Гурӯҳи кории МИМҲД-и шаҳру вилоят вобаста ба фаҳмондадиҳии нуқтаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-декабри соли 2019 дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ.
Гурӯҳи кори бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Райҳонбегим., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва роҳбита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Акрамов Анвар, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ Имомёрбеков Имомёрбек сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдак Гулбекова Г., оиди нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат дар толори Ҷамоати шаҳраки исмоилӣ Сомонӣ бо сокинони маҳаллаи Тирчид ва Гулобод низ суҳбат ороста, доир ба нуқтаҳои асосиие, ки дар Паёми навбати аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат зикр гардидаанд, сӯҳбату вохӯри намудаанд.
Муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Р., зимни баромад қайд кардаанд, Пешвои миллат дар Паёми имсола боз ба соҳаи маориф диққати авалиндараҷа дода барои пешбурди ин соҳа тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Озмунҳое, ки дар соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, аз чумла озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғӣ субҳи доноӣ» барои баланд намудани сатҳи донишу малакаи хонандагони мо мусоидат менамояд ва дар Паёми имсола Рохбари давлат супориш додаанд, ки ин озмун ҳамасола дар ҷумҳури баргузор карда шавад. Соҳаи занон ва тандурусти низ ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат қарор доранд. Маҳз, дастгирӣ ва ҳидоятҳои оқилонаи Пешвои миллат буд, имрӯзҳо занони тоҷик дар вазифаҳои баланди давлатӣ кору фаъолият доранд. Инчунин доир ба маъракаи муҳими сиёсии дар пеш истода яъне интихоботи вакилони халқ муовини раиси шаҳри Хоруғ аз ҳозирин хоҳиш намудаанд, ки шахси арзандаро интихоб намуда овоз диҳанд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва роҳбита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Акрамов А. дар бораи чор ҳадафи стратегӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда мақсад ва мароми ҳар як ҳадафи стратегиро шарҳ дода иброз намуданд, инҳо барои кам кардани сатҳи камбизоати ва сифати пасти зиндагӣ мусоидат менамоянд ва барои мисол иқтибосе аз Паём овард.
Саноаткунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани иқтидои содироти мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.