Лавҳаи хотирмонӣ Қудрати Шуғнонӣ шоири Шуғнонзамин

 

        Яке аз шоирони халқӣ ва соҳибистеъдоди Шуғнон ин Қудрати Шуғнонӣ мебошад. Қудрат соли 1824 дар хонаводаи фарди камбағал  дар Хоруғи Боло  чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хонаводаи  Қудрат асосан  ба корҳои деҳқони машғул будастанд. Қудрати Шуғнонӣ бо вуҷуди дарк ва истеъдоди  худододи шоирӣ ва сухандон буданаш,  аз хату савод бебаҳра будааст ва ба эҳтимоли  зиёд падараш чун марди фақир ва бесавод имконият надоштааст, ки писарашро  саводнок намояд.

         Танҳо мактабе,  ки Қудрат аз он гузаштааст, эҷодиёти шифоҳии мардум будааст.

         Дар бораи тарҷумаи ҳоли шоир сарчашмаи хаттие дар даст нест ва танҳо дар асоси он чизе, ки аз баъзе маъхазҳо ва сарчашмаҳо дастрас кардем, ки шоир зиндагии осоишта ва ширине надошта, як ҳаёти  пурмоҷаро ва фоҷиабароре пушти сар кардааст. Шоир бо 9 писар ва се духтар зиндагии фақирона  ва бенавонёна дошта, ба иловаи ин бадбахтиҳо  боз баъд аз забт шудани  Шуғнон аз ҷониби авғонҳо, зодгоҳи хешро тарк карда, ҳамроҳи хонаводаи худ ба тарафи Дарвозу Қаротегин фирор мекунад. Фоҷиаи ғамнгези дигаре, ки дар ин оворагардиҳо ба сари Қудрати Шуғнонӣ омадааст, марги нобаҳангоми фарзандон 8 писару як духтар мебошад, ки шоир аз ин сахт андӯгин мешавад.

         Баъд аз ҳафт соли саргардониҳо шоир боз роҳи зодгоҳашро пеш мегирад ва ба Хоруғ бармегардад ва чун пешина зиндагии фақиронаеро ба сар мебарад. Соли 1914 марг ба зиндагии пурмашаққат ва пурмоҷарои шоир  поён медиҳад ва дар синни 90-солагӣ вафот мекунад.

         Дар боло қайд намудем , ки падари шоир аз надоштани хатту савод ва шароит натавонист писарашро соҳибмаълумот гардонад ва худи шоир дар ин бора чунин баён намудаст,

                              Қудрат алам надорад,

                              Дасти қалам надорад,

                              Бо Шоҳабдулову Ҷаъфар ,

                              Лофи сухан надорад.

Аммо чун истеъдоди худододӣ ва меҳру муҳаббат нисбати адабиёти Қудрат собит намуд, ки шоир аз худ меъроси гаронбаҳое мондаст.

Қудрат шоири хеле пурмаҳсул  аст ва ашъори ӯ дар миёни мардумони Бадахшон аз даҳон ба даҳон гашта дар маросимҳои гуногун аз тарафи  ҳунармандон ва  ва ҳофизон иҷро мегарданд. Тилло Пулодӣ  дар китоби  «Шоирони халқии Бадахшон» ба нақл аз  Нодир Шанбезода менависад, ки бештар аз ҳазор шеъри  Қудрат  дар миёни мардум паҳн гардида,  баҳри бекарони фолклорро  боз ҳам ғанитар гардонданд.

Шоир дар ашъори худ ба мавзӯъҳои гуногун дахл кардааст, аммо бештари ашъори ӯ, ки дар миёни мардум паҳн гардидаанд ва дар баъзе ҷойҳо  сабт гардидаву навишта шудаанд, мазмуни ишқӣ-лирикӣ доранд.

Инчунин, шоир дар ҳаҷвсароӣ  ва танзгӯӣ низ истеъдоди нотакрор доштааст. Ашъори ҳаҷвии ӯ, ки одатан дар бораи ин ё он фарди  мушаххас суруда шудааст, хеле сода ва бо зарофатгӯии хос гуфта шудаанд.

Умуман, Қудрати Шуғнонӣ дар навиштани рубоӣ, ки яке аз маъмултарин шакли шеърӣ дар миёни мардуми Шуғнон аз замонҳои  пеш ба ҳисоб меравад, низ маҳорати хоса дошта, аксари рубоиёти  шоир хеле соддаву равон ва наздик ба эҳсосу  шинохти мардум ҳастанд. Рубоиёти шоир низ мавзӯъҳои  гуногунро  дар бар гирифта, ишқ, танз ва дарду ранҷ  дар маркази рубоиёти шоир  ҷой доранд.

Ба ҳамин тариқ, Қудратро метавон аз пурмаҳсултарин шоирони  халқии Шуғнон номида, ки ашъори ӯ дар миёни мардуми ин сарзамин аз ҷойгоҳи махсусе бархӯрдор мебошанд ва номи ӯро  ба таври абад  дар миёни  мардум ва хосатан дар миёни аҳли ҳунар,  адаб ва фарҳанг сабт кардааст.  

Бояд қайд намуд, ки дар шаҳри Хоруғ дар баробари дигар ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ,  лавҳаи ёдгории шоири Шуғнонӣ Қудрати Шуғнонӣ низ шомили  ҷойҳои таърихи гардидааст.

Ин лавҳаи хотиравӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар назди НОБ-и шаҳри Хоруғ    гузошта шудааст, ва айни ҳол барои мардум як ҷои таърихӣ ба ҳисоб меравад.  

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор