Баъд аз таъин ва интихоб шудани Шукурбеков Атобек ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ дар толори хурди МИМХД-и шаҳр сӯҳбати вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ бо мудири навтаъиншудаи шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Шукурбеков Атобек Ниятбекович, директорони МТМУ ва мудирони муассисаҳои томактабии шаҳри Хоруғ доир гардид.
Дар рафти мулоқот оиди баланд бардоштани сатҳу сифати таълими хонандагон дар тамоми макотиб ва муассисаҳои томактаби, омӯхтани забонҳо, аз худ намудани техникаи муосир тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯсти ва меҳанпарастӣ аз тарафи вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ба сарварони мактаб ва кӯдакистонҳо супоришҳои ҷиддӣ дода шуданд.
Шамсиддин Орумбекзода қайд карданд, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат чанд нуқта дар соҳаи маориф таъкид карда шуданд ва маорифчиёнро зарур аст, ин нуқтаҳои таъкидкардаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода дар таълиму тарбияи шогирдон саҳми назаррасро гузоранд.
Сарварони муассисахо оиди нарасидани баъзе китобҳои дарсӣ ба вазири фарҳанг ва раиси шахр таклиф пешниҳод карданд, ки дар доираи имконимятҳои мавҷуда барои дастрас намудани китобҳои дарсӣ мусоидат карда шавад.
Дар охир Паёми Пешвои миллат дар шакли китобча ба ҳамаи директорон ва мудирони кӯдакистонҳо тақдим карда шуд.