Конфронси ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ.

         Дар конфронсияи  ғайринавбатии Кумитаи  иҷроияи шаҳрии ҲХДТ  аз 23 вакили интихобшуда 20 нафар иштирок карданд. Инчунин дар конфронсия риси   КИ ҲХДТ дар  ВМКБ Ҷонибек  Қозибек иштирок доштанд.

      Дар конфронсия ду масъалаи асоси барраси карда шуданд.  Пешбари намудани  номзадҳои вакилони халқ ба вакили  Маҷлиси  вакилони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ.

     Масъалаи дуюм  шарҳи  мӯҳтавои  асосии Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ.

         Баъд аз барраси намудани номзадҳои вакилони халқ ба вакили  Маҷлиси  вакилони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ Акрамов Анвар мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ оиди мӯҳтавои  асосии Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон , Пешвои миллат, ки дар таърихи 26.12.2019 ба Маҷлиси  Олӣ ироа гардид баромад намуданд.

  Санаи 21.12.2019 дар бинои муҳташами  Кохи Сомони пойтахт Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон , Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба мақоми қонунгузори мамлакат-  Маҷлиси  Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати  дохилӣ ва хориҷии мамлакат ва вазифаву ҳадафҳои  нави созанда барои  солҳои минбаъда ироа гардида буд.

Натиҷаҳои бадастомадаи кишварамон дар самти рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ки аз ҷониби  Роҳбари  давлат ироа гардиданд, собит намуданд, ки соли гузашт дар таърихи давлатдорию давлатсозии навини халқамон  ба сифати боз як  соли бобарор  сабт мегардад.

     Оиди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ қайд гардид, ки суръати афзоиши воқеаъи маҷмӯи маъсулоти дохилӣ  7,5 фоизро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда  аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз. Гардиши савдо 8 ва хизматрасониҳои  пулакӣ 1,6 фоиз таъмин гардид.

Инчунин дар ҳафт соли охир  ҳаҷми умумии даромади буҷҷети мамлакат қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллард сомони соли 2013 дар соли 2019  ба 23 миллард сомонӣ баробар шуд.

           Қобили хотирнишон сохтан аст, ки имрӯз алакай Тоҷикистон пешрафту тарақиёти худро тариқи  Стратегия ба роҳ монда баҳри тарақиёти ҳар як соҳа Барнома ва Консепсияҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул мегарданд.

           Бояд қайд намуд, ки пешрафти минбаъдаи иқтисодии мамлакат аз амалшавии чор ҳадафи  стратегӣ яъне ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва сарфи самараноки нерӯи сабз, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, таъмини амнияти  озуқаворӣ ва ғизои хушсифат, инчунин ҷори намудани саноатикунонии босуръати кишвар  вобастагии амиқ дорад.

           Дар самти баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ бо бунёди роҳу пулҳо, кушода шудани хатсайрҳои нав байни  фурудгоҳи шаҳри  Душанбе бо кишварҳои ҷаҳон, бунёди нақбҳо ва баровардани роҳи оҳан  кишвари мо алакай ба кишвари транзитӣ табдил ёфта, бо кушода шудани роҳи автомобилии сарҳадӣ  ба кишвари Узбекистон,  кушодани роҳи абрешим  бо Ҷумҳурии халқии Чин ва бунёду барқарорсозии пулҳо бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тиҷорату савдо, содироти молу маҳсулот ва гардиши маҳсулоти ватанӣ дар минтиқа вусъати ҳамаҷонибаи худро пайдо намуд, ки ин омил ба амалӣ ва татбиқи «Сиёсати дарҳои боз», ки аз ҷониби кишвари мо эълон гардидааст, такон бахшад. Таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди  Қалъаи –Хумб- Ванҷ, ки минтиқаи куҳсор ва душворгузар мебошад,имсол оғоз мегардад, ки барои таъмири он 220 миллиард доллар ҷудо гардидааст .

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор