Вохӯри бо сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ

            Гурӯҳи кории МИМҲД –и шаҳру вилоят вобаста ба  фаҳмондадиҳии нуқтаҳои асосии Паёми  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-декабри соли 2019 дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ.

          23-феврал гурӯҳи кори бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Райҳонбегим., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва роҳбита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Акрамов Анвар, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ Донаёрова Сабоҳат ва Карамова Ибодат  Ходими Институти  илмҳои гуманитарӣ оиди нуқтаҳои Паёми  Пешвои миллат бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Ш. Шоҳтемур суҳбат ороста ва доир ба нуқтаҳои асосиие, ки дар Паёми навбати аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат садо доданд, диқати зарури дода ҳозирин ва тамоми сокинони шаҳри Хоруғро дар ҳамал татбиқ намудани нуқтаҳои калидӣ даъват намуданд.

      Ҳар як Паёми Роҳбари давлат ҳамчун роҳнамоест, ба сӯйи неки ояндаи мамлакат. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат бисёр таъкидҳо оиди соҳаи маориф ва дигар соҳахо равона гардиданд, ки ин барои беҳбудии якояки мо сокинони Тоҷикистон  ва барои баланд бардоштани сатҳу сифатӣ зиндагии хеш мусоидат менамояд зикр доштанд муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Райҳонбегим.

         Ифтихори мо сокинони Вилоят ва шаҳр аст, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат қайд гардид, ки таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди  Қалъаи –Хумб- Ванҷ, ки минтиқаи куҳсор ва душворгузар мебошад,имсол оғоз мегардад, ки барои таъмири он 220 миллиард доллар ҷудо гардидааст .  Бовари дорем, баъд аз таъмири ин шоҳроҳ  сокинони  шаҳру вилоят метавонанд дар мудати хеле кутоҳ  ва бе ҳеҷ мушкили ба  пойтахти азизамон шаҳри Душанбе раванд.

     Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва роҳбита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Акрамов Анвар диққати ҳозиринро бар он равона сохтанд, ки дар Паёми имсола зикр карда шуд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз  ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо  пешбинӣ гардиданд.

      Баъд аз эълон шудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст. Моро зарур аст, бояд дар ободонии шаҳри Хоруғ саҳми босазои хешро гузаронем ва то таҷлили 30 –солагии истиқлолияти давлатӣ ба чандин дастовардҳо ноил гардем.

     Чунин суҳбату вохӯриҳо дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ баргузор мегарданд.

 

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор