Дар машварати имрӯза муовини раис, роҳбари дастгоҳ, раисони Ҷамоатҳои шаҳракҳои И.Сомонӣ ва Ш. Шоҳтемур, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони идораву муассисаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иштирок доштанд.
Масъалаҳои зерин дар машварати рӯзи назорати гузошта шудаанд.
Аз рӯйи масъалаи якум омодагӣ ба даватӣ баҳории соли 2020 аз ҳисоби шаҳрвандони соли тавалуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ Комиссариати комиссари ҳарбии шаҳри Хоруғ баромад карданд. Итилло дода шуд, ки то имруз зиёда аз 62 нафар рӯйхати даъватшудагон аз тарафи ҷамоати шаҳракҳо пешниҳод гардид. Мо кушиш менамоем , ки даъвати баҳорирор низ дар мудати кутоҳ пурра намоем.
Баъд аз ин ахбороти мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгшоҳи раиси шаҳри Хоруғ, Хисоботи мудири филиали №67 Бонки давлатии Амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барраси гардид.