04.02.2020 муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Р. бо бонувоне, ки дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ кору фаъолият доранд, доир ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат суҳбат ороста, қайд намуданд, ки мо занони тоҷик аз он ифтихор дорем, ки давлат ва ҳукумат барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда истодааст. Ба фаъолияти занону духтарон ва нақши онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баҳои мусбӣ дода мешавад.
Муовини раиси шаҳр зикр кард, ки ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ин рӯ моро зарур аст, ки сазовори боварии Сарвари давлат гардида, минбаъд низ дар ободони ва гулгулшукуфоии диёрамон саҳм гузор бошем.
Инчунин доир ба таҷлил ва дар сатҳи баланд баргузор намудани 23 –феврал, Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбату вохӯриҳо бо раисони маҳаллаҳо ва бонувон мувофиқи нақша чорабиниҳо тақозо намуд.