣ расонидашуд.

      Дар  арафаи Иди Саиди Фитр бошад,  бо  ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ зиёда  аз  31 750  сомонӣ садақаи Фитр дода шуд.

    Дар  ҳамкорӣ бо  шуъбаи  дини  вилоятӣ оиди беҳтар  ба  роҳмондани иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи танзими анъана ва ташну маросим  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар  таърихи  4-уми  моҳи июни  соли  2019  дар  арафаи анҷомёбии моҳи шарифи Рамазон ва Иди Саиди Фитр   бо  сарварони тарабхонаҳои ҳудуди шахри Хоруғ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

     Дар  Иди Қурбон кумакҳои хайриявӣ  аз  тарафи хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, раисони маҳаллаҳои шаҳр, ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва иттиҳодияҳои динӣ  ба  шахсони мӯҳтоҷ  дар  маҷмӯъ  11 850  сомониро таш кил дод.

      Дар  арафаи ҷашнгирии  28-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  ташаббуси мақомоти иҷроияи махаллии ҳокимияти давлатии шаҳриХоруғ  ба  шах сони муҳтоҷ ва камбизоат, қисми ҳарбии сарҳадбонон   ба  маблаци  13 600  сомонӣ дасти мадад дароз  карда  шуд.

         Дар арафаи Соли нави милодӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва бо супориши бевостаи раиси шаҳри Хоруғ  Кишвар Шамирӣ барои зиёда аз 30 нафар собиқадорон ва маъюбон кумаки модди аз намуди  орд, равған, биринҷ расонида шуд ки маблағи  умумии он 15 900 сомониро ташкил дод.     

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор