Дар конференсияи ғайринавбатии якҷояи минтақавии кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии ВМКБ аз шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб ва ҷамоати Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон 117 вакил иштирок доштанд.
Инчунин дар кори конфересияи ғайринавбатии кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Баъди анҷоми маъракаи овоздиҳӣ, комиссияи ҳисобкунии овозҳо аз рӯи бюллетенҳои дар қуттӣ буда, натиҷаи овоздиҳиро бо баррасиии протоколи комиссия ба вакилони конференсия эълон намуд.
Аз рӯи натиҷаи овоздиҳи номзадии Гиёзода Азиз Қодир ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Хоруғ №41 якдилона тарафдорӣ карда шуд.
Баъди табрику таманниёти номзад, раискунанда кори Конференсияи ғайринавбатии якҷояи минтақавиро дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Хоруғ№41 пӯшида эълон карда.