Таҷлили рӯзи Сада дар шаҳри Хоруғ

       Имрӯз бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Файзов Ёдгор ва раиси шаҳри Хоруғ муҳтарам Кишвар Шамирӣ иди Сада дар майдони И.Сомонӣ ҷашн гирифта шуд.

      Иди Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Иди Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, яъне 30-юми январ ҷашн гирифта мешуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти бадастомада, иди Сада аз нав эҳё гардид ва минбаъд ҳамасола онро дар ҷумҳурӣ санаи 30-юми январ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Мувофиқи маъхазҳои таърихӣ, иди Сада таърихи аз 3 то 5 ҳазорсоларо доро мебошад.  Дар бораи ҷашни Сада ривояту афсонаҳо хеле зиёданд. Бархе гуфтанд, ки миёни Сада ва Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз аст, ки ҳамагӣ сад мешавад. Дигаре гуфтанд, ки дар шаби Сада офариниши сад тан мардум аз насли Машию Машиёна тамом шуда буд.

 Калимаи Сада аз забони мардуми ориёӣ гирифта шуда, оташро ифода менамояд. Аммо аксарият бар он қоиланд,ки  дар таърих аввалин подшоҳе, ки иди Садаро ҷашн гирифтааст, Ҳушанг мебошад.

                        Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,

                     Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии мардуми ориёинажод  буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур , оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд.

         Калимаи  «Сада» дар китоби «Авесто» ҳам ба маънои тулӯъ кардан ва ҳам ба маънои ғуруб кардан омадааст . Тавре донишманди эронӣ Ризо Муродии Ғиёсободӣ навиштааст:  «Ҷашни Сада ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ як аз ақвом ё адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст».

Ҳарчанд таърих борҳо бар сари мардумамон селоби балоҳо рехта, бисёр расму оинҳои моро ба нестӣ бурдааст, вале ҷашнҳои хуҷастаи ниёгонамон алорағми ин ҳама ҷафокориҳо боз ҳам мисоли мурғи Самандар аз оташи сӯзони зулми аҷнабиён рақсон бадар омад.

Бори дигар қайд кардан лозим аст, ки ин ҷашни бостонии тоҷикон мероси муқаддаси ниёгонамон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо карда, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анъана даромад ва ҳамасола бошукуҳтару пуртантана таҷлил мешавад.

                            Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,

                            Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.

                            Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,

                            Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз!

 

 

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор