Хоруғ шаҳрест дар ҷануби ғарбии Помир, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар соҳили рӯди Ғунд ва резишгоҳи он ба рӯди Панҷ дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Хоруғ ба воситаи роҳи калони автомобилгард бо шаҳри Душанбе ба воситаи ағбаи Сағридашт (527км), ба воситаи ағбаи Оқ байтал бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва бо ағбаи Кулма бо Ҷумҳурии халқии Хитой алоқаманд аст.
Хоруғ то пирӯзии Инқилоби октябр деҳае буд, ки дар он 10-12 хонавода зиндагонӣ дошта, шуғли асосии онҳо кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ буд. Соли 1909 аввалин пули пиёдагард аз болои рӯди ғунд сохта шуд, ки ду тарафи Хоруғро бо ҳамдигар пайваст намуд. Солҳои 1910-1911 сохтмони роҳи аробагард аз деҳотҳои дигар то деҳаи Хоруғ анҷом дода шуд. Бо сарварии сардори отряди Помир Г.А.Шпилко соли 1914 нерӯгоҳи хурди барқӣ ва осиёб сохта шуданд, ки аҳолии маҳаллӣ низ аз онҳо истифода намуданд. Бо супориши марзбонон соли 1916 дар Хоруғ корхонаи хурди ҳунармандии коркарди пӯст,оҳангарӣ, чӯбтарошӣ ва пойафзолдӯзӣ, ба истифода дода шуда, ки дар он сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. То ибтидои асри 20 дар Хоруғ мактабу бемористон вуҷуд надошт. Соли 1909 дар назди дидбонгоҳи сарҳадии Хоруғ нахустин мактаби русӣ-маҳаллӣ кушода шуда, соли 1917 шумораи хонандагони он ба 40 нафар расид.
Густаришу ободонии ҳаматарафаи шаҳри Хоруғ ҳамчун маркази вилоят аз охири солҳои сиюми асри 20 оғоз гардид. Бо Қарори қумитаи Иҷроияи Иттиҳоди Шӯравӣ аз 2-январи соли 1925 вилояти маъмурии Помир ҳамчун Вилояти Автаномии Бадахшони Кӯҳӣ дар таркиби Тоҷикистон таъсис ёфта, Хоруғ маркази маъмурии он эълон гардид. Аз ҳамин сол тараққиёти маъмурӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании Хоруғ ҳамчун маркази Вилояти Автономи Бадахшони Кӯҳӣ оғоз ёфта, Хоруғ ҳамчун шаҳр аз 27- октябри соли 1932 расман эълон гардид.
Аз соли 1932 Хоруғ ба марказ ва ноҳияҳои дигари вилоят алоқаи автомобилиро барқарор намуд. Соли 1929 дар Хоруғ хатсайри ҳавоӣ барқарор гардида, моҳи августи соли 1932 аввалин тайёра ба фурудгоҳи шаҳри Хоруғ фуруд омад.
Соли 1934 алоқачиён хати телеграфии Душанбе-Хоруғро пурра ба истифода дода, бо ҳамин шаҳрро аз тариқи хати телеграфӣ бо маркази Тоҷикистон пайваст намуданд.
Марҳилаи инкишофу пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқӣ шаҳри Хоруғ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, оғоз гардида симои меъмории он кулан тағйир ёфт.
Маҳз бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иқтисодиву иҷтимоии Хоруғ бакарат беҳтар гардид. Бо таъмиру азнавсозӣ гардидани роҳи байналмиллалии «Абрешим» (Душанбе- Дарвоз – Хоруғ-Кулма) тиҷорат ва соҳибкории хурду миёна рушди ҳамаҷонибаи худро пайдо намуда, шаҳри Хоруғ аз бунбасти ҷуғрофӣ раҳоӣ ёфт.
Инчунин бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Оғохон нерӯгоҳи обии калонтарини вилоят «Хоруғ» ва «Помир 1» азнавсозӣ гардида, шаҳри Хоруғ ба истиқлолияти энергитикӣ комилан ноил гардид.
Солҳои охир дар шаҳри Хоруғ иншоотҳои замонавӣ аз қабили Маркази ҷавонон, Мактаби Президентӣ, ду бинои хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Чойхонаи миллӣ, ду бинои маъмури барои шаҳракҳои навтаъсиси Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемур, шуъбаи Вазорати корҳои дохили дар шаҳри Хоруғ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ. Ҷамоатхона, маркази тибби Оғохон, се бинои истиқоматии нуҳ ошиёна коллеҷи тиббӣ ва дигар иншоотҳои ҳаётан муҳим ба истифода дода шудаанд.